Барномаи буду боши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Душанбе аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.
Масъалаҳои кунунии таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ба ҷанбаҳои амалии татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ, пеш аз ҳама, пешбурди лоиҳаҳои кооператсия дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва тавсеаи барномаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ин робита фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо доир ба масъалаҳое, ки ба рӯзномаи Вохӯрии навбатии машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нишасти Фонди байналмилалии наҷоти Арал ворид шудаанд, табодули афкор намуданд.
Ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои минтақавӣ низ баррасӣ шуданд.