Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Чин меравад

Бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17-18 октябр бо сафари корӣ ба шаҳри Пекин сафар карда, дар чорабиниҳои Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок мекунад.

Ба рӯзномаи ҳамоиши ҷашнӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими ҳамбастагии нақлиёт ва коммуникатсия, пешбурди барномаҳои рушди "сабз", рақамикунонӣ ва ғайра дохил шудаанд. Натиҷаҳои асосии шарикии бисёрҷониба дар 10 соли охир ҷамъбаст гардида, вазифаҳои нави ҳамкорӣ барои оянда муайян карда мешаванд.

Интизор меравад, ки сарвари давлати мо дар ҷаласаи умумии форум суханронии асосӣ намуда, нуқтаи назари худро оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳҳо» баён мекунад.

Дар барномаи будубош инчунин гуфтушунид бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ва раиси Шӯрои халқии сиёсии машваратии Чин Ван Ҳунин ва дигар мулоқотҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: