ХИДМАТЧИИ ҲАРБӢ ОДАМОНРО АЗ СӮХТОР НАҶОТ ДОД

... Он рӯз сокинони мавзеи Қиргулӣ айнан қаҳрамонеро диданд, ки ҷони ду инсонро аз балои оташ наҷот дод.

... Он рӯз сокинони мавзеи Қиргулӣ айнан қаҳрамонеро диданд, ки ҷони ду инсонро аз балои оташ наҷот дод. Вай чун қаҳрамонҳои Голливуд намуди афсонавӣ надорад, либосҳояш низ муқаррарӣ. Баръакс ӯ инсони оддист, ки қалбаш пок буда, ба ғаму ташвишҳои мардум шарик аст, одамгариаш баланд. Ҳамин гуна хислатҳо Фарҳодҷонро боз як бори дигар ба роҳи дуруст ҳидоят сохт. Амри қалб аз паси машаққатҳо ӯро ба ҳаловати рӯҳ расонд.
Сержанти хурд Фарҳодҷон Набиҷонов дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Фарғонаи Фармондеҳии  қӯшунҳои посбонии объектҳои тоифавии Вазорати дифоъ хидмат менамояд. Ҳафт сол инҷониб вай дар яке аз биноҳои бисёрошёна воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Табассум»-и  мавзеи Қиргулии шаҳри Фарғона бо оилааш иҷоранишин аст. Аз воқеае, ки рӯй дод андак аввал ӯ аз сафари хидматӣ ба хонааш баргашта буд.
Фарҳодҷон либосашро иваз карда  бо духтарчаи хурдиаш ба бозӣ шурӯъ кард, аз кӯча садо баланд шуд. Аз тиреза нигоҳ кард ва дид, ки дар бинои 17-ум сӯхтор сар задааст. Одамон саросема буданд.
Вай бо шитоб ҷониби ҳодиса роҳ пеш гирифт.
Маълум шуд, ки хонадони 24-уми бинои зикршуда дар коми оташ мондааст. Гурӯҳи наҷотбахши шуъбаи амнияти сӯхтори шаҳри Фарғона низ дар ҷои ҳодиса вазъиятро месанҷид. То гурӯҳ сими таъминоти барқро бурид ва ба хомӯш кардани  сӯхтор шурӯъ сохт, Фарҳодҷон ба воридгоҳи пурдуд зада даромад, дари манзилро, ки оташ гирифта буд, вайрон сохта, ба дарун ворид гашт. 
Дар даруни хона соҳиби хонадон, ки 50-55 сол дошт, беҳуш мехобид. Фарҳодҷон ӯро бардошт, ба берун – ҷои бехавф гирифта бурд.
Ин асно аз ошёнаи панҷуми ин бино гиряи духтарча шунида шуд. Ба ҳамсояҳо, ки бо тарсу изтироб воқеаро назорат мекарданд, зане низ ҳамроҳ гашт, ки дар ошёнаи панҷум мезист. Вай духтарчаи ҳафтсолаашро танҳо гузошта, ба дорухона баромада будааст. 
Овози духтарчаашро шунида вай аз дигарон бо илтиҷо кӯмак пурсид. Худаш даромада наметавонад, зеро дуди заҳрнок воридгоҳро пур кардааст. То ошёнаи панҷум мебарояд, аллакай дер шуданаш мумкин. Фарҳодҷон фикр карда нанишаста, аз он зан калидро гирифт ва бори  дуюм худро ба коми оташ зад. Ин асно шиддати оташ ба хонадонҳои ҳамсоя низ хавф меандохт, то ошёнаи панҷум баромадан машаққатнок буд. Дере нагузашта Фарҳодҷон духтарчаи дир-дир ларзидаистодаро бардошта поён фуромад ва ба модараш супурд.
Баъд ба гурӯҳи наҷотбахш дар бартарафсозии оташ ёрӣ расонд. Ҳамин тавр, душмани безабонро маҳв сохта, қаҳрамони мо ҳаёти ду инсонро наҷот дод. 
Барои ҷасорати сержанти хурд Фарҳодҷон Набиҷонов аҳли маҳалла, гурӯҳи  оташнишонҳо миннатдорӣ баён намуданд. Вай дар муҳофизати ҳамватанони худ ватанпарварии воқеӣ нишон дод.
Писарони диловаре, ки дар сафҳои артиши мо хидмат менамоянд, ҳақиқатан ҳам нафақат маҳорати касбӣ, балки фазилатҳои инсонӣ нишон медиҳанд. Артиш, ҳамин тавр, бо тарбияи ҷавонон дар рӯҳи хислатҳои нек, афзудани эҳсоси дахлдории онҳо ба ҳаёти ҳамватанон аҳамиятнок аст.
Дар ниҳояи сухан ба як ҷиҳат эътиборатонро ҷалб намуданием. Ҳамаамон дида истодаем, ки солҳои охир дар бартарафсозии мушкилоти ба сари халқи мо афтода артиши миллиамон чи тавр саҳм мегузорад. Ҳарбиёнамон, ки Ӯзбекистони азизро чун гавҳари чашм муҳофизат менамоянд, баҳри якпорагии он ҷони худро фидо месозанд, дар ҳар ҷабҳа фаъоланд. Фақат онҳо хеле хоксор. Дар бораи қаҳрамониҳои худ, хидматҳояшон дар роҳи наҷот додани ҳаёти одамон бисёр сухан намеронанд.

И. ҚӮЧҚОРОВ.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: