Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба шаҳри Бишкек омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" Сарвари давлатамонро Раиси Девони Вазирон – роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Жапаров ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Аз рӯзномаи ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳо масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ, аз ҷумла татбиқи барномаю лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, инноватсия, рақамикунонӣ, нақлиёт, маориф, маданият ва дигар соҳаҳо ҷой гирифтаанд.