«ОЛТИН ҚАЛАМ» – ИМКОНИЯТИ ВАСЕЪ БАРОИ ҶУСТУҶӮҲОИ ЭҶОДӢ

Ҳар кадом корманди эҷодӣ фаъолияти худро таҳлил мекунад, саъй менамояд, ки онро мувофиқи равандҳои воқеият ва адолат бисанҷад.

Ҳар кадом корманди эҷодӣ фаъолияти худро таҳлил мекунад, саъй менамояд, ки онро мувофиқи равандҳои воқеият ва адолат бисанҷад. Ба ин маънӣ Озмуни байналхалқӣ барои Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») бо он аҳамиятнок мебошад, ки даъват мекунад бори дигар ба эҷодиёти худ назар дӯзем, онро ҷамъбаст кунем, ҳамчунин он барои ҷустуҷӯҳои нави эҷодӣ рӯҳбаланд менамояд.
Муовини раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Х.Салимов таъкид кард, ки ислоҳоти васеъмиқёси дар кишварамон татбиқшудаистода, тағйироти васеъмиқёс дар журналистикаи миллӣ низ равшан инъикос меёбанд.
Ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки бо ташаббуси роҳбари давлати мо қабул мешаванд, дар соҳаи ахбори оммавӣ имкониятҳои васеъро боз мекунанд. Солҳои охир баҳри рушди ҷабҳаи матбуоти миллӣ низ корҳои зиёде иҷро шуданд. Ташаббусҳои неке, ки ба рушди журналистика нигаронида шудаанд, фаъолона ба ҳаёт татбиқ мегарданд. Озодии сухан ва матбуот дар расонаҳои ахбори оммавии чопӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, нашрияҳои интернетӣ, дар тамоми соҳаҳои матбуот равшан падидор мегарданд.
Ҳоли ҳозир эҳсоси масъулиятшиносӣ рӯзмарра мегардад. Мувофиқи қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои минбаъда бобати таъмин сохтани мустақилии расонаҳои ахбори оммавӣ ва рушди фаъолияти хидматҳои матбуотии мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ» низоми нави соҳаи матбуот ташаккул ёфт.
Фаъолияти хидматҳои матбуотӣ дар ҳайати тамоми вазорат, идора ва сохторҳо беш аз пеш мукаммал гардид. Ба мақсади ба онҳо пешниҳод намудани ахбори муътамад дар бораи ҷараёнҳои ҷамъиятӣ мунтазам конфронсҳои матбуотӣ, брифинг ва саёҳатҳои иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Ба мушкилоти ҷомеа муносибатҳои таъҷилӣ ифода меёбанд.
Солҳои охир дар кишвари мо беш аз 290 нашрия-интернетҳои хусусиву идоравӣ бо аудиторияи азим ташкил гардиданд. Онҳо баробари иттилооти дахлдор маълумотҳои муҳимтарини расмӣ, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиро ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ интишор мекунанд. Аз ҳама муҳимаш, расонаҳои ахбори оммавӣ ҳоло дар бораи мушкилот ва камбудиҳое, ки дар маҳалҳо вуҷуд доранд, ошкоро ҳарф мезананд. Сохторҳои матбуотӣ барои самарабахш ҳаллу фасл кардани чунин мушкилоту норасоиҳо саҳми фаъол ва сазовор мегузоранд.
Алҳол дар кишвари мо зиёда аз 1,8 ҳазор расонаҳои ахбори оммавӣ амал мекунанд, ки беш аз 60 фоизи онҳоро сохторҳои матбуотии ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд. Миқдори веб-сайтҳои дарамал, ки дар шабакаҳои Интернет ба сифати расонаҳои ахбори оммавӣ ба қайд гирифта шудаанд, 630 ададро ташкил медиҳад.
Озмуни байналхалқӣ барои Ҷоизаи XV-и миллии «Олтин қалам», ки аз ҷониби Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон якҷо бо Маркази тайёркунии журналистон гузаронида мешавад, ба рушди минбаъдаи журналистика мусоидат намуда, ба ҷустуҷӯҳои эҷодӣ рӯҳбаланд месозад. Ба озмун барои ҷоизаи «Олтин қалам» тӯли солҳои сипаришуда зиёда аз 7 ҳазор журналистон иштирок ва беш аз 107 ҳазор асари худро, ки аҳамияти иҷтимоӣ доранд, пешниҳод намуданд. Аз онҳо зиёда аз 290 нафар ғолиби озмун гардиданд. Соли 2020-ум бинобар пандемия озмун гузаронида нашуд.
Соли равон бобати дар шакли махсус гузаронидани озмун эътибори махсус дода шуд. Аз ҷумла, ба руйхати ҷоизаҳои асосӣ номгӯйи рағбатноксозӣ ба унвони «Барои маводи беҳтарини журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» дохил гардид. Тағйироти дигар – ин ҷойгиркунии матолиби ба озмун пешниҳодшуда дар шакли электронӣ ба қисмати «Олтин қалам-2021» аст, ки дар веб-сайти иттиҳодияи journalist.uz бо баҳодиҳӣ ба он бинобар низоми 5 холӣ мебошад. Дар ҷараёни мазкур асарҳои иштирокдорон аз ҷониби расонаҳои ахбори оммавӣ, донишгоҳу донишкадаҳое, ки ба тайёр кардани кадрҳои соҳа, хидматҳои матбуотӣ машғуланд, баҳогузорӣ гардид.
Дар озмуни соли равон тақрибан 430 журналист, ки беш аз се ҳазор асари эҷодии худро пешниҳод кардаанд, иштирок намуданд. Ба асарҳо дар пояи маҳакҳои зерин, аз ҷумла масъулияти сухан ва маҳорати ифода, мавқеи шаҳрвандии журналист, муносибати танқидиву таҳлилӣ, дониши баланди соҳавӣ, муносибати нав ба эҷод баҳо дода шуд. Ҳангоми муайян кардани ғолибон ва ҷоизадорон, яъне ҷамъбаст, тавре ки дар Дастур нишон дода шудааст, натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба сайти Иттиҳоди эҷодии журналистон ба инобат гирифта шуданд.
Хароҷоти вобаста ба баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои бунёди ҷамъиятии «Илҳом» бинобар дастгирии кормандони эҷодии Ӯзбекистон пардохта мешавад.
... Дар Қасри «Туркистон» ғолибони озмуни «Олтин қалам-2021» мувофиқи номгӯйҳо эълон карда шуданд. Рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» барои  васеъ равшан кардани равандҳои бозсозӣ, натиҷаҳои ислоҳот, ки дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент амалӣ мешаванд, барои дар рӯзнома чоп кардани маводи сазовори эътибори ҷамъият, матолиби рӯзмарра, танқидӣ ва таҳлилӣ, ҳамчунин Оҷонсии иттилоотии «Дунё» барои саҳмаш дар васеъ равшан кардани моҳият ва аҳамияти сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бинобар баланд бардоштани обрӯйи кишвари мо дар арсаи байналхалқӣ бо Ҷоизаи асосии миллӣ мукофотонида шуданд. Ҷоизаро ба ғолибон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мусоев супурд.
– Ислоҳоте, ки дар кишвари мо татбиқ мегарданд, халқи мо, бахусус намояндагони расонаҳои ахбори оммавиро ба беш аз пеш фаъол ва фидокор шудан даъват менамоянд, – мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» Салим Дониёров. – Сазовори ҷоизаи «Олтин қалам» гардидани ҷомеаи эҷодии мо шаҳодати эътимоди олӣ нисбат ба аҳли қалами рӯзнома аст.
– Ҷараёнҳои навсозиеро, ки дар мамлакат бо ташаббуси Президенти кишвар татбиқ мегарданд, ҷомеаи ҷаҳон мушоҳида менамояд, – мегӯяд директори Оҷонсии иттилоотии «Дунё» Садриддин Суяров. – Ин дигаргуниҳои мусбат бо ҷиҳатҳои башардӯстона ва самти иҷтимоиашон дар миқёси байналхалқӣ торафт сазовори эътибори бештар мегарданд. Муфассал равшан кардани ислоҳот аз намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ масъулияти бузург, оҷилӣ, саъю кӯшиш ва эътиборро ба навгониҳо тақозо менамояд.
Дар чорабинӣ ба ғолибон ва барандагони ҷоизаи озмун ҳайкалчаҳои махсус, диплом ва мукофоти пулӣ дода шуданд. Консерт бо иштироки устодони санъат ва иҷрогарони ҷавон ба чорабинӣ муҳити идона бахшид.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: