ХИДМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ҲУНАРПЕШАИ МАЪРУФ

Зикир Муҳаммадҷонов яке аз ҳунармандони номӣ мебошад, ки қариб 70 сол дар саҳнаи театр ва кино нақшҳои гуногунро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Зикир Муҳаммадҷонов яке аз ҳунармандони номӣ мебошад, ки қариб 70 сол дар саҳнаи театр ва кино нақшҳои гуногунро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.
Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо ҳамкории гурӯҳи эҷодии «Мурувват» бахшида ба 100 солагии Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Зикир Муҳаммадҷонов шаби ёдбуд баргузор гардид.
Дар он киношиносон, ҳамкасбон, шогирдон, донишҷӯён ва фарзандон иштирок карданд.
Яке аз иштирокдорони шаби ёдбуд, Артисти халқии Ӯзбекистон Гулӣ Ҳамроева доир ба хидматҳои беназири Зикир Муҳаммадҷонов дар ташаккулёбии санъати театрӣ ва кинои Ӯзбекистон гуфта гузашт.
З. Муҳаммадҷонов соли 1921 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ дар офаридани нақшҳо таваҷҷӯҳи зиёд дошт, аз ин сабаб, солҳои мактабхонӣ дар маҳфилҳои адабиву мусиқии назди Қасри пионерон фаъол иштирок мекунад. З. Муҳаммадҷонов то рӯзҳои вопасини умраш образҳои гуногун офаридааст. Ӯ дар давоми фаъолияти эҷодӣ зиёда аз 300 нақш, мисли Мирзо Улуғбек, Алишери Навоӣ, Ҳусайн Бойқаро, Амир Темурро офаридааст, ки инро ҳаводорони санъат дар ёд доранд.
Хотиррасон шуд, ки З. Муҳаммадҷонов соҳиби овозе буд, ки танҳо хоси ӯст, дар киноҳое, ки ба забони ӯзбекӣ дубляж шудааст, овози ӯро метавон беиштибоҳ дарк намуд.
Хидматҳои З. Муҳаммадҷонов аз тарафи ҳукумат ба дараҷаи муносиб қадрдонӣ шудааст, ӯ бо орденҳои «Дӯстлик», «Буюк хизматлари учун» мукофотонида шудааст.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: