Дар айвони хонаи мо, ё аз бемасъулиятӣ ё аз бесалоҳиятии сохтмончиён бошад, дар девор сурохии калоне бетаъмир мондааст.
Мехостам ин сурохиро худам бо хишт пур карда, аз нав таъмир кунам. Имрӯзу фардо гуфта кашолакорӣ кардам.
Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор, кабӯтарон аз кашолакории ман «истифода» карда, дар ин сурохӣ лона сохтанд. Дар тӯли як ҳафта кабӯтарон лонаи худро тамом карда, барои зиндагии муқим ба он кӯч бастанд.
Аз он рӯз сар карда, мо кабӯтаронро чун ҳадяи Парвардигор дониста, як узви оилаи худ қабул кардем. Ба назар чунин мерасид, ки кабӯтарон зиндагии моро пурра ва хушбахт гардониданд.
Албатта, барои мо, насли одамӣ, ба олами кабӯтарон ворид шудан ва онро ба пуррагӣ дарк карданро Парвардигор раво надидааст. Одам танҳо хулқу атвори кабӯтаронро дарк мекунаду халос. Аммо фаҳмидани сиришт ва мояи аслии он барои мо асрор аст.
Ба назарам Парвардигор дар сиришти кабӯтарон тухми хору ғам накоридааст ва барои онҳо ҳамагӣ шаш соли умр ато кардааст. Онҳо дар ин умри кӯтоҳи худ, зиндагиро бо меҳру муҳаббат ва дӯстию рафоқат ба сар мебаранд. Бесабаб нест, ки дар фарҳанги тамоми мардуми олам кабӯтар чун рамзи дӯстию осоиштагӣ, сулҳу амонӣ, ҳамзистию якдигарпазирӣ дониста мешавад.
Кабӯтарон аз душманони ашаддитарини худ, чунончи, гурба дар замин хеле ҳам эҳтиёткорона худро ҳифз менамоянд.
Ҳамон меҳру вафодорӣ, ҷонфидоӣ, ҳамбастагии дилҳо, шафқату рафоқате, ки кабӯтарон ба якдигар ифода мекунанд, бо сухан ифода кардан аз имкон берун аст. Дуруст аст, ки онҳо гап задан ба мисли одамон наметавонанд, аммо бе сухан мақсади якдигарро дарк карда, рафтор мекунанд. Онҳо мисли одамон рақс карда наметавонанд, аммо «рақси» онҳо, гардиши хуррамонаашон дар атрофи ҳамдигар саршори меҳру вафодорӣ ва ифодаи пазироии беминнат дар назди якдигар аст. Онҳо ба якдигар хиёнат, бевафоӣ намекунанд.
Маро суруди арманитабори эронӣ Вайген (1929-2003) бо номи «Чӯпон» ба мушоҳида водор месозад. Дар он ҳамбастагии қавии ҳаёти одамон бо ҷонварон хеле ҳам олӣ ифода мешавад. Мо аз олами ҷонварони гирду атрофи худ танҳо гӯшт, шир, тухм, пӯст, пашм ва ғайра талаб мекунем, вале фаромӯш мекунем, ки нисбати онҳо хеле бераҳмона муносибат мекунем. Баъзеи онҳоро рамзи ин ё он бадбахтӣ, бадхоҳӣ ё нооромӣ медонем, аммо фаромӯш мекунем, ки бе онҳо зиндагии мо маънии худро гум мекунад. Бе онҳо зиндагӣ кардан душвор аст. Ин маънои онро надорад, ки пашшае, ки хуни моро бераҳмона мемакад, накушем ва ё меҳрубонӣ кунем. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳар яке аз олами ҷонварон дар зинаи ҳаёти олам, ҷойгаҳи ба худ хосе дорад, ки барои онҳо Парвардигор муайян кардааст. Ё ба қавли Ҷалолиддини Балхӣ:
Ҳар якеро баҳри коре
сохтанд,
Ишқи онро дар дилаш
андохтанд.
Дар илми таърихи башарият, алалхусус, дар илми сотсиология таълимоте бо номи тақлидкунонӣ ривоҷ ёфта буд, ки тибқи он одамон дар ибтидо бисёр фаъолияти амалии худро аз ҷонварон дарёфт кардаанд. Масалан, созу наворо аз булбул, ошиқиро аз парвона, хушрафториро аз кабк, бевафоиро аз қумрӣ, дуздиро аз зоғ, бефаросатиро аз зоғи сиёҳ, ҷасуриро аз уқоб, вафодориро аз кабӯтар ва ғайра. Ё ба қавли шоири маъруфи доғистонӣ Расул Ғамзатов, дар ҳар як инсон хулқу атвори гуногуни ҷонварон нуҳуфта шуда, шакл гирифтааст ва дар ҳолатҳои гуногун ошкор мешавад.
Агар ба мавзӯи кабӯтарон баргардем, онҳо бо шафқату меҳрубонӣ, садоқату вафодорӣ, ки Парвардигор дар сиришти онҳо нуҳуфтааст, лоиқи таҳсину ғамхории ҳаррӯзаи мо, бандагони Худо, бояд бошанд.
Ҳақназар
ҚУРБОНМАМАДОВ,
ш.ТОШКАНД.