ИДИ БАҲОРУ ЗЕБОӢ

Барфҳо об шуда, оҳиста-оҳиста тафти гармии ҳаво ҳам эҳсос мегардад.

 Баъди фасли сармо,  бо омад-омади баҳори нозанин сабзаҳо аз мағзи замин сар кашида, акнун неш мезананд.  Табиат зебо мешавад, ҳастӣ гӯё аз хоби ноз бедор мегардад...

Модар ҳамеша барои мо  азизу мукаррам аст, барои эҳтиром доштани ӯ як умр қарздорем. Қарзи фарзандист, ки то ҳаст пеши пойи модар сари саҷда фуруд оварем.  Мегӯянд, ки биҳишт зери қудуми модарон аст. Ба назар чунин метобад, ки Парвардигори олам ин олиҳаи ҳусну зебоиро бо баҳор гуё тавъам офаридааст. 
Дар мактабҳо бахшида ба Иди баҳор маҳфилҳо пешкаш гардонда шуданд.
– Мактаббачагон ҳоли ҳозир  чорабиниро  мегузаронанд, – гуфт китобдори мактаби рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориш Маликбой Назаров. – Дар мактаби мо шумораи муаллимаҳо кам нестанд. Лайло Сатторова, Дилбармоҳ Қурбонова,  Матлуба Азизова, Рухсора Чақаева, Раҳима Аввалова, Мавҷуда Қаробекова, Ҳилола Наврӯзова, Нодира Ярашева, Бӯригул Мирзоева, Мусаввар Султонова аз ҳамин ҷумлаанд. Онҳо аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд. Бархе аз онҳо солҳост, ки бо меҳнати ҳалоли худ ном баровардаанд ва аз пайи ин пеша нон мехӯранд.
Дар саҳни мактаби рақами 14-уми деҳаи Ӯхм низ хонандагон ҳамроҳи устодони худ ин рӯзро ҷашн гирифтанд. Аз ҷониби хонандагон дар васфи бузургии модар, ҳаёту зиндагӣ шеърҳо қироат карда шуд. Ба  ҳусну ҷамоли муаллимаҳои мактаб Рӯзигул Ҳоҷиева, Гулнора Рӯзиева ва  Мавҷуда Орзуева дастагулҳо боз ҳам ҳусн ҷамъ карда буд.  

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: