АВҶИ КАМОЛОТ

Майли тамошобини имрӯз бештар ба мазҳака аст.

Садамаҳо, тозондани аробача дар долони сиҳатгоҳ, дар як ҳоли вазнин хобравӣ дар кати беморхона, ки дар филмҳо намоиш меёбанд, мумкин аст ба кас нохушӣ бахшанд. Хусусан ба одамони калонсол.
Беҳуда нагуфта будаанд гирёндан не, хандондан ҳунар аст. 
Барои бардоштани кайфияти тамошогар дар саҳнаҳое ҳам, ки драмавианд, коргардонҳо лутф ва юмори нозукро ҷо додаанд. Айни замон филм, спектакл ё намоишҳои телевизионие, ки соф ҳаҷвианд, хеле зиёд. Вале на ҳамаашон мақбул. Механдонам, гуфта баъзан «бетамизӣ» мекунанд актёрҳо.
Дар қисмате аз филмҳо унсурҳои драмаву мазҳака бамаврид омехта шудаанд. Бо тамошои онҳо, ки «кинокомедия»-анд, нафақат механдӣ,боз ба хаёл меравӣ, яъне омехтаи ҳузн аст ваҷду сурури дилат. Бо ҳис кардани ҳақиқати талхи ҳаёт бадард лабханд мезанӣ. Масалан, бо тамошои «Мафтуни туям», «Исёни арӯсон», «Овозаҳо дар маҳалла», «Дуэл дар зери чанор», «Шодиёна» барин картинаҳо, ки истеҳсоли «Ӯзбекфилм» мебошанд.
Силсилафилмҳои коргардони номвари рус Леонид Гайдай, гарчи даҳсолаҳо пеш офарида шудаанд, мисле  ҳануз «оҳар» гум накардаанд. Ё филмҳои коргардон Элдор Рязанов. Даҳҳо бор дидаем. 
Филмҳои хуби миллӣ низ ҳастанд. Масалан, «Баракаашро диҳад» (муаллифи сенария Ғафур Шермуҳаммад).
Ба эҷоди бисёрпаҳлӯи Ғафур Шермуҳаммад аз дер бо чашми мушоҳида менигарам. Дар кадом жанре нанависад, аз асар то асар пеш меравад. Нависандаи дақиқназар, айни замон, яке аз беҳтарин филмноманависҳост. 
Вай зодаи ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё, баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дар рӯзномаҳои «Халқ сӯзи», «Қишлоқ ҳаёти», пасон дар Агентии миллии «Ӯзбеккино» ҳамчун сармуҳаррир, дар Иттиҳоди нависандагон ба сифати ҷонишини раис фаъолият бурд. Ӯ, гарчи ҳоло дар вазифаи бештар масъулиятталаби давлатист, ҳамон ба қаламу коғаз ошност. Бори маъние, ки ҳикояҳои тозааш мекашанд, ишораест ба чӣ тавр масъулии адабиёт дар назди ҷамъият. 
Ғафур муаллифи якчанд маҷмуаҳост. Хусусан, дафтарҳои ӯ «Аспи саман»(д) ва «Дар роҳи Лангартоғ», ки қиссаву ҳикоёташро фаро гирифтаанд, аз ҷониби китобхонҳо хуб истиқбол шуданд.
Вай баробари повесту ҳикоя дар драматургия табъ озмуд ва собит сохт дар таълифи осори саҳнавӣ низ дасти баланд дорад. Песаҳояш «Фарёд дар қаъри чоҳ» ва «Афсонаи Париқишлоқ» дар саҳнаи Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Муқимӣ,  «Чашмонат хол дорад» ном асараш аз ҷониби Театри вилоятии Самарқанд намоиш дода шуданд. 
Намоишҳои бомуваффақият ба вай рӯҳ бахшид ва барои иншои филмномаҳо ҷуръат пайдо кард. Хоссатан солҳое, ки дар «Ӯзбеккино» кор мекард, ба асарҳои кино, фаъолияти киносозҳо ва вазифаҳои муҳиме, ки дар назди ходимони синамо гузошта шудаанд, аз наздик ошно гашт. Баробари ҷиддан хондани сенарияҳо барои кино ва додани тавсияву маслиҳат ба муаллифон худаш ҳам дар канор наистод ва дар давоми чанд сол аз ҷониби «Ӯзбекфилм» дар асоси асарҳое, ки навишт, якчанд асар ба экран бароварда шуд. «Савора», «Аросат», «Ҳамсоягон» (дар ҳаммуаллифӣ бо М. Низанов), «Тӯй дар таъзия», «Зани фиребхӯрда», «Хонаи бахт» (дар ҳаммуаллифӣ бо А. Бектурдиев), «Чоҳ» барин филмҳо, маҳз барои он ки сенарияашон хеле баланд ва шавқангез иншо шудааст, ба тамошобинҳо писанд омаданд ва баҳои арзанда гирифтанд.
Яке аз онҳо филми «Савора», ки ба арзишҳои ба худ хоси мардуми маҳал бахшида шуда, ҷиҳатҳои характерноки мафкураи миллӣ дар он талқин ёфтаанд. Ин филм дар киноҷашнвораи байналхалқӣ доир ба варзиш соли 2009 дар Италия мукофоти асосиро гирифт. Дар киноҷашнвораҳои «Хазонрез»-и Русия ва «Киноазиада»-и Қазоқистон низ ба мукофот сазовор гашт. 
Воқеаҳое, ки Ғафур Шермуҳаммад дар филми «Чоҳ» ба қалам додааст, дар давраи шӯравӣ, дар яке аз саҳроҳои камодам рӯй медиҳад. Қаҳрамони асосӣ Лаллай ном сокини оддии деҳа (М. Абдулхайров), ки умраш бо чоҳканӣ гузаштааст. Вай барои меҳнаташ аз одамон чизе талаб намекунад. Мазмуни ҳаёташ ба мардум некие кардану бас. Ҳар қадар ба халқ сидқидилона хидмат кунад, вай ҳамон қадар хурсанд. Як даҳон раҳмат шунавад, гӯё орден гирифтааст.
Лаллай дар ҷараёни чоҳкобӣ бо одамҳои гуногунхислат ҳамсуҳбат шуда, саргузаштҳои аҷибро аз сар мегузаронад. Дида ва шунидаҳояшро ба тарозуи ақл баркашида, ниҳоят, ба як хулоса меояд: то кам нашавӣ, бисёр некӣ кун.
Филми «Чоҳ» дар ҷашнвораи байналхалқӣ соли 2015 дар Таллин иштирок намуд. Ин филм саҳл пештар дар киноҷашнвораи «Киношок»-и Русия ва барномаи асосии киноҷашнвораи байналхалқии Қазон низ ширкат ҷуста ва мавриди эътибори тамошобинони хориҷӣ гардида буд.
Баробари филмҳои бадеӣ дар асоси сенарияҳои нависанда ва филмноманависи сермаҳсул Ғафур Шермуҳаммад даҳҳо филмҳои мултипликатсионӣ ва ҳуҷҷатӣ  ба сурат бардошта шудаанд.
Қиссаи «Ақчагул», романҳои «Хоби охират», «Кӣ ошиқ нашудааст» ва «Душман»-и нависандаи қароқалпоқ Муродбой Низановро ба ӯзбекӣ баргардонд ва дар олами адабиёт чун мутарҷим низ худро шиносонд.
Чанд асари дар шакл ва навъ гуногуни адиби шинохта дар озмун-азназаргузарониҳои ватанӣ бахшида ба истиқлолият аз сафи ғолибон ҷой гирифтааст.
Дӯсти ҳамқалами мо Ғафур Шермуҳаммад соли равон 50-сола гашт. Ба вай, ки алъон дар авҷи камолоти эҷодист, парвозҳои тоза орзумандем.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: