СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАСОНАҲОИ ИМА

Маҷаллаи амрикоии «Eurasianet» таҳти унвони «Ӯзбекистон: Хонаҳои бачагона таҳти назорати ҷиддии давлат пароканда шуданд» бахшида ба ислоҳот дар низоми васояту парасторӣ мақолаеро нашр кардааст.

Нашрия бо истинод ба хонаводаи Валиевҳо аз вилояти Фарғона, ки кӯдакони аз Хонаи шафқат гирифташударо нигоҳубин мекунад, менависад, ки пас аз эътибор пайдо кардани фармони Президент дар бораи аз нав дида баромадани низоми ғамхорӣ ба ятимон ва бачаҳои бепарастор як қатор муассисаҳо дар тамоми Ӯзбекистон пӯшида шуданд.
«Барои Валиевҳо, ки аллакай чаҳор фарзанди худро доштанд, ба фарзандӣ гирифтани панҷ кӯдак – се писару ду духтар таҷассуми орзуи дерина буд»,– омадааст дар мақола.
Қайд карда мешавад, ки гузариш аз муассисаҳои давлатӣ ба паногоҳҳои хурд деринтизор буд. Роҳбарияти Ӯзбекистон ин соҳаро ба сифати авлавияти амнияти миллӣ муайян карда, мушоҳидаи додани бачаҳо аз ятимхонаҳо ба оилаҳои парасторро ба зиммаи Гвардияи миллӣ вогузор кард.
Гвардиячиён дар давраи тарбия ва раванди ҳаёти меҳнатии бачаҳо «ҳимоятгари маънавӣ«-и онҳо хоҳад шуд.
«Гвардиячиён бо тафтиши ҳармоҳаи паногоҳҳои нави хурд маҳдуд намешаванд, – гуфта мешавад дар мақола. – Оилаҳои парастор барои ҳар як кӯдак дар як моҳ тақрибан 220 доллар мегиранд ва кӯдакон низ бо либос пурра таъмин карда мешаванд».
Таъкид мегардад, ки аллакай аз 12 вилоятҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар чортоаш ҳамаи хонаҳои давлатӣ барои кӯдакони аз 7 сола то синни балоғат барҳам дода шуданд. Созмони бачагонаи СММ – ЮНИСЕФ ҳамчун ташаббускори кӯчондани сокинони муассисаҳои бузурги бачагона ба ҷойҳои хурдтари ҷамъиятӣ баромад мекунад.
«Бо вуҷуди ин, раванди реинтегратсия бояд хуб ба нақша гирифта шавад, ҳам кӯдакон, ҳам оилаҳои онҳо дар тӯли тамоми раванд дастгирӣ карда шаванд» – мепиндорад ЮНИСЕФ.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: