ПАРТОВГОҲҲО ТОЗА МЕШАВАД

Бинобар тараққиёти рӯзафзуни иқтисодиёт ва зиёд гаштани саршумори аҳолӣ дар минтақа ҳаҷми партовҳо низ афзуда, боиси бад шудани вазъи экологӣ мегардад.

Саридораи ҳифзи табиати вилояти Қашқадарё аз он изҳори нороҳатӣ кардааст, ки чунин партовгоҳҳо ба табиат ва муҳити зисти вилоят таъсири манфӣ мерасонанд. 
Аз рӯи маълумотҳо, дар як шабонарӯз танҳо аз ноҳияҳои Шаҳрисабзу Китоб ҳудуди 1680 куб, ё ба ченаки дигар, 80 мошини боркаш партов кашонда мешавад. Дар гузашта ин партовҳо аз назорат дур монда, тибқи мушоҳидаҳо партовгоҳи ноҳияи Китоб ба таври бесобиқа пур шуда ва аз муносибати хунукназаронаи шахсони мутасаддӣ роҳҳои мошингардро забт карда буд. Вазъи экологии ин ҳудуд хеле риққатовар арзёбӣ мешуд. Бӯйи бади он ба фарсахҳо паҳн гашта, боиси нороҳатии мардум мешуд. Мутахассисон дар он назаранд, ки бешак сарманшаи сирояти баъзе бемориҳо чунин партовгоҳҳо маҳсуб меёбанд. Саридораи ҳифзи табиати вилояти Қашқадарё дар чаҳорчӯби як амалиёти вижа пеши роҳи ин таҳдидҳои эҳтимолиро гирифт. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Би-сай”-и ноҳияи Китобро водор карданд, ки ба коркарди партовҳо пардозад. Корхона ба нархи 2 миллиард сӯм дастгоҳҳои муқтадире харида, дар ҳудуди партовгоҳ насб намуд, ки тибқи технологияи пешқадам рӯзмарра ба коркарди партовҳои ҷамъшуда машғул мегардад. Бояд таъкид намуд, ки аз ин кор даромад ҳам ба даст меоварад. Солҳои пеш роҳи се километраи байни маркази ноҳияву партовгоҳ корношоям шуда, аз беэътибориҳо бо ҳар гуна партов пӯшонда шуда буд. Ин ҷо аз нав тоза ва шағалпӯш гардид. Дар иҷрои ин корҳо ҳудуди 400 миллион сӯм маблағ сарф шудааст.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
 “Овози тоҷик”.

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: