ИСТИРОҲАТ РОҲАТ МЕБАХШАД, АММО...

Дар рӯзхои гарми тобистони ҳар сол чун анъана бо ҳамкасбон роҳи ягон истироҳатгоҳро пеш мегирем.

Имсол барои худамон ба нақша гирифтем, ки ба деҳаи Сӯқоқи ноҳияи Паркент биравем.
Ба яке аз чойхонаҳо даромадем. Дар кати оҳании ҳамсоя 3 нафар куҳансоли пурдида нишаста буданд. Бо онҳо шинос шуда, аз навигариҳои Сӯқоқ пурсидем.
–Дар 15 соли охир ба ноҳия панҷ нафар ҳоким омада рафтанд. Ҳокими ҳозира Шоҳрух Шоаҳмедов дар давоми ду соли охир корҳои зиёдеро анҷом дод, аммо ба фикрамон муаммоҳое ҳастанд, ки он то ба ҳоким рафта намерасад – гуфт Холдорбобо ном пиронсол. – Сӯқоқ деҳаи сераҳолитарини ноҳия буда, таърихи ҳазорсола дорад. Зиёратчиён ба ин ҷо аз ҳамаи мавзеъҳои мамлакат меоянд.
30-40 сол пеш аз ин меҳмононро ба зиёратгоҳи «Чашма» меовардем, ки табиати он ҷо тамоман ранги дигар дошт. Дар оби чашма моҳиҳои навъи маринка бисёр буд. Гулбуттаву дарахтҳои бешумор бо рангҳои гуногун ба чашм чунон метофтанд, ки баҳри дили касро мекушод. Хониши булбул, гунҷишк, бедона, кабк ба гӯш мерасид. Мардум дар зиёратгоҳи «Чашма» қурбониҳо мекарданд. Ба шохаҳои дарахт дастрӯмолҳо баста, ният мекарданд, ки баъд аз кушоиши мушкилии дар наздашон истода, ба ин ҷо азнав омада, боз қурбонӣ мекунанд.
Имрӯз аз дасти гурӯҳи носипосон табиати деҳа рӯ ба харобӣ меоварад. Ҳеч яки мо дар ёд  надорем, ки гузаштагони мо хӯроки боқимонда ёки партовро ба об партофта бошанд. Ин хиёнат ба модар-табиат, ба ҳамзамонону ба насли оянда мебошад. Чунин ҳолат даврони бачагиро ба ёд меорад, ки нону кулчаҳоро ба оби софу зулоли чашма тар карда, мехӯрдем. 
Дар поёни роҳи оби «Чашма» чойхонаҳои зиёд бунёд намудаанд, ки ҳар рӯзи тобистон қариб 1,5 ҳазор сайёҳонро ба оғӯш мегирад. Шумораи онҳо рӯзҳои истироҳат боз ҳам меафзоянд. Бегумон, ки пеши чунин ҳолати олудагардонӣ гирифта нашавад, дар солҳои наздик аз табиати дилангези Сӯқоқ асаре намемонад.
Мо ҷиҳати дақиқтар омӯхтани мушкилот роҳи зиёратгоҳи «Чашма»-ро пеш гирифтем. Сатҳи об дар ҷӯйҳо кам шуда буданд. Раҳораҳ тӯдаи хокистару оташдонҳои дастисохт, баклажка, селлофанхалтаву памперсҳо ба чашм мерасиданд, ки дилхиракунанда буд.
Дар роҳи оби «Чашма» қубурҳои диаметраш аз 5 то 20 сантиметрӣ гузошта шуда буданд, ки тааҷҷубовар буд. Баъдтар ба мо гуфтанд, ки фермерон бо ин қубурҳо замини хоҷагиашонро обёрӣ мекунанд.
Оиди ҳаллу фасли мушкилот ба сармутахассиси шуъбаи ҳифзи гирду атроф ва экологияи ноҳияи Паркент Азиз Зикирхӯҷаев муроҷиат кардем. Ба гуфти ӯ, мавзеъҳои номбаршуда берун аз ҳудуди шуъба буда, ба соҳибони чойхонаҳо бошад, гӯё гапи онҳо «намегузаштааст».
Албатта, дар мамлакатамон барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ шароити зиёд фароҳам оварда шудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки соҳибкор худсарона кор кунад ва ба атрофиён зарар расонад.
– Норасоии об чанд сол аст, ки ба дараҷаи ҳисшаванда расид, – гуфт аъзои хоҷагии «Етти қир» Фахриёр Ҳасанов. – Чаҳор-панҷ сол пеш аз оби ҷӯй ҳам менӯшидем ва ҳам заминҳоямонро обёрӣ менамудем. Хоҷагии мо аз ин ҷо 10 километр дур аст. Баъзеҳо худсарона ба роҳи «Чашма» қубурҳо гузошта, оби онро «аз они худ кардаанд», ки ин сабаби асосии ба якчанд хоҷагӣ рафта нарасидани об ва дар байни онҳо ба вуҷуд омадани норозигиҳо гашт. Оби зиёдатие, ки аз қубурҳо меояд, беҳуда исроф мешавад. 
– Аҳолии маҳаллаҳои «Чашма», «Ҳуррият», «Чинор» ва «Улуғбек» аз оби чашма истифода бурда, боғдорӣ мекунанд. Солҳои 2017-2018 дар миқёси ноҳия 10-то ҷамъияти истифодабарандагони об ташкил кардаанд, ки аз моҳи май то октябр ба корҳои бо об таъмин намудани аҳолӣ сарварӣ мекард. Соли 2020 фаъолияти ҷамъият баста, вазифаи мазкур ба зиммаи хоҷагии оби ноҳия гузошта шуд, – ба мавзӯъ равшанӣ андохт раиси ҶШМ-и «Чашма» Элёр Раупов. 
– Пас аз он, об бе соҳиб монд. Ҷӯйборҳоро бо роҳи ҳашар тоза мекарданд, ки ҳоло ҳеч кас ин кори хайрро пеш намегирад. Ба фикрам, ҳоло замоне расидааст, ки кадоме обро хор мекунаду ва кадоме ба об зор аст, – мегӯяд раиси маҳаллаи «Ҳуррият» Нодир Холтоев. 
Дар рафти сӯҳбат раис ва фаъолони маҳаллаҳо гуфтаанд, ки оиди тақсимоти об, ҳифзи табиати Сӯқоқ якчанд лоиҳа доранд. Ҳоким ва роҳбарони мутасаддӣ оиди ҳаллу фасли чунин мушкилот бояд «аз як гиребон сар бароранд».
Азбаски мушкилоти ҳифзи гирду атроф ва экология вазифаи рӯзмарраи ҳар як шахс, ҷамъият ва давлат аст, корро аз баланд бардоштани маданияти экологии ҳар як шаҳрванд оғоз намуд. Модар-табиатро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба насли оянда дар ҳолати софу тоза расонда додан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди кишвар бояд боқӣ монад.

Даврон АҲМАД.
Вилояти ТОШКАНД.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: