Қадри сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд

  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд
  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд
  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд
  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд
  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд
  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд
  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд
  • Қадри  сулҳу ваҳдат тараннум карда шуд

Дар театри давлатии академии мусиқавии ба номи Бердахи Қароқалпоқистон бахшида ба ризоияти байнимиллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он Президент Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Ин муассисаи дорои таърихи қариб садсола дар инкишофи санъат, тарбияи ҷавонон ва ҳаёти мадании ҷумҳурӣ мавқеи сазовор дорад. Солҳои охир театр таъмир гардида, тачхизот нав карда шуд. Соли 2017 ба он мақоми театри академӣ дода шуд.

Дар ин ҷо Сарвари давлатамон ҳамроҳ бо намояндагони насли калонсол ва санъаткорон барномаи бадеиро тамошо карданд.

Дар Қарақалпоқистон намояндагони бисёр миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳаёти онҳо дар дӯстӣ ва ҳамфикрӣ мавзӯи асосии чорабинӣ гардид. Аз ашъори мардумӣ порчаҳо, сурудҳои қорақалпоқии “Шағала”, “Дембермес”, “Нигарим” иҷро шуда, намунаҳои асарҳои Алишер Навоӣ, Бердах, Махтумқулӣ ва Абай қироат карда шуданд. Ҳунармандон дар иҷрои шеъри Қаҳрамони Ӯзбекистон Иброҳим Юсупов «Тугишганлик» ва суруди «Ӯзбекистон»-и бар ашъори ӯ навишта шуда, қадру қимати ризоияти байни миллатҳо, ваҳдат ва сулҳро васф намуданд.

Дар театр Президент бо ҳунарпешагон ва намояндагони соҳаи фарҳанги Қароқалпоқистон суҳбат кард.  Вай ба барномаи бадеӣ  баҳои баланд дод.

Ӯзбекҳо ва қорақалпоқҳо як халқи ду забонаанд. Асрҳо боз паҳлу ба паҳлу зиндагӣ карда, дӯсту бародар, як халқ шудаанд. Имрўз онҳо бо ҳам дар роҳи рушди осоишта ва шукуфоии кишвар қадам мезананд. Тачассуми инро на танҳо дар саҳна, балки дар ҳаёти мо ҳам дидан мумкин аст.

Дар суҳбат муҳим будани густариш додани репертуари театр бо асарҳои васфкунандаи ин арзишҳо, баргузории гастролҳо, ба театр баргаштани ҷавонон ва ғанӣ гардонидани фарҳанги онҳо таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: