Роҳбарони Ӯзбекистон ва Белорус дар маҷмӯи лижатозии кӯҳии «Амирсой» мулоқот карданд

  • Роҳбарони Ӯзбекистон ва Белорус дар маҷмӯи лижатозии кӯҳии «Амирсой» мулоқот карданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба мавзеи истироҳатии «Амирсой» ташриф оварданд.

Дар музокироти дирӯз дар Тошканд баргузоршуда сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули фаъолро дар соҳаҳои фарҳангиву башардӯстӣ, аз он ҷумла дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ идома диҳанд. Бинобар натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ дар қатори дигар ҳуҷҷатҳо, Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва Нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2024-2025 ба имзо расид.

Дар тӯли солҳои охир дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои васеъмиқёси рушди инфрасохтори варзиш ва сайёҳӣ татбиқ карда шуданд. Мавзеи истироҳатии кӯҳии «Амирсой»-и ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд аз ҷумлаи онҳост, ки дар се соли охир ба он қариб 4 миллион сайёҳон ташриф оварданд.

Сарони давлатҳо дар ҷараёни боздид аз ин маҷмӯи сатҳи ҷаҳонӣ бо шароит барои варзишгарону меҳмонон шинос шуда, доир ба густариши табодули гардишгардӣ миёни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Роҳбарон мулоқоти самимонаро дар майдони лижатозии кӯҳӣ идома дода, якҷоя лижатозӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: