Бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев якҷоя бо рафиқааш бо сафари амалӣ ба Пекин омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии «Шоуду» Сарвари давлатамонро вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сянси ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ба шарафи меҳмонони олиқадр парчамҳои давлатии ду кишвар бардошта шуда, каровули фахрӣ саф орост.
Дар ҷараёни сафар рӯзҳои 17-18 октябр музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ва Раиси Шӯрои халқии сиёсии машваратии Чин Ван Ҳунин ва дигарон вохӯриҳои дуҷониба дар назар аст.
Раҳбари Ӯзбекистон дар ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок карда, дар ҷараёни он дар ҷаласаи умумӣ нутқ эрод менамояд.