Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд майдончаи лоиҳаҳои пешомаднок мегардад

  • Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд майдончаи лоиҳаҳои пешомаднок мегардад

Президент Шавкат Мирзиёев 10 март бинобар масъалаҳои омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ҷамъомад баргузор намуд.

Баргузории чорабинӣ рӯзҳои 24-26 март ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар он 1,5 ҳазор сармоягузори бузург ва меҳмонони воломақом аз 56 кишвар, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ширкат мекунанд. Дар ин ҳамоиш, аз ҷумла, президентҳои Бонки аврупоии таҷдид ва тараққиёт, Бонки осиёии рушд, вазирони як қатор давлатҳо, раҳбарони корпоратсияҳо ва ширкатҳои бузург ширкат меварзанд.

Дар доираи форум зиёда аз 40 чорабинӣ, аз ҷумла ҷаласаи умумӣ ва мулоқотҳои соҳавӣ, мизҳои мудаввар, презентатсияҳо, брифингҳо ва ғайра баргузор мегарданд.

Ҳамзамон, форум минбари муаррифии лоиҳаҳои ояндадор мегардад, ки барои иқтисоди кишвар аҳамияти калон дорад. Имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ, фароҳам овардани шароит ва самтҳои ҷолиби фаъолият барои сармоягузорони хориҷӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар ҷамъомад ба сарвари давлат дар бораи рафти омодагӣ ба форум маълумот дода шуд.

Президент дар Ӯзбекистон бори аввал баргузор гардидани ин гуна форуми сармоягузориро қайд намуда, оиди дар сатҳи олӣ ташкил кардани чорабинӣ дастур дод.  

Вазифаи намоиш додани шаффофияти мамлакатамон ба бизнес-ҷомеаи байналмилалӣ, муфассал ба он расондани нерӯи сармоягузории ҳар як соҳа ва минтақа гузошта шуд. Зарурати ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас дар ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои калон зикр гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: