8 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди иқтисодӣ, идоракунии самаранок ва ҳамкории байналмилалӣ Сума Чакраборти мулоқот анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рӯзномаи васеи ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба пешбурди минбаъдаи иқтидори сармоягузории босуръат рушдёбандаи Ӯзбекистон дар сатҳи ҷаҳонӣ табодули афкор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.