3. АЛЛОМАЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРДААСТ

Фиқҳшиноси номвари олами ислом

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Яке аз устодони Абуҳафси Кабир Абулҳасани Нурӣ барои ҷамъоварии ҳадисҳои саҳеҳ заҳмат кашидааст. Вале умри ӯ барои анҷоми ин кор нарасидааст. Пас аз ин, бо васияти муаллим Абуҳафси Кабир низ ба ин кор шуруъ кард. Аммо дар он замон, дар Бухоро ҳаракатҳои динӣ ҷараён дошт, бинобар ин ба илми фиқҳ эхтиёҷоти зиёд мавҷуд буд. Аз ин сабаб худи олим бо илми фиқҳ машғул шуда, шогирди боистеъдодаш Муҳаммад ибни Исмоилро ба гирдоварии ҳадисҳои саҳеҳ ташвиқ кардааст. Ҳамин тавр, ба дараҷаи султони илми ҳадис расидани Имом Бухорӣ устодаш Абуҳафси Кабир низ саҳми арзанда гузоштааст.
Бо шарофати Абуҳафси Кабир, боиси рушду густариши таълимоти исломӣ, шаҳри Бухоро дере нагузашта ба маркази фиқҳ табдил ёфт. Аз мадрасаи Абуҳафси Кабир бисёр фақеҳ, қозӣ, авлиё ва имомони зоҳиди баркамол ба воя расидааст. Аз ин рӯ, аз асри IX Бухоро бо номи «Қуббат-ул-ислом» машҳур гардид.
Асрҳои IX-XII – давраи Эҳёи Шарқ ва дар Осиёи Миёна – давраи тиллоии рушди илм, бахусус фиқҳ ба ҳисоб меравад. Дар асри IX Абуҳафси Кабир, фақеҳи бухороӣ, ки аз Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, шогирди баркамоли Абуҳанифа дар самти Ироқ дарси фиқҳ омӯхтааст, ба ватан баргашта, Бухороро ба маркази фиқҳ табдил дод ва шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба камол расонд.
Илми фиқҳ дар ҳамон аср ба марҳилаи рушди худ ворид шуда буд. Бидуни пурра азхуд нанамудани ин дониш, оиди масъалаҳои динӣ ҳукм баровардан ғайриимкон буд. Дар ин давра илми калом (фалсафаи исломӣ – теология) хеле инкишоф ёфта буд. Дар Мовароуннаҳр мактаби хеле калони калом ба вуҷуд омад ва асосгузори он Абуҳафси Кабири Бухорӣ маҳсуб мешуд. Дар бораи ин шахси бузург дар китобҳои таърихӣ ва осори мухталифи мазҳабӣ ва ирфонӣ маълумоти зиёде мавҷуд аст. Тибқи ривояти машҳур дар бораи тавоноии илмии Абуҳафси Кабири Бухорӣ, сарвазири халифат ба шаҳри Бухоро ташриф овард. Вақте ки вазир омад, рӯз торик шуда буд. Дарвозаҳои шаҳри Бухоро баста буданд ва ҳатто то субҳ даромадани зоғе ба шаҳр манъ буд. Вазир аз дарбон талаб мекунад, ки дарвозаро кушояд. Вақте ки дарбон рад мекунад, мегӯяд, ки ӯ сарвазири хилофат аст. Сипас, дарбон ба меҳмони кишваре, ки рукни ислом дониста мешавад, мегӯяд: «Ман ба ту як савол медиҳам, воқеан вазири хилофат бошӣ, агар ба ин савол ҷавоб диҳӣ, ман дарро мекушоям» ва чунин савол медиҳад: «Камоли имон дар чист?» Вазир ҷавоб дода наметавонад. Саҳар маълум мешавад, ки вазир омадааст ва аркони давлат бо шукӯҳу шаҳомат ба назди дарвоза меояд. Баъд вазир дарбонро ҷеғ зада, хоҳиш мекунад, ки ба саволаш ҷавоб диҳад. Дарвозабон мегӯяд: «Камоли имон сабр аст» ва вазир мепурсад, ки инро аз кӣ омӯхтааст? – Аз Шайхамон Абуҳафси Кабир, – бо ифтихор ҷавоб медиҳад дарвозабон. Инро шунида вазир ҳамроҳи подшоҳ ба зиёрати Абуҳафси Кабир меравад.
Ба далели тақвои Абуҳафси Кабир на ҳама ҷуръати суҳбати ӯро доштанд ва ҳатто подшоҳон ҳангоми рафтан ба наздашон саросема мешуданд. Мегӯянд, ки дар Бухоро амире Муҳаммад Толут ном дошт. Рӯзе ба вазираш Ҳошуя гуфт: «Ба зиёрати Хоҷа Имом Абуҳафс равем ва ҳамсуҳбати эшон шавем». Ҳошуя ба амир гуфт: «Дар ҳузури Абуҳафс касе аз таъсири салобати эшон ҳарф зада наметавонад». Амир ба ин бовар накарда, ба назди Абуҳафс рафт ва ба ҳазрат салом дод, вале дигар чизе гуфта натавонист. Хоҷа Абуҳафс пурсид: «Мушкилоти шумо чист?» Амир ҳарчанд талош кард, ҳарфе гуфта натавонист ва пас аз баромадан ба Ҳошуя гуфт: «Ман дар ҳузури халифа суҳбат карда тавонистам, аммо аз салобати Абуҳафси Кабир чизе гуфта натавонистам».
Дар китоби «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ омадааст, ки зоҳид, донишманд Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Салом Пойкандӣ (устоди Имом Бухорӣ) мегӯяд: «Паёмбарамон Муҳаммад (с.а.в.)-ро дар хоб дидам. Ҳазрат дар бозори Харқони Бухоро буданд. Савораи ҳамон уштури дар паём зикршуда ва дар сар кулоҳи сафед доштанд. Бисёр одамон Паёмбарамонро (с.а.в.) дида, истиқбол намуда, мегуфтанд: «Ин зоти шарифро ба куҷо мебарем?» Сипас, Паёмбар (с.а.в.)-ро ба хонаи марҳум Абуҳафси Кабир бурданд. Хоҷа Абуҳафсро дидам, ки дар паҳлуи Паёмбар (с.а.в.) нишаста китоб мехонданд. Паёмбар (с.а.в.) се рӯз дар хонаи эшон монданд. Абуҳафс китоберо мехонд, Паёмбар (с.а.в.) дар байни ин се рӯз ба ӯ эътирозе накарданд ва ҳар як чизи хондаашонро дуруст медонистанд».
Дар ин ҷо чанд сухан дар бораи муҳаддис Муҳаммад ибни Саломи Пойкандӣ, ки ин ривоятро овардааст. Ин зот дар Пайкенти билоди Бухоро ба дунё омада, соли 839 ҳиҷрӣ дар он ҷо вафот кардааст. Дар бисёре аз сарчашмаҳо омадааст, ки ӯ ба Имом Бухорӣ дарси ҳадис додааст.
Дар васфи Абуҳафси Кабир таронаҳои зиёди донишмандон мавҷуданд. Чунончи, нависанда Абдулло ибни Муҳаммад ибни Умар чунин нақл мекунад: Аз шоир Лайс ибни Наср шунидам, ки гуфт: «Ҳадиси Расули Худо (с.а.в.)-ро тиловат мекардем, ки «Ҳар сад сол як донишманде пайдо мешавад, ки илми замонро ислоҳ кунад». Абуҳафс Аҳмад ибни Ҳафси Кабир донишманди замон дар бахши фиқҳ, парҳез ва илм аст. Муҳаммад ибни Исмоил-ал-Бухорӣ олими замон дар маърифат ва илми ҳадис аст. Шайх Аҳмад ибни Исҳоқ-ас-Сурмарӣ, донишманди замон, ки ба танҳоӣ дастаи душманро нобуд карда, бар минбари подшоҳ тиловат кардааст. Ҳамаи олимон ба ин хулоса розӣ шуданд».
Қиссаи зерине, ки аз Шайх Муҳаммад ибни Абураҷо-ал-Бухорӣ ривоят кардааст, низ бисёр ибратбахш аст: «Аз Абуҳафси Кабир шунидам, ки гуфт: Паёмбар (с.а.в.)-ро дар хоб дидам. Куртае дар тан. Дар паҳлуи Ҳазрат зане гиря мекунад. Расулуллоҳ (с.а.в.) ба ӯ – «Гиря накун! Агар бимирам, гиря кун»,– гуфтанд. Касе ин хобро ба ман шарҳ дода натавонист. Вақте аз устодам Исмоил ибни Иброҳим (падари Имом Бухорӣ) пурсидам, фармуд: «Суннат пас аз ин собит мешавад».
Абуҳафси Кабир муҳаддиси мӯътамад аст. Аллома низ аз Расули акрам (с.а.в.) чанд ҳадис ривоят кардааст. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Абуҳафси Кабир ҳадиси зеринро ривоят кардааст: Расулуллоҳ (с.а.в.) фармудаанд: «Банда мӯъмин намешавад, то ба чаҳор чиз имон наоварад: ба ягонагии Худо ва ба набудани шарике, Муҳаммад (с.а.в.) ба унвони паёмбари ҳақиқӣ фиристода шудааст, зинда гардидан пас аз марг ва ба некиву бадии тақдир».

(Давом дорад).
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии ба номи
Абӯрайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: