Ашӯрбой чун одат барвақт аз хона баромад, то пеш аз дигарон дар мактаб бошад.
Ашӯрбой чун одат барвақт аз хона баромад, то пеш аз дигарон дар мактаб бошад. Талу теппа ва долу дарахтон баъди борони аввали шаб ҳусни худро дигар карда буданд. Боди сарди тирамоҳ ба машоми ӯ бӯйи хуши рустаниҳо ва меваҳои хушки кӯҳро расонд. Шамоли сабук аз шохҳо баргҳои қирмизиранги дарахтҳоро баркандаву дар ҳаво печутоб дода, ба чор тараф мепошид. Чорвои мардум аз кӯчаҳо насиба чида, сӯйи кӯҳсор – ба чарогоҳ мерафт...
Ӯро посбони мактаб хуш пазируфта, аз барвақт омадани фасли тирамоҳ хабар дод. Ашӯрбой тасдиқомез ба дафтари кориаш даромад. Дере нагузашта омӯзгорон як-як ҷамъ шуданд.
Ин дафъа ҳам машварати навбатии муаллимони ноҳия бо тарзи онлайн баргузор гардид. Дар мактабҳо ҳозирон ба суханҳои солоронаи мудир Баҳриддин Мардонов бо диққат гӯш медоданд. Мудир дар маърӯзаи таҳлилии худ аз навоварӣ, навҷӯйӣ ва пешбинии сарвари таълимгоҳи рақами 18-уми воқеъ дар Оҳалик Ашӯрбой Шоҳмақсудов ҳарф зада, хабар дод, ки бинобар рейтинги ба мактабҳои олӣ дохил шудани хатмкунандагон мактаби мазкур дар ноҳия ҷойи аввалро ишғол кардааст.
– Ман ба як чиз ҳайрон, – мегуфт Баҳриддин Ҳабибович, – мактаб дар деҳаи дурдаст, дар бағали кӯҳсор ҷойгир, таҳсил соф тоҷикист, аммо аз 28 нафар хатмкунанда 10 нафар номи донишҷӯйи мактаби олиро гирифтаанд. Аз имконият истифода бурда, акои Ашӯрбойро бо ин дастовард табрик гуфта, комёбиҳои нав ба нав таманно мекунам. Ва аз директорҳо хоҳиш дорам, ки аз ӯ ибрат гиранд!
Ашӯрбой фақат «ташаккур» гуфту халос.
Ёде аз бачагӣ
Соли 1976 вай чун бори аввал пой ба остонаи дабистон ниҳод, сарвари таълимгоҳ Шодмон Қайюмзода ӯро ба муаллима Фотима Ашрафова супорид. Сипас дар тӯли 10 сол аз устодони меҳрубон, вале сахтгир Нурмуҳаммад Ҳанифов, Муҳаммад Раҳмонов, Ҳусейн Ғиёсов, Саломат Расулова, Муҳаммад Ёдгоров, Насим Обидов, Ҳамроқул Нуруллоев, Додарой Олимова, Аббос Бӯстонов бисёр чизҳоро омӯхт. Аз ҳама муҳимаш, ба касби омӯзгорӣ дил баста, пас аз дуои неки волидайн бо роҳбаладии роҳбари синфаш Сироҷиддин Исматов ва Аббос Бӯстонов ба пойтахти Тоҷикистон омада, ба факултаи таъриху ҳуқуқшиносии Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко (ҳоло Саъдӣ) ҳуҷҷатҳояшро супорида аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт. Хушбахтона, он айём аз деҳаи Оҳалик бисёр писарону духтарон дар Душанбе таҳсил мегирифтанд. Ашӯрбой солҳои таҳсилро саршор аз лаззату пирӯзӣ медид. Утоқи кӯчаку муҷаз бо аксҳои бузургони шарқу ҷаҳон ороста буду ҷевонашро асарҳои адибони тоҷик, рус ва миллатҳои дигар зеб медоданд. Вай рӯзҳои истироҳату шабҳои дарози зимистон китоб мехонду аз мутолиа сер намешуд. Боре ба донишкада шоири он замон ҷавон Лоиқ Шералӣ ташриф фармуд, ки аллакай дар байни донишҷӯён маҳбубият дошт. Толибилмон китобҳои ӯро пайдо карда, шеърҳояшро аз ёд мекарданд, ки Ашӯрбой истисно набуд. Ӯ дар шабнишиниҳои адабӣ ва ҳар гуна озмунҳо фаъол ширкат мекард. Алалхусус дар ҷашнҳои Наврӯзи Аҷаму Меҳргон, ки дар пойтахти тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешуд, бахшида ба ин санаҳо аз шоирони классику муосир шеъру ғазалҳо қироат мекард. Қариб панҷ маротиба тавассути оинаи нилгун бо ҳофизони номдори Самарқанд Мардони Мавлон, Салимҷон Ғиёсов, Шуҳрат Қайюмзода, Ҳазратқул Ҳамроқулов, Асадулло Атоуллоев, Ихтиёр Султонов ва дигарон баромад кард. Соли 1988 дар шаҳри Санкт-Петербург симпозиуми байналхалқии ҷавонони ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст. Ашӯрбой Шоҳмақсудов доир ба давлати Сомониён ба забони русӣ маърӯза карда, соҳиби ҷоиза шуд. Устодонаш – академикҳо Наримон Акрамов, Мулло Эркаев, Мирҷалол Турсунов, профессорон Гулсара Акрамова, Аброр Исмоилов, Эраҷ Намакшинос ва дигарон боварии комил доштаанд, ки ӯ пас аз хатми донишкада муқими Душанбешаҳр гардида, бо кори илмӣ машғул мешавад. Вале ӯ баъди ба даст гирифтани дипломи имтиёзноки мактаби олӣ бо зебосанами оҳаликӣ – хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Мукаммал Раззоқова дил басту ба зодгоҳ баргашт...
Мактабсозӣ миллатсозӣ ва ояндасозист
Суҳбат бо сарвари таълимгоҳ Насим Обидов (равонаш шод бод!) ниҳоят самимона ва дилнишин гузашт. Директор гуфт, ки таълимгоҳ ба ҷавонони соҳибистеъдоду донишманд ниёз дорад.
– Ояндаи давлату миллат бар дӯши шумоён. Мо насли наврасро ҳамеша дастгирӣ мекунем, – гуфт бо ҳисси шодмонӣ Насим Обидов, – чанд сол мегузарад ва шояд шумо ба ҷойи ман директор мешавед. Зеро қобилияти наттоқӣ ва сарварӣ доред.
Барои омӯзгори ҷавон ин суханҳо таконбахш буданд, ки дар дили ӯ шарораи умед ва муҳаббат ба касби омӯзгориро фурӯзон карданд. Вай солҳои тӯлонӣ аз фанни таърих ва кишваршиносӣ ба фарзандони зодгоҳаш сабақ дод. Аҷибаш он аст, ки бо амри тақдир ду соли охир вай директори мактаби рақами 18-уми Оҳалик аст. Дар ин муддати кӯтоҳ мактаб аз ҳар ҷиҳат комёбиҳои назаррасро ба даст меоварад.
– Оҳалик на танҳо бо табиати нотакрору манзараҳои дилфиреб, инчунин бо фарзандони обрӯмандаш маълуму машҳур аст, – мегӯяд Ашӯрбой Шоҳмақсудов. – Доктори фанҳои биологӣ Маматқул Икромов, адиби маъруф Шодон Ҳаниф, доктори фанҳои физика Шодӣ Ҳотамов, ҳофизи маъруф мулло Аҳрори Оҳаликӣ, устодон Исҳоқ Исмоилзода, Ҷаҳон Ҷамолов, Ӯрунбой Қодиров, шифокори соҳибтаҷриба Абдусалом Ҷабборов, аввалин сарвари хоҷагии давлатии «Меҳробод» ҳоҷӣ Соҳибназар Назаров, генерал А.Ҷабборов, Фазогир Ёдгоров, имом-хатиби деҳа Ҳоҷӣ Фазлиддин Расулӣ ва даҳҳо дигарон ифтихори мо ҳастанд.
– Медонам ва хабардор ҳастам, ки ташвишу коратон хеле бисёр. Агар фурсат даст диҳад, машғулоти дӯстдошта, яъне, хоббии шумо чист?
– Зиндагӣ мактаби омӯзиш аст, зеро ҳамвора пеш меравад. Шиори ман байтҳои зерини Ҷомист, – мегӯяд ӯ:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза, аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
– Бинобар ҳамин, мутолиаи «Фурӯғи субҳи доноӣ» — китоб ҷону дилам аст. Барои худситоӣ не, ба маълумоти шумо бояд расонем, ки аз Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Хоҷа Ҳофиз, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Мирзо Турсунзода, Лоҳутӣ, Лоиқ, Фарзона, Ҷонибек, Каримзода ва дигарон абёти зиёд медонам ва истифода мебарам. Инчунин, саёҳати кӯҳсор, деҳқонӣ, боғбонӣ ва дар ҳалқаи оила будан, алалхусус, суҳбат бо ҳамсарам Мукаммалбону, гулдухтаронам Манижа, Фарзона, писарам Шоҳрухҷон ва набераҳои ширингуфтору ширинрафтор Моҳноза, Шукрона, Зарвона, Лайло ба ман олам-олам хурсандӣ мебахшад, – ба суханонаш хотима мебахшад Ашӯрбой.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Аксбардор:
Баҳодури ЗОҲИР.