КАЛИДИ ДАРИ ГАНҶ

Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат ба рушди таълими олӣ, миёнаи махсус ва томактабӣ, бо кадрҳои болаёқат ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Маълум аст, ки соли 2018 дар факултети таърих ва забонҳои Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ гурӯҳи ғоибонаи тоҷикии таълими томактабӣ ва таълими ибтидоӣ ташкил шуда буд. Соли ҷорӣ бошад, гурӯҳи рӯзонаи тоҷикӣ низ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Бо мақсади ошноӣ бо ин даргоҳи зиё роҳи Чирчиқро пеш гирифтем. Баробари даромадан ба шаҳр кӯҳҳои осмонбӯси барфпӯш, манзараҳои дилфиреби гирду атроф ба назар намуданд ва шамоли форами дарёи Чирчиқ ба кас ҳаловат мебахшид. Мардум баҳри таъмини рӯзгор, тармиму таъмири хонаву ҷой, гирду атроф ва боғу ҳавлиҳои худ машғул буданд.
Вақте ба донишкада расидем, моро омӯзгори гурӯҳи тоҷикӣ Тиллоҷон Носирова бо хушнудӣ пешвоз гирифт. Вориди дарсхона шудем. Хона каме тангу тор бошад ҳам, бо сурат ва шоҳбайтҳои бузургон: Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Навоӣ, Турсунзода, Гулрухсор, Лоиқ... оро дода шуда буд. 
Абёти пурмаънии онҳо инсонро ба илму ҳунаромӯзӣ, ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ даъват мекунанд. Аз нигоҳи донишҷӯён аён буд, ки онҳо ташнаи илманд.
– Илм омӯхтан синну сол интихоб намекунад. Ман аз хурдӣ орзу мекардам, ки муаллима шавам, аммо ҳар сол дохил шудан наметавонистам. Инак, имсол бахт омад карду донишҷӯ шудам. Фарзандонам калон шуданд, акнун имконияти хондан дорам. Мехостем шоиру нависандагон, рӯзноманигорон, ҷоннисорони забону миллат бо мо зуд-зуд вохӯриҳо гузаронанд, – мегӯяд донишҷӯи 44-сола Зоирамоҳ Нуриддинова.
Тиллоҷон Носирова бо ҳамдастии хонандагон китобхона ва хонаи фарҳанги миллии тоҷиконро ташкил намудааст. Хонаи миллӣ бо кӯрпача, либосҳои адрасу атлас, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, зарфҳои сафолин, анҷомҳои дуредгарӣ ҷиҳозонида шуда буд.
– Шахс вақте вориди ин хона мегардад, ба урфу одат, анъана, ҳунарҳои миллии аҷдодамон рӯ ба рӯ мешавад. Бо дидани ин манзара таърихи гузаштагон, тарзи зиндагии онҳо пеши назар намоён мегардад, – гуфт Т. Носирова. – Китобхонаи мо ба кӯмак муҳтоҷ аст. Ҳар куҷо равам, албатта, китоб, рӯзнома, маҷалла ё аёнияти барои дониҷӯён зарурро гирифта мебиёрам. Ба ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафурови Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода миннатдории худро баён месозам, ки ба мо якчанд китобҳои бадеию дарсиро туҳфа кард. Бо донишҷӯён оиди рӯзномахонию китобхонӣ, ки чароғи маърифату маънавият бо онҳо фирӯзон аст, суҳбатҳо мегузаронем. Хонандагон дастҷамъона ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» обуна шуданд. Ба духтарон доир ба рӯзгордорию оиладорӣ, тарбияи фарзанд, тарзи либоспӯшӣ, одобу ахлоқ дар алоҳидагӣ суҳбат мекунем. 
Аз фаъолияти омӯзгорон хориҷ кардани ҳуҷҷатбозиҳои зиёдатӣ, ба корҳои дигар  ҷалб насохтани онҳо, зиёд шудани маошашон – ин ҳама ғамхориҳо ба соҳа мебошад.  
Имрӯз мо дар замони ҷаҳонишавӣ зиндагӣ дорем, инсон ҳамеша дар камолот аст. Агар камол наёбад, хоҳу нохоҳ мавқеи инсонии худро гум мекунад. Манбаи асосии худшиносӣ забони модарӣ мебошад. Маҳз туфайли забон мо фикр мекунем, шуур ва маърифатамон ташаккул меёбад, ҷаҳонбиниамон васеъ мегардад.
Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Ман он наям, ки забонро ба ҳарза олоям,
Ба мадҳу замми хасон нӯки хома фарсоям.
— Гурӯҳи тоҷикӣ ба мутахассисони ботаҷриба ва лаёқатнок, китобҳои дарсиву бадеӣ, дастурҳои методӣ ниёз дорад. Умед дорем, ки ба ин маскани зиё ҳар як тоҷикзабоне, ки фарҳанги миллати худро пос медорад, кӯмак мерасонад. 
Ин парастуҳои аввалин омӯзгор, филолог ва журналистони оянда мебошанд, – гуфт ҷонишини декан доир ба корҳои таълим Арслон Нафасов.
Донишҷӯён бахшида ба рӯзи Сарқонунамон намоиши саҳнавӣ омода карда будаанд. Онҳо шеъру сурудҳоро бахшида ба Ватан, дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қироат карданд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: