ДАРАХТОН – ОДАМ, ОДАМҲО ДАРАХТАНД

Одатан дар охири тирамоҳ ва аввали баҳор ниҳол мешинонанд, ки ин ба ҳама маълум.

Вале мегӯянд мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ аз чанд ҷиҳат бартарият дорад. Нахуст, ин давр назар ба давраи баҳорӣ тӯлонитар аст: аз ибтидои моҳи ноябр то охирҳои декабр ё худ бо саршавии хазонрез то оғози фасли сармо ва ях бастани замин давом мекунад. Ниҳоли тирамоҳ шинондашуда дар давоми зимистон мустаҳкамтар ба хок реша давонда, бо расидани фасли баҳор зуд ба сабзиш медарояд. Агар ҳарорат аз 0 дараҷа болотар бошад ва замин ях накунад, дар зимистон ҳам ниҳол шинондан мумкин.

Ниҳолҳо низ ба солим ва носолим ҷудо мешаванд, мегӯянд мутахассисон ва тавсия мекунанд бояд барои барпои боғ ниҳолҳое интихоб карда шаванд, ки солим буда, ба талаботи стандарт ҷавоб диҳанд. Боз онҳо маслиҳат медиҳанд решаи ниҳолҳои ба майдон барои шинондан овардашуда бояд офтоб набинад: то шинондан ба ҷои нам муваққатан гӯр кардани реша ба мақсад мувофиқ аст. Ба масофаи дур дар мошини боркаши болопӯшида кашондани ниҳолҳо маслиҳат дода мешавад. Вақте кам шудани намии ниҳол ва решаи он ҳис шуд, барои ба ҳолати меъёрӣ баргардондани ҳуҷайраҳояш як-ду рӯз ба об андохта мондани ниҳол фоида мебахшад. Пеш аз шинондан ба оби лойи омехта ба пору ғӯта занондани реша низ тавсия мешавад, ки ин онро аз бемаҳал хушкшавӣ нигоҳ медорад. Мӯйсафедҳо беҳуда намегӯянд, ки як нафар не, бояд камаш ду нафар ниҳол шинонад: яке танаи ниҳолро дошта, як хел паҳн шудани решаҳоро назорат кунад, дувумӣ онҳоро беозор ба хок мегӯронад. Вале набояд тамоми реша дар зери замин монад. 4-5 см реша бояд намудор истад. Баъде ба ниҳол об дода ва болояш ба хоки нарм пӯшонда шуд, сатҳи реша ба замин баробар шуда меравад. 
Агар гулӯи реша тамоман дар зери хок монад, баъди об додан пӯсти тана пӯсиданаш мумкин. Ниҳол сабзад ҳам умри дароз намебинад ва камҳосил мешавад.
Дар шароите, ки таҳти ташаббуси роҳбари давлати мо ҳаракати умумимиллии «Макони сабз» сар шудааст, онҳое, ки дар ин маъракаи муҳим иштирок карданианд, каме бошад ҳам бояд аз ҳадиси ниҳолшиносӣ бохабар бошанд.
Дар ҳаракати сабзу хуррамсозии тирамоҳӣ, ки дар саросари мамлакат идома дорад, журналистон низ иштирок менамоянд. Чунончи, як гурӯҳи онҳо дар доираи ин ҳаракат ба шаҳри Нурафшон рафта, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карданд. Қабл аз ниҳол шинондан тавсияҳое, ки дар боло қайд кардем, хотирнишон карда шуд.
Ҳанӯз дар саммити навбатии Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар шаҳри Самарқанд ба амал омад, Президенти Ӯзбекистон таъкид сохта буд хуб мешуд ҳаракати умумимиллии «Макони сабз» баробари мамлакати мо дар ҳамаи давлатҳои туркӣ татбиқи амалӣ ёбад. Худи ҳамон рӯз бо иштироки роҳбарони давлатҳо дар давлатҳои туркӣ ниҳолшинонӣ оғоз ёфта буд. 
Тағйир ёфтани иқлим, торафт бештар ҳис шудани хавфи экологӣ ва хушксолиҳо дар тамоми дунё аз масъалаҳои ташвишовар аст. «Табиатро эҳтиёт кунем!» – даъватест, ки доим ба гӯш мерасад. Ҷавоб ба ин даъват дар кишвари мо – ташаббуси бузург бо унвони ҳаракати умумимиллии «Макони сабз».
Дар маросими ниҳолшинонӣ бо иштироки журналистон котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов беҳуда хотирнишон насохт, ки ҳаракати «Макони сабз» ба дараҷаи байналхалқӣ бардошта шуд ва он воқеаи муҳим дар ҳаёти ҳамаи халқҳоест, ки Замин-Модарро ҳамеша хурраму сабз дидан мехоҳанд. 
Боғи дар Нурафшон барпошуда «Боғи журналистон» ном гирифт, ки наздик 7 гектар майдонро дар бар гирифтааст. Дар он ҷо нишондан ва сабз гардонидани наздик чаҳор ҳазор бех ниҳоли павловния ба нақша гирифта шудааст. Чӣ гуна аҳамият доштани дарахт маълум. Бо вуҷуди ҳамин зарур мешуморем дар бораи дарахтон чӣ ақида доштани мутахассисонро дигарбора гуфта гузарем. Ба таъкиди онҳо дарахтон аз ҳаво оксиген хориҷ мекунад. Онҳо дар таъмини рангорангии табиати нотакрор ва нигоҳ доштани мавҷудоти гуногунхел ҳисса мегузоранд. Олимҳо мегӯянд, ҳатто хушк шудани як дарахт метавонад ба аз байн бурда шудани 30 навъ ҳайвонот сабаб гардад.
Ҷуз ин дар меъморӣ ва ороиши шаҳрдорӣ, таъмини зебоиву хушнамудии  гирду атрофи маҳалҳои зист аз набототе, ки манзаравианд, истифода мекунанд. Дарахтон бошанд баҳри дили одамро кушода ба фауна ва флораи табиат ҳисса мегузоранд. 
Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ҳама ҷо пури дарахт. Ҳар сол бар илова ниҳолшиносӣ дар миқёси васеъ шарт бошад?
Дуруст, мамлакати мо сабзу хуррам, бо файзу таровате, ки дарахтҳои меваноку манзаравӣ мебахшанд. Аммо шумори онҳо ҳар қадар зиёд бошад, ҳамон қадар хуб. Зимнан, ҳудудҳои бо ҷангали табиӣ печондашуда дар кишвари мо хеле кам. Назар ба маълумотҳо, танҳо 7,5 фоизи қаламрави Ӯзбекистонро бешазори табиӣ фаро гирифтаасту халос. Ҳол он ки дар мамлакатҳои дунё ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна 30 фоизро ташкил менамояд. 
Боз бармегардем ба ниҳолшинонӣ, ки дар шаҳри Нурафшон рӯйи кор омад. 
Он бо ташаббуси якҷояи ҳокимияти вилояти Тошканд, Иттиҳодияи медияи миллии Ӯзбекистон, Телерадиоширкати миллӣ, Пресс-клуби байналхалқӣ, Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал ташкил гардид. Ҳокими вилояти Тошканд Зойир Мирзоев дар баромади худ қайд кард, ба туфайли ташаббуси роҳбари давлат ниҳолшинонӣ дар кишвар моҳияти нав касб намуд ва он рӯз дур нест, ки ҳаракатҳо самараи худ бахшанд. 
Баъд мутахассисони хоҷагии ҷангал ва агрономҳо дар бораи агротехнологияи ниҳолшинонӣ, тавре дар боло ишора карда гузаштем, сухан ба миён оварда, алоҳида зикр карданд, ки бояд ҳар ниҳол – хоҳ манзаравӣ ва хоҳ меванок, ба иқлими ҳудуд мос бошад.
Дар ҳашар, ки бо рӯҳбаландӣ оғоз ёфт, тақрибан 6 ҳазору 400 бех ниҳол шинонда шуд. Роҳбари идораи вилоятии Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ Зарифа Эралиева гуфт ташаббуси мазкур ба беҳсозии муҳити экологии мамлакатамон нигаронида шуда, майдонҳои сабзе, ки имрӯзҳо дар ҳар гӯшаю канори диёри мо барпо мегарданд, пеш аз ҳама, баҳри сафои табиатамон хидмат мекунанд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: