Қонунгузории интихоботӣ: ИМКОНОТИ БАРОБАР ВА КАФОЛАТИ ВАСЕЪ

7 июн ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфта буд.

Ба ин интихоботи президентӣ чор ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро пешбарӣ намудааст. Ҳар яке аз ҳизбҳои сиёсӣ роҳҳои ҳалли масъалаҳои давлатӣ ва сохтмони ҷамъиятиро пешниҳод менамояд. 
Тавре ки маълум аст, давраи ташвиқоти пешазинтихоботӣ қуллаи баланди маъракаи интихоботӣ ба шумор меравад. Дар ин вақт номзадҳо хеле кӯшиш менамоянд, ки бо бозгӯйии барномаҳои худ соҳиби дастгирии васеъи интихобкунандагон гарданд. Дар амал иштирокдорони маъракаи интихоботӣ хоҳиш пайдо менамоянд, ки шаклу усулҳои босамари ташвиқоти пешазинтихоботиро дар амал ҷорӣ намоянд. 
Ташвиқоти пешазинтихоботӣ ин марҳалаи муҳими ҷараён мебошад, ки аз дараҷаи интихоботҳои баргузоргардидаи демократӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин марҳила аз номнавис гардидани номзадҳо шурӯъ мегардад, ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва паҳн намудани маълумот дар бораи номзадҳо ё худ даъвати шаҳрвандон барои иштирок дар овоздиҳӣ мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки на ҳар маълумот  дар бораи номзад ташвиқоти пешазинтихоботӣ буда метавонад. Фақат маълумотҳое ин хусусиятро моликанд, ки мақсад аз он ангезиш додани интихобкунандагон барои овоздиҳӣ ба номзади муайян ё худ бар зидди он мебошад. 
Хусусияти муҳими ин марҳила фароҳам овардани шароити баробар барои татбиқи ҳуқуқи номзадҳо ба шумор меравад: 
– истифода аз ВАО барои баргузории ташвиқоти пешазинтихоботӣ; 
– вохурӣ бо интихобкунандагон чӣ дар маҷлисҳо ва чӣ ба шакли дигари ба интихобкунандагон маъқул;
– молики ҳуқуқи ироа намудани барномаи худ барои фаъолияти оянда.
Баробарии ҳуқуқи номзадҳо барои вазифаи интихоботӣ бо имконоти баробари паҳн намудани матолиби ташвиқотӣ таъмин карда мешавад, ки ба он маводи чопӣ ва дигари молики хусусияти ташвиқотӣ, ки барои паҳн намудани оммавӣ бо мақсади ҳидояти интихобкунандагон ба иштирок дар интихобот ва овоздиҳӣ ба ин ё он номзад ва ё зидди он дохил мегардад. Технологияи замонавии интихоботӣ молики хеле номгӯйи васеъи воситаҳои тарғибот мебошад. 
Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қонуни пойгоҳие мебошад, ки кафолати интихоботии ҳуқуқи шаҳрвандонро муқаррар ва танзим менамояд, умуман ҳуқуқи шаҳрвандонро барои интихоб гардидан ва интихоб намудан дақиқ месозад. 
Дар ин кодекс принсипҳои роҳ надодани поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми фаъолона ва ё суст ба амал татбиқ намудани ҳуқуқи интихоботӣ (м.4), озодона ва пӯшида овоз додан (м.7), рӯшод ва шаффофии ҷараёни интихобот (м.8), ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ (м.45,48) ва ҳамчунин фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ (м.13,14,21,25 ва ғайра) мустаҳкам карда шудааст. 
Поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми баргузории интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳама зинаҳои ҷараёни интихобот метавонад ошкор гардад. Қонунгузорӣ рӯйхати амали хилофи қонунро сабт намудааст, ки барои он ҷавобгарие, ки Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ менамояд, дар назар дошта шудааст. 
Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои интихоб гардидан ва интихоб намуданро чандин ташкилот ва мақомот бояд таъмин намояд, ки вазифаҳои қонун ва ваколатҳои онҳо муқаррар гаштааст. Ба он комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, воситаҳои ахбори оммавӣ ва суд дохил мегарданд. 
Ҳуқуқи назорати интихобот ба намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ВАО, нозирон аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки бинобар мутобиқати интихоботи ҷорӣ ба стандартҳои демократӣ мониторинг мебаранд, дода шудааст. Натиҷаҳои мониторинг муттасил то ба эътибори комиссияҳои интихоботӣ бо мақсади ислоҳ намудани хилофкориҳои роҳдодашуда расонда мешавад. Динамикаи назорати байналхалқӣ аз рӯйи интихобот дар Ӯзбекистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иштироки нозирони хориҷӣ (байналхалқӣ) дар солҳои охир афзун мегардад. 
Вақтҳои охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши ҳимояи чӣ берун аз судӣ ва чӣ ҳимояи судӣ зиёд мегардад. Ҳамин тариқ, бинобар моддаи 102 Кодекси интихоботӣ қарори комиссияҳои интихоботӣ метавонад аз ҷониби мақомоти ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳоро пешниҳод намудаанд, номзадҳо, шахсони боэътимод, нозирон ва интихобкунандагон ба суд дар зарфи 5 рӯзи пас аз қабули қарор зери шикоят гирифта мешавад. 
Самарабахшии қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо демократисозии низоми сиёсӣ, устуворгардии бисёрҳизбӣ, рушди муносиботи бозаргонӣ дар иқтисодиёт, тараққиёти озоди ВАО, ташаккул ёфтани ҷамъияти шаҳрвандӣ иртибот дорад. Ҳамаи ин ногузирии дониши васеъи қонунгузории интихоботӣ ва таҷрибаи татбиқи онро аз ҷониби тамоми иштирокдорони ҷараёни интихоботӣ муҳим мешуморад, ки он ба ҳарчи бештар татбиқ гардидани принсипи озодии интихоб, минбаъд дарёфт намудани арзишҳои демократии интихобот дар Ӯзбекистон аз ҷониби шаҳрвандон зарур аст. 

Амонулло 
МУҲАММАДҶОНОВ, 
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: