Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов 20-21 октябр бо сафари расмӣ ба ин кишвар ташриф меорад.
Тибқи барномаи сафар музокироти сатҳи олӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавӣ дар назар аст.
Ба тавсеаи равобити шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар марҳалаи нав, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва саноати кимиё, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, идомаи табодули фаъоли фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳ дода шудааст.
Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш қабули бастаи устувори созишномаҳои дуҷониба оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар назар аст.
Дар ҷараёни боздид ифтитоҳи боғи “Тошканд” дар шаҳри Ашқобод ва оғози муштараки лоиҳаи бунёди Маркази тиҷоратии марзӣ низ дар назар аст.