ҶАВЕ БАҲРА КАРДАН ЗИ КАСБИ ҲАЛОЛ...

Муаллима ба синф даромад. Хонандагони хурдсол ҳама аз ҷо хеста «Ассалому алейкум, устод!» гуфтанд.

Муаллима баъди ҷавоби саломро гуфтан ба нишастан иҷозат дод. 
– Бачаҳои азизи ман, кайфиятҳо чӣ хел?
– Аъло!
Муаллима дид, ки хурдсолон дар даст коғазчаҳои рангаи дар шакли «дилак» буридашуда доштанд, гуфт:
– Ин «дилак»-ҳо барои чӣ?
– Шумо мисли модарҷонамон ҳастед, шуморо аз таҳи дил дӯст медорем, – бо як овоз ҷавоб доданд бачаҳо. 
– Ташаккур, шумоён низ дили ман, нури дидагони ман ҳастед. Ҳамаи шумоёнро дӯст медорам. Навбатчии имрӯза кист?
Духтараке аз ҷой хеста ҷавоб дод:
– Навбатчии навбатчӣ, ба ҳама дарс хабарчӣ,
Ба дарсҳои имрӯза, ҳама иштирокчӣ.
Навбатчии имрӯза, Мубинаи балоча!
– Хеле хуб, шумо афсонаро дӯст медоред?
– Ҳа!
– Ҳоло бо шумо афсонаи «Рӯбоҳ ва паланг»-ро бо усули «бумеранг» мегузарем. Афсонаҳо моро ба некӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстӣ, меҳнат ҳидоят мекунанд...
Омӯзгори тоифаи олии мактаби миёнаи рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Латофат Исматова ҳар як дарси худро бо рӯҳи болида оғоз менамояд. Бо забони ширину меҳрубонӣ ва навозиш ба дили хонандаи кӯчак роҳ меёбад. 
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки дар ҳама замонҳо чунин омӯзгороне буданд, ки ба вазифаи шарафноки худ бо масъулият муносибат карда, ангуштнамои соҳаи маориф шудаанд. 
Синфҳои ибтидоӣ пойдевори бинои мактаб, муаллими онҳо бошад, меъмори ҳамон бино мебошад, ки ба  каҷу ростии он ҷавобгар аст.
– Омӯзгор пеш аз ҳама бояд кӯдаконро дӯст дорад, дар дилу зеҳни кӯчаки онҳо  хислатҳои некиву ростгӯиро ҷой дода тавонад. Дар ин миён омӯзгор хуни дил мехӯрад, сиҳатии худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад. Омӯзгор агар фарзанди мардумро мисли фарзанди худ дӯст надорад, дар дили шогирдон маъво пайдо кардан наметавонад, – мегӯяд Л. Исматова. 
Азбаски ҳаёти чунин занони фарҳангдӯсту маорифпарвар, дурандеш ва сабур барои ҷавонон сабақи зиндагӣ аст, хостем аз пешаашон каме дур равему доир ба ҳаёти занони деҳот, шароити зисти имрӯзаи онҳо, одобу ахлоқи духтарон, ки модарони ояндаанд, суҳбат ороем. Бо ин мақсад  бо муаллима суҳбат кардем.
Муаллима яке аз занони фаъоли маҳалла мебошад. Ба тӯю ид ва дигар маъракаҳои деҳа ӯро ҳамчун зани пурдида, маслиҳатгӯ ҷеғ мезананд. 
– Дар таътил низ дар хона намешинам. Ба маҳалла баромада ба корҳои маънавию маърифатӣ бо ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон, муносибати онҳо ба оила, аъзоёни он, эҳтироми якдигар суҳбатҳо мегузаронем. Имрӯзҳо мебинем ва ё тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ мешунавем, ки бархе аз ҷавонони имрӯз ба оила, муқаддасотии он хунукназарона рафтор мекунанд. Ҳаёт аз пастиву баландӣ иборат аст, ба ҳамаи ин бояд сабр кард. Рӯзгоре дар шароити вазнини зиндагӣ момоҳо ва модарони мо то 9, 10, 11 нафар фарзанд таваллуд карда, ба воя расондаанд, – мегӯяд муаллима.
– Бисёртар аз ҷониби ҷавонписарон, ки худро баъди издивоҷ «подшоҳи хона» ҳисобида, арӯсакро, ки ҳоло ба ин оилаи бегона, унс нагирифтаасту, ба хатоҳо роҳ медиҳад, дашном медиҳад, лату кӯб мекунад, воқеаҳои нохуш сар мезананд.
Дини мубини ислом дар хусуси эҳтиром ба зан нисбати дигар адён дастуроти зиёде дорад. Барои баланд бардоштани мартабаи зан ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) фармудаанд: «Ҳар касе аз уммати ман се духтар ё се хоҳарро дар тарбияи худ гирифта, ба онҳо некӣ бикунад, онҳо барои ӯ аз оташи дӯзах пардае мешаванд». Ҳар чизе, ки нозук аст, тарбияаш низ нозуку душвор аст. Тарбиятгарони ботарбия лозиманд, то аз ӯҳдаи ин кори масъулиятнок бароянд. Барои тарбиятгар сарчашмае лозим аст, то ҳамчун қутбнамо аз он истифода намояд. Сарчашмаи беҳтарин ҳадисҳои Қуръон, сипас фармудаҳои ҳакимон, сипас таҷрибаи рӯзгордидагон. Сифатҳое, ки духтар бояд дошта бошад, инҳоянд: «Мӯъмина, ростгӯй, босабр, худотарс, садақадиҳанда, шармгоҳи худро аз зино ҳифзкунандаву нигоҳдоранда». Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) ба Оиша (р) фармудаанд: «Кореро, ки сабаби узроварӣ шавад, тарк намо!» 
Дар ин ҷо гуфтаҳои муаллимаро тақвият бахшида, масале доир ба тарбия ба хотирам расид: Модасаге модашереро таъна зада гуфт: «Ман ба якборагӣ то ҳашт фарзанд ба дунё меораму ту беҳунар ҳамагӣ якто». Модашер дар ҷавоб гуфт: «Рост аст, ки ту ҳаштто, ман якто, аммо фаромӯш макун, ки ман шербача ба дунё меораму ту сагбача. Пас якеи ман аз ҳаштои ту беҳтар аст». Ин масал ба волидон меомӯзонад, ки як фарзанди хуб ва ботарбия беҳтар аст аз чандин нохалаф, ки ба роҳи бад рафтаанд.
Муаллима мегӯяд, ки бо ҳамдастии омӯзгорон, фаъолони маҳалла, занони пурдидаю рӯзгордида  дар мактаб, маҳалла, ҷамъомаду маъракаҳои мардуми деҳа такрор-такрор оиди тарбияи ҷавонон, аз телефон дур кардан, ба китобхонӣ, меҳнат, кумак ба падару модар ҷалб намудани онҳо бояд зуд-зуд суҳбатҳо гузаронем.
Имрӯзҳо муаллима боз ҳам серкор аст. Ба оғози соли хониши нав рӯзҳои башумор мондаанд. Синфхонаҳо аз таъмир баромада, бо ҷиҳозҳои хониш таъмир гардиданд. 
Латофат Исматова ҳар як дарси худро эҷодкорона ва шавқовар мегузарад. Ин аст, ки падару модарон ҳаракат мекунанд фарзанди якумхонакашонро ба дасти муаллима супоранд. 
– Ман аз он ифтихор дорам, ки дар мактаб, маҳалла, кӯчаву гузар хурду калон даст рӯйи сина гузошта «Ассалому алейкум, муаллима» мегӯянд. Магар барои гиромидошти инсон аз ин зиёд бахт ҳаст?
Хусрави Деҳлавӣ фармудааст:
Ҷаве баҳра кардан зи касби ҳалол,
Беҳ аз ганҷ бурдан ба ғасби вубол.           

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Дар сурат: Латофат Исматова бо шогирдони худ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: