Ҷаҳониён медонанд, ки Бухоро шаҳри илму дониш, макони аҳли адаб ва фарҳанг буд.
Мо чанде пеш дар шаҳри Бухоро будем. Мақбараи Сомониёнро зиёрат кардем. Чашмаи Аюб, Арки Бухоро ва мадрасаи Мири Арабро тамошо намудем. Моро дар яке аз қаҳвахонаҳои майдони Лаби Ҳавз раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони Бухоро «Офтоби суғдиён», Рауф Авезов ва корманди илмии Институти шарқшиносии ба номи Берунӣ Комилҷон Раҳимов пазироӣ намуданд. Мавзӯи суҳбат таърих ва адабиёти асрҳои миёнаи ин сарзамини биҳиштосо буд. Чун сухан аз Рӯдакӣ кушода шуд, ҳар ду бухороӣ бо ҳамовозӣ қасидаи машҳури саромади адабиёти мумтози форсу тоҷик Рӯдакиро қироат намуданд.
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Ому бо дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст
Хинги моро то миён ояд ҳаме...
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме...
Тааҷҷуб накардам, зеро ҳарчанд дар мактаб ба забони тоҷикӣ таълим нагирифтаанд, ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърихи қадимаи шаҳр доштанд. Ва шояд ҳар як бухороӣ ин қасидаро аз ёд донад.
Чаро ки «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ...» шояд аввалин қасида аст дар васфи Бухоро. Ва гӯё маҳз ҳамин қасида ба Бухорономаҳо асос гузоштааст. Агар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ аз ҷониби олимони соҳа беҳтарин сарчашмаи таърихи Бухоро эътироф шуда бошад, қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ...» дар адабиёт ҳампояи он аст. Ҳар ду паллаҳои як тарозуанд. Рӯдакӣ бо забони ноби аҳли Бухоро манзараҳои дилнишини шаҳр ва атрофи онро чунон ба тасвири бадеӣ кашидааст, ки мир сурудро то ба охир нашунида, аз Бодғис сӯйи Бухоро роҳ мегирад. Аз ин ҷараён ривоятҳо ҳастанд.
Дар ривояте омада: Амир Наср ибн Аҳмад аз Бухоро ба Марв меояд. Чанд муддат он ҷо мемонад. Ҳамсафони амир ёди Ватан мекунанд, дидори қарибону наздиконро мехоҳанд.
Аркони давлат аз шоир ва муғанниён хоҳиш мекунанд, коре кунанд, то амирро меҳри эҳсоси ватану ватандорӣ бедор шавад ва сӯйи Бухоро роҳ пеш гирад.
Рӯзе Рӯдакӣ, бо асбоби мусиқӣ назди Наср ибни Аҳмад меояд. Амир кайфияти хуш дошт. Шоир зери оҳанги марғуб ба сароидани қасидаи ӯ «Ушшоқ» шурӯъ мекунад. Овози фораму маҳине дошт Рӯдакӣ. Оҳангу суруд эҳсосоти амирро бедор мекунанд.
Мегӯянд, ки сухан созанда аст. Табиати зебо, осмони мусаффо, арку қасру боғу бӯстони Бухоро ҳама пеши назари амир падид меоянд ва Наср ибни Аҳмад аз ҷой бархеставу маҳсӣ ҳам бар по накарда, савора мефармояду худро зуд болои асп гирифта, сӯйи Бухоро роҳ пеш мегирад. Аҳли рикоб аз паси ӯ равона мешаванд. Дар истгоҳи навбатӣ Наср ибни Аҳмад маҳсиро ба по мекунад.
Ин ривоят чандин нусха дорад, вале чунон ки дар боло гуфтем, моҳияти онҳо як хел аст.
Ёд надорам, аз куҷо хондаам ё аз кӣ шунидаам, як шарқшиноси аврупоӣ пас аз соҳибистиқлол шудани кишвар ба Бухоро меояд. Ҳамроҳ бо як мансабдори зодаи Бухоро ба зиёрати шаҳри қадима мебарояд. Мусташриқи аврупоӣ хоҳиш мекунад, ки ҷӯйи Мӯлиёнро зиёрат намуда, аз оби он ба серӣ нӯши ҷон кунад. Аммо, соҳибмансаби бухороӣ, мутаассифона, дар бораи ҷӯйи Мӯлиён тасаввурот ҳам надошт.
Мусташриқ дар ҳайрат монда мепурсад: Оё шумо қасидаи дар дунё машҳури Рӯдакӣ «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро намедонед. Аврупоӣ қасидаи Рӯдакиро қироат ва яке аз он ривоятҳоро ба мизбон нақл мекунад.
Имрӯз натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар ҷаҳон сайёҳӣ рушду ривоҷ меёбад. Ин раванд дар Ӯзбекистон мақому мавқеи худро пайдо кардааст. Сайёҳӣ омили муҳими рушду равнақ ва пешбари иқтисодиёти ҳар як кишвар аст. Барои равнақи сайёҳӣ дар кишвари мо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Табиати рангоранг, шаҳрҳои қадима, арзишҳои миллӣ ва ҳоказо муҳимтарин омили ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мебошанд. Дар ин ҷараён Бухоро мавқеи беҳтар дорад. Ҳар нафаре ба Бухоро равад, ба гурӯҳ-гурӯҳ сайёҳони дохиливу хориҷӣ дучор меояд. Ҳатто ба мушоҳида расид, ки одамон барои зиёрати мақбараи Сомониён навбат мепоянд.
Шуҳрати «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», ё худ ҷӯйи Мӯлиён беш аз 1150 сол аст, ки торафт меафзояд. Номи ҷӯйро туфайли қасидаи Рӯдакӣ бисёриҳо медонанд. Низомии Ганҷавӣ (1141 - 1209), ки Бухороро надида буд, ибораи «ҷӯйи Мӯлиён»-ро дар «Хамса» мавриди истифода қарор додааст. Пас Низомии Ганҷавӣ аз осори Рӯдакӣ огоҳ буд ва қасидаи саромади адабиёти мумтози форсиро хондааст. Ҳикояти шарқшиноси аврупоӣ низ далели ин гуфтаҳост.
Имрӯз ҷӯйи Мӯлиён ҳаст. Қисми зиёди он манзилро соҳибкорон гирифтаанд ва боқимонда хароб аст. Бешубҳа, ҷӯйи Мӯлиён аз Рӯдакӣ пештар ҳам вуҷуд доштааст, вале тавсифи шоир онро машҳури ҷаҳон кардааст.
28 сентябри соли 2022 қарори Девони Вазирон «Дар бораи боз ҳам ривоҷ додани сайёҳӣ дар Бухоро барои солҳои 2022-2026» қабул гардид. Маъмурони ҳокимияти Бухоро метавонанд дар заминаи ин қарор макони ҷӯйи Мӯлиёнро обод кунанд. Шояд ҳокимияти шаҳр ин ҳамаро ба инобат гирифта, баҳри обод намудани ин ҷӯйи таърихӣ ҳиммат гузорад. Он ҷо боғ бунёд намуда, муҷассамаи Рӯдакиву амири аспсаворро гузоранд. Номи ҷӯйро дар санг сабт намоянд. Ба макони сайру саёҳат ва истироҳат табдил диҳанд. Зеро Рӯдакӣ маҳз дар ҳамин шаҳр зиндагӣ карда, ба ҳамин халқу ба ҳамин Ватан хидмат кард. Агар ин мавзеъ ба як манзили сайру саёҳати сайёҳон табдил меёфт, ин ҳам арҷгузорӣ ба Рӯдакӣ мешуду ҳам рӯҳи ниёконро шод мекард.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.