ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ РИВОҶ МЕЁБАД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии Девони Вазирон дар мавзӯи «Вазифаҳои устувор дар фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ» нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Дар он намояндагони созмони номбурда, мутахассисон ширкат варзиданд. 
Дар чорабинӣ таъкид гардид. ки дар солҳои охир дар мамлакати мо барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогии баландмалака, аз аттестатсия гузарондани онҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин ҷараён Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми таълими пас аз мактаби олӣ»  аз 16 феврали соли 2017 ва қарор «Дар бораи чорабиниҳои ҷорӣ кардани тамоилҳои нави идоракунӣ дар низоми таълими олӣ ва миёнаи махсус» аз 11 июли соли 2019 аҳамияти таърихӣ касб кард.
Хусусан, дар давоми солҳои 2013-2019 аз 3450 нафар талабгор 1175 нафар ба дараҷаи доктори илм ва 2275 нафар ба дараҷаи доктори фалсафа тасдиқ гардид. Аз инҳо 787 нафар доктори илм ва ҳамаи докторҳои фалсафа дар давраи пас аз 1 июли соли 2017 ба гирифтани дараҷаи илмӣ ноил гардиданд.
Дар ин бобат боз як чизро  қайд кардан лозим аст: то 1 июли соли 2017 дар муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотии ҷумҳурии мо 40 шӯрои илмӣ фаъолият карда бошад, айни замон миқдори онҳо ба 160 адад расидааст.
Соли 2019 дар раёсати Комиссияи олии аттестатсионӣ  ҳамагӣ 1612 кори аттестатсия дида баромада шуд. 
Боз як масъалаи мавриди таваҷҷуҳ ин аст, ки 33 фоизи докторҳои илм ва 37 фоизи докторҳои фалсафаро бонувон ташкил медиҳанд. 
Натиҷаҳои илмии ҳамаи диссертатсияҳои ҳимояшуда ба амалиёт ҷорӣ карда шуданд. Барои шиддат бахшидан ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва тараққиёти инноватсионии мамлакати мо бинобар такмил додани салоҳияти илмӣ ва илмиву педагогии сифатнок, пеш бурдани фаъолияти илмӣ, хусусан, шароити васеъ фароҳам овардан ба ҷавонони боиқтидор, рағбатноксозии фаъолияти илмии самаранок, истифодаи оқилона аз таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии ташкил кардани аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогии баландмалака як қатор пешниҳодҳо кор карда шуданд. Аз ҷумла, барои минбаъд ривоҷ додани тадқиқотҳои дорои хусусияти инноватсионӣ, амиқсозии интегратсияи илм ва истеҳсолот, роҳандозии механизмҳои самараноки босуръат дар амалиёт ҷорӣ кардани натиҷаҳои илмӣ, рағбатноксозии таваҷҷуҳи ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани нуфузи илмӣ тартиби дар асоси низоми ҳимояи бинарӣ (дутогӣ) ба довталабе, ки доктори фалсафа (PhD) ё дараҷаи илмии ба он баробар мебошад, доктори илм (DSc), ба довталабе, ки натиҷаҳои илмиро ба амалиёт татбиқ кардааст, додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) ҷорӣ карда мешавад.
Барои ноил шудан ба истиқлолияти муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ дар соҳаи аттестатсия ваколати мустақил додани унвонҳои илмии корманди калони илмӣ ва профессор ба тариқи таҷриба ба 30 муассисаи таълими олие, ки бинобар рейтинги муассисаҳои таълими олӣ баланд меистанд, ҳамчунин, дар асоси тавсияи Академияи илмҳо ба шӯроҳои муассисаи тадқиқоти илмӣ дода мешавад; бинобар роҳандозии имтиҳонҳои малакавӣ муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ ба аксарият ваколатҳо соҳиб мешаванд; бо назардошти талабҳои иқтисодиёти рақамӣ дар асоси низоми гардиши ҳуҷҷати электронӣ дар ҷараёни аттестатсия бинобар қабул кардани инҳо 5 таъминоти барномавӣ кор ва дар амалиёт ҷорӣ карда мешавад; бо мақсади ба ҳамаи нашрҳои илмии миллӣ шароити мусовӣ фароҳам овардан рӯйхати нашрҳои илмии миллие, ки барои чоп кардани натиҷаҳои илмӣ тавсия гардидаанд, бекор карда мешавад; эълон кардани мақолаҳо дар маҷаллаҳои дорои импакт-фактор, ки дар таҷрибаи байналхалқӣ васеъ корбаст мегарданд, ба ҷараёни аттестатсия ҷорӣ карда мешавад; тартиби эътироф кардани ҳуҷҷат дар бораи дар давлати хориҷӣ гирифтани дараҷа ё унвони илмӣ куллан аз нав дида баромада, дар Агентии хизматҳои давлатӣ ё даргоҳи Хизматҳои давлатии ягонаи интерфаъол амалисозии ҷараён роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ба таъбири Президенти кишвар: «Мо дар асоси талабҳои замони ҳозира такмил додани фаъолияти ҳама соҳаҳои низоми таълим ва тарбияро вазифаи якумдараҷаи худ медонем». 

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: