МУШКИЛИҲО ЗИЁДАНД, АММО...

Дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Ғелон»-и ноҳияи Шаҳрисабз дидору мулоқоти сайёре бо ширкати раҳбарони чаҳор идораи ҳуқуқии ин ноҳия баргузор гардид ва даҳҳо мушкилӣ марбути зиндагии бошандагони ин қаламрав баррасӣ шуд.

Хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» низ дар мулоқоти мазкур ширкат варзида, шоҳиди суҳбатҳои кушоди мардум ва раҳбарони идораҳои бонуфузи ноҳия шуд. Шуҳрат Узоқов, сардори шӯъбаи адлия,  Анвар Қаҳҳоров, директори маркази хидматрасонии давлатӣ, Маърифат Исмоилова, мудири хадамоти давлатии сабти ҳолатҳои шаҳрвандон ва  сарҳуқуқшиноси маркази хидматрасонии ҳуқуқии ноҳия аз мушкилот ва дардҳои бошандагони ин маҳал воқиф гаштанд. 
Шуҳрат Узоқов гуфт, ки ин идораҳои ҳуқуқӣ ба 57 ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия рафта, чунин мулоқот баргузор месозанд ва муаммоҳои рӯзгори мардумро дар доираи салоҳияти қонун ҳаллу фасл мекунанд. 
Дар ин суҳбат аҳли маҳаллаи «Ғелон» аз муаммоҳои рӯзгори худ сухан гуфтанд ва аз раҳбарони идораҳои мазкур дар ҳалли саривақтии мушкилот кумак хостанд. Аксари дардҳои мардум ҷанбаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошт. Чандин бонувони муқими маҳаллаи «Ғелон» шикоят карданд, ки дар оила фарзандони бемор ва малӯл доранду даромади хонаводагӣ ҳатто ба табобат ва харидани дорувор кифоят намекунад. Аммо идораҳо дар сабти расмии кӯмакпулиҳо таъхир ва ҳатто мусоидат намесозанд. Сокини ин маҳал Муҳайё Валиева гирён ва бо алам шикоят кард, ки шавҳараш гирифтори бемории рӯҳист – 20 сол боз мариз аст. Вай барои таъмири манзили зисти худ, ки ба гуфтааш хеле хароб аст, ҳатто ба «Қабулхонаи Президент» ҳам шикоятнома ирсол дошта, кумак пурсидааст. Як ҳайати босалоҳият барои тафтиш омада, маҳалли зисти ӯро омӯхтанд ва ваъдаи кумак карда, бо ҳамин нопадид гаштанд, яъне муаммои рӯзгори ӯ ҳалношуда боқӣ монд.   
Раиси ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Ғелон Сафармурод Ҷабборов аз чандин мушкилӣ ёд овард, ки бо вуҷуди муроҷиати чандинкарата ҳаллу фасл намегарданд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки мактаби рақами 58-уми деҳа, ки аз қадимтарин ва мӯътабартарин масканҳои илму маърифати музофот ба шумор меравад, аз соли 2019 ба ин сӯ таъмири ҷорӣ нашудааст ва чаҳор сол боз  бидуни тайёрӣ ба соли хониш шогирдонро қабул мекунад. Ҳолати ногувори мактаб ба рӯҳияти хонандагон ва устодон таъсири манфӣ мерасонад. Дар мактаби рақами 1-ум бошад, майдончаи варзишӣ комилан  сангзор аст ва маъмурияти мактаб барои мумфарш, ё бетонпӯш сохтани он дармондаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ саъй дорад сифати таълимро боло барад, аммо бидуни ҳалли чунин мушкилот оё метавон ба ин муваффақ шуд? Ба гуфтаи ӯ, муассисаи томактабии рақами 22-юми деҳа то ҳанӯз беоб аст. Сафармурод Ҷабборов гуфт, ки муроҷиати чандинкаратаи кормандони ин муассиса ва раиси маҳалла ва худи мо то кунун бенатиҷа аст.   
Устоди забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 58 Рӯзибой Қурбонов гуфт, ки дар мактабашон хонандагон дар ду баст таълим мегиранд. Аммо дар тирамоҳу зимистон зуд шом мешавад ва хонандагон то расидан ба манзили зисти худ дар торикӣ мемонанд. Ин ҷо кӯҳистон, ки ҳаст, ҳайвоноти ваҳшӣ ба мисли хирсу гургу шағол зуд-зуд ташвиш эҷод месозанд. Аз ин лиҳоз, дарсро бояд дар як баст ташкил кард, то амнияти шогирдон таъмин гардад. Рӯзибой Қурбонов боз аз як мушкилӣ ёдовар гашт, ки ин ҳоло ба тамоми мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикии ҷумҳурӣ дахлдор мебошад. Яъне китобхонаҳои дабистон ва маҳалла китобҳои бадеии тоҷикӣ надоранд. Дар як мулоқот бо ҳокими вилояти Қашқадарё ин мушкилро матраҳ намудаанд ва ӯ ваъда дода буд, ки агар китобҳои тоҷикиро пайдо созанд, ҳукумат маблағашро пардохт менамояд. Ба гуфтаи ин омӯзгор, онҳо 1500 номгӯй китобро, ки нашри чопхонаҳои ҷумҳурӣ аст,  ба деҳаи Ғелон овардаанд, аммо маблағи онро пардохта наметавонанд.  Рӯзибой Қурбонов гуфт, ки ин маблағ (6 миллион сӯм)-ро ногузир аз ҷайби худ пардохтааст, то назди нашриёт қарздор ва шармсор намонад. 
Шуҳрат Узоқов, сардори шӯъбаи адлияи ноҳия гуфт, ки ҳар як мушкили бошандагони деҳаи Ғелон, ки имрӯз шунида шуданд, дар доираи салоҳияти қонун ва имконоти чаҳор идорае, ки ҳоло бо мардум дидору мулоқот доранд, ҳаллу фасл хоҳанд гашт. Ҳамчунин аз мавҷудияти як қатор муаммоҳои дигар, ки марбути идороти мухталиф ҳастанд, онҳоро огоҳ хоҳанд сохт. Ба таъкиди ӯ, мушкилоти рӯзгори мардуми Ғелон батадриҷ ҳал мешаванд ва ҳоло ин мавзеъ назар ба даҳ соли пеш хеле пешрафт кардааст, роҳҳои дохиливу берун аз он мумфарш мегарданд... 
Дар поёни ин дидору мулоқоти сайёр мудири хадамоти давлатии сабти ҳолатҳои шаҳрвандони ноҳия Маърифат Исмоилова ба се оилаи ҷавони деҳа, ки ба тозагӣ издивоҷ кардаанд, гувоҳномаҳои  сабти никоҳи онҳоро супорид.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.      
 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: