Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ муовини Раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро, ки дар доираи чорабиниҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Вазир Рашид Мередов ба сарвари давлатамон аз Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Раиси Халқ Маслаҳатӣ, Пешвои миллат Гурбангулӣ Бердимуҳамедов саломи гарму ҷӯшон ва орзуҳои нек расонд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон рӯзҳои 14-15 июл ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Туркманистон 21-22 октябри соли 2022 ба даст омадаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркманистон, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика, густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои муштарак – ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, Комиссияи муштарак оид ба масъалаҳои идоракунии об, машваратҳои сиёсии байни ВКХ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор мешаванд.
Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷадвали ҷаласаҳои оянда баррасӣ шуд.