Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Чин меравад

Бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 23-25 январ ба ин кишвар бо сафари давлатӣ ташриф меорад.

Тибқи барномаи буду бош дар Пекин музокироти сатҳи олӣ ва як қатор вохӯриҳои дуҷониба баргузор мешаванд.

Дар рӯзномаи чорабинӣ ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин ва тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи амалӣ ҷой дода шудаанд.

Сарвари давлатамон ҳамчунин ба яке аз минтақаҳои Чин сафар карда, бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Чин ва ниҳодҳои бонкиву молӣ мулоқот хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: