ИДОМАДИҲАНДАГОНИ СУЛОЛАИ ОШПАЗҲО

Бо Баротҷон Саримсоқови ровонӣ баъди кам шудани мизоҷонаш дар як гӯшаи толори барҳавои ошхонаи ӯ суҳбат оростам.

Вай писари Ҳамробойамак Саримсоқов мебошад, ки ҳанӯз дар даврони шӯравии собиқ бо хӯрокҳои хуштаъму лазизаш дар байни мардум шӯҳрат пайдо карда, дар солҳои аввали касби истиқлолияти кишвар нахустин соҳиби ошхонаи хусусӣ дар ноҳияи Сӯх маҳсуб меёфт. 

– Солиёни дароз аз деҳаҳои атроф мизоҷонаш маҳз ба ҳамон ошхона омада хӯрок тановул мекарданд, ки дар маркази хоҷагии ҷамоавии «Сӯх» – деҳаи Ровон воқеъ гашта буд. Аксарият мегуфтанд, ки хӯрокҳои пухтаи вай таъму мазаи хос дорад ва онро дар ошхонаҳои дигар пайдо кардан имконнопазир мебошад, – ёдовар шуд Баротҷон. – Аз ин рӯ, ошхонаи он кас аз мизоҷон ҳамеша лабрез буд. Ҳоло аз он ошхона ному нишон боқӣ намондааст ва ҷояшро дар маркази ҳозираи ноҳия биноҳои баланду зебои замонавӣ ишғол кардаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам дар солҳои салтанати шӯравӣ ва даҳсолаи охири қарни бистум Сӯх бо картошкаи худ маъруфу машҳур гашта буд. Аз вилоятҳои гуногун мошинҳо қатор омада, аз бригадаҳои картошкапарварӣ картошка харид карда мерафтанд. 
– Яке аз хӯрокҳое, ки чи барои мардуми Сӯх ва чи барои меҳмонони дигар писанд буд, картошкабирён маҳсуб меёфт. Падарам онро бо тарзи хос ва диди баланд мепухтанд. Бӯяш ба чаҳор тараф паҳн шуда, иштиҳоро бедор мекард,– боз ба ёд меорад Баротҷон.
Ҳамробойамак Саримсоқов аллакай зимни ба ҷо овардани хидмати аскарӣ ба касби ошпазӣ машғул шудааст ва хӯрокҳои пухтаашро ғайр аз аскарони қаторӣ фармондеҳони рутбаҳои гуногун низ бо майли том тановул мекардаанд. 
– Яке аз духтарони рус, ки Нина ном доштааст, ба хӯрокҳои лазизи падарам мабҳут гашта, ба он кас издивоҷ мекунад. Баъд ҳарду аҳду паймон кардаанд, ки то охири ҳаёт бо ҳам зиндагӣ хоҳанд кард. Ҳамон духтар ҳамроҳи падарам ба деҳаи Ровон омадааст, вале натавонистааст ба шароите, ки солҳои пеш дар ин ҷо мавҷуд буд, тоб оварад, барои ҳамин дубора ба Русия баргаштааст. Боз чанд сол онҳо тавассути мактуб мукотибаро давом додаанд, вале рафти зиндагӣ падарамро ба маҷрои дигар кашидааст ва бо Даҳятхон ном ҳамдеҳааш издивоҷ намудааст, – мегӯяд Баротҷон.
Холаи Даҳятхон бо амаки Ҳамробой солҳои дароз зиста, ҳафт фарзанд – чаҳор писару се духтар таваллуд кардааст. Баротҷон фарзанди калони ин хонавода мебошад ва ҳоло ба сифати яке аз соҳибкорони варзидаи ноҳияи Сӯх ном баровардааст.
– Рӯзе ҳокими пештараи ноҳияи Сӯх Баҳодурҷон Обидҷонов падарамро ба наздаш даъват карда гуфтааст, ки дар минтақаи «Навобод»-и деҳаи Ровон, воқеъ дар шафати бемористони марказии ноҳия,  ошхонаи хусусии худро ифтитоҳ намояд. Ин ошхонаи хусусӣ номи «Ҳамрообод»-ро гирифтааст ва падарам боз бо таомҳои лазизаш ба дили мизоҷонаш роҳ ёфтааст, – мегӯяд Баротҷон Саримсоқов. – Ана ҳамон ошхонаи якуми шафати роҳро, ки шумо мебинед, падарам солҳои аввали истиқлол боз кардаанд. Ҳоло онро яке аз бародаронам фаъол намудаву корҳои сулолаамонро давом медиҳад.
Тавре ки Баротҷон қайд намуд, пештар ҳар меҳмоне, ки ба хоҷагии ҷамоавии ҳамонвақтаи «Сӯх» ва баъди ба ноҳия табдил ёфтани он ба Сӯх ташриф оварад, дар хидмати вай падараш камарбаста буд.
– Рафиқ Нишонов – котиби якуми Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон зимни ташриф ба Сӯх бо мардум суҳбату мулоқотҳо доир намуда, баъд дар осоишгоҳи «Ҳоити Сангин» меҳмон шуд. Чизе, ки мани сӯхиро ба ҳайрат овард, ба забони софи тоҷикӣ ҳарф задани Рафиқ Нишонов буд. Ман аз ҷаззобияти ин суҳбат чунон хушҳол шудам, ки ба курта намегунҷидам. Ҳамон шом он касро бо хӯрокҳои лазизу хуштаъм меҳмон кардем, – бо ифтихор гуфт Баротҷон Саримсоқов. 
– Солҳои пеш дар ноҳияи Сӯх гази табиӣ мавҷуд набуд. Ҳарчанд лӯлаи ин газ марзи ҳозираи Сӯхро убур намуда, ба Қирғизистон интиқол меёфт, сӯхиён аз шарофати он бебаҳра буданд. 
Баъди касби истиқлолияти кишварамон барои мардуми мо насиб кард, ки аз гармии гази табиӣ баҳраманд шавем. Албатта, ҳоло тамоми Сӯх бо гази табиӣ таъмин нашудааст, вале дар ошхонаи мо бо истифода аз гази табиӣ намудҳои гуногуни хӯрок пухта мешавад. 
– Ба наздикӣ шумо бо нишоне сарфароз гардидед.
– Бале, дар фаъолияти соҳибкории мо як ҷанбаи онро меҳру саховат ба дигарон ташкил медиҳад. Бо дарназардошти ҳамин чанде пеш ман бо нишони сарисинагии «Меҳру саховат» сазовор гардидам. Чунин қадршиносӣ масъулиятамро дар мавриди бештару беҳтар нишон додани меҳру саховат ба одамони камбизоат, эҳтиёҷманд ва амсоли он боз ҳам бештар афзуд. Ман аз ин ифтихор мекунам.
– Падаратон шурӯъ аз соли 1955 ба касби ошпазӣ рӯй овардаанд ва дар байни мардуми Сӯх маъруф гаштаанд. Шумо ҷиҳати давом додани ин корҳои падаратон кай тасмим гирифтед?
– Мактаби миёнаро соли 1974 хатм кардам. Аз соли 1967 ба ҳайси шогирд назди падарам ин касбро меомӯхтам, аммо бо иродаи падар ба Техникуми кишоварзии Тошканд дохил шудам ва баъди хатми он ба аскарӣ рафтам. Баъди ба ноҳия табдил ёфтани Сӯх бо падарам корро дар ҳамин тарабхонаи «Обишир» давом додам. Вақте ки Ӯзбекистон ба истиқлолияти худ расид,  хусусигардонӣ, кооперативикунонӣ ва амсоли он дар ноҳияи мо низ вусъат гирифт. Аз ин раванд мо низ дар канор намондем ва падарам нахустин ошхонаи хусусӣ кушоданд. Аввал дар паҳлӯи он кас ошпазӣ кардам, аммо баъд дар ҷои дигар ҳамин ошхонаро сохтам. Соли 2004 ба корхонаи нави хусусиамон номи «Мулеи Шаҳзод»-ро додем.
Дар идомаи суҳбат Баротҷон Саримсоқов ишора намуд, ки аввал модар ва баъд падараш ба Ҳақ пайваст. Ба сифати писарбузурги онҳо масъулияти хонадор кардани бародарону ба шавҳар додани хоҳарон бар дӯши вай афтод. Дар ин ҷода бародаронаш низ ҳамеша ба вай дасти мадад дароз кардаанд. Мулло, Сангинбой ва Ғайрат ҳоло аз пайи касби падар рафтаанд... 
Вай баъди андак таваққуф иброз намуд, ки меҳмонхонаи дорои 20 кат сохтааст ва  чанд соли тамом ба ин сӯ меҳмонҳои зиёдро дар ин меҳмонхонаи хусусии худ пазируфтааст. Аммо ҳоло теъдоди меҳмонхонаҳои Сӯх сол аз сол рӯ ба афзоиш мебошад.
– Аслан дар ноҳияи Сӯх солҳои дароз ягон меҳмонхона вуҷуд надошт. Чунки мардуми мо мусофиронро дар кӯча намемонданд ва ҳоло низ чунин аст. Аммо замона дигар шуд ва ҳар як мусофир мехоҳад, ки бидуни хиҷолат кардани дигарон ҷои зисти муваққат пайдо кунад ва осоиш ёбад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ раванди меҳмонхонасозиро дар ноҳияи Сӯх боз бештар суръат бахшид. Аллакай дар маркази ноҳия чанд меҳмонхона қад рост кардаву сохтмони меҳмонхонаҳои дигар дар шаҳраку рустоҳои Сӯх давом дорад, – гуфт Б. Саримсоқов.
Ба гуфтаи ӯ Президенти мамлакат барои соҳибкорон тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст. Бояд аз ин шароит ба таври кофӣ ва дуруст истифода кард ва ба мардум хидмати беминнат расонд, то ки онҳо аз ин хидмат розиву қаноатманд бошанд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: