Президент аз намоишгоҳи саноати сайёҳӣ дидан кард

  • Президент аз намоишгоҳи саноати сайёҳӣ дидан кард

Сарвари давлатамон бо намоишгоҳи иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон, ки дар Маркази байналмилалии сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” дар Самарқанд ташкил карда шудааст, шинос шуд.

Тавре маълум аст, дар ин рӯзҳо дар Самарқанд иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷараён дорад. Ташкили ин ҳамоиш эътирофи сиёсати дарҳои кушод дар Ӯзбекистон ва иқтидори бузурги сайёҳии он мебошад.

Ҳамин тариқ, дар кишвари мо барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Барои шаҳрвандони тақрибан 100 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводид ҷорӣ шуда, барои шаҳрвандони 55 кишвари дигар тартиби соддашудаи додани раводиди электронӣ муқаррар шудааст.

Инфрасохтори сайёҳӣ инкишоф ёфта, шумораи меҳмонхонаҳо, самтҳои сайёҳӣ ва маршрутҳо меафзояд. Танҳо соли ҷорӣ 15 ҳазор ҷойҳои нави меҳмонхонаҳо ташкил карда шуда, шумораи умумии онҳо ба 140 ҳазор расид. 540 муассисаи истироҳатӣ сохта, 70 хатсайри туристӣ кушода шуд. 6 ширкати хусусии авиатсионӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Президент Шавкат Мирзиёев мавҷудияти иқтидори бузурги истифоданашударо қайд намуда, таъкид кард, ки нишасти асосии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои намоиши ин имконияти хубе аст.

Дар намоишгоҳ иқтидори сайёҳӣ ва сармоягузории 14 минтақаи кишварамон: имкони чунин гӯшаҳои зебоманзари Зомин, Чорбоғ, Чимгон ва дигар минтақаҳои фароғатӣ, деҳаҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои сайёҳии экологӣ ва экстремалиро намоиш дода шудааст.

Девораҳои Кумитаи оид ба сайёҳӣ, ширкати  “Ўзбекистон ҳаво йўллари”, “Uzbekistan airports” ва “Uzbekistan helicopters” ташкил карда шудаанд.  Як қисми намоишгоҳ ба иқтидори сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои стартап, ки дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ амалӣ мешаванд, бахшида шудааст.

Умуман, дар ҷараёни намоишгоҳ лоиҳаҳои умедбахш ба маблағи умумии 2 миллиард доллар ба сармоягузорон пешкаш карда мешаванд.

Президенти Ӯзбекистон ҳамроҳ бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили павилонҳои намоишгоҳро тамошо кард. Ба масъулин доир ба бунёди иншооти сайёҳӣ дар атрофи ҷойҳои ҷолиби диққати минтақаҳо, васеъ намудани шароит барои боздид аз онҳо, инчунин ташаккул додани портфели лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: