ШУЪЛАВАРТАР БОШ, ЧАРОҒИ ДОНИШ!

28-уми декабри соли гузашта доктори фанҳои педагогӣ, инсони накуном Юсуф Абдуллоев зодрӯзи худро ҷашн мегирифт.

Ба ҳамин муносибат табриккунандагон аз бисёр гӯшаву канори ҷаҳон занг мезаданд. Яке ба тоҷикӣ, боз ба русию англисӣ, корейсию хитоӣ. Соҳибҷашн ба ҳама арзи сипос намуда, чун одат суханҳои дилнишину гуворо мегуфт.
Тазоди зиндагиро бинед, ки маҳз ҳамон рӯз Фармони сарвари давлат оид ба стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026 интишор ёфт ва дар он дар кишвари мо ба 50 адад расондани шумораи муассисаҳои таълими олии ғайридавлатии хориҷӣ, аз ҷумла таъсис додани Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд таъкид гардида буд, ки бо фаъолияти ин инсони маърифатпарвар вобаста шуд.
Роҳбари Раёсати идораи бонуфузи Эриэл, раиси васоят, яъне ҳомии омӯзиш, эҳё ва оммавикунии мероси мадании ҷаҳонӣ Бахтиёр Фозилов ӯро назди худ хонд ва гуфт, ки шумо аз асосгузорони Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд, дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ доред. Аз ҳамин сабаб мо қарор додем, ки роҳбарии ин дорулфунуни навбунёдро ба зиммаи шумо гузорем.
Ӯ аз таклифи ногаҳонӣ дар ҳайрат монда, барои маслиҳату андеша вақт пурсид. 
– О, дадаҷонаш, – гуфт ҳамсараш Зебо, – қариб 60 сол бо меҳнат банд будед. Гашти пирӣ ронед, нағз нест?
– Дуруст, – тасдиқомез сар ҷунбонд ӯ, – вале бузургон фармудаанд:
Илм дорӣ, зи кас мадор 
дареғ,
Бар дили ташнагон бибор 
чу меғ!
– Фаҳмо. Аммо навакак дар Тошканд бо фароғат зиндагӣ мекардем. 
– Самарқанд аз Тошканд кам не, – бо табассум гуфт шавҳар, – рахти сафар бастан лозим.
Ӯ ба зодгоҳ омад ва тӯли қариб як сол ҳамчун ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд бо ташвиши мактаби олии навбунёд давуғеҷ кард ва ба муроди дил расид. Дар навбати аввал бинои собиқ омӯзишгоҳи нақлиёти Самарқандро ба иҷора гирифт. Ба маскани нави илм олиму профессорони машҳури Амрико, Англия, Полша, Италия, Ҳинд, Кореяи Ҷанубӣ ва қитъаи Африқоро таклиф намуд. 
Чанде пеш дар самти тадбиркорӣ, менеҷмент ва технологияи хабарӣ 35 нафар дар асоси имтиҳонҳои шаффоф қабул шуданд. Ҳамин тариқ дар донишгоҳ ҷараёни таҳсил оғоз ёфт. Мо ба ин муносибат бо ректори он, профессор Юсуф Абдуллоев суҳбат ороста, ба чанд пурсиши хеш ҷавоб гирифтем.
– Дар Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис ва халқ таъкид шудааст, ки «сиёсати кушоди ҳолоина, афзудани сармояҳои хориҷӣ ва корхонаҳои нав боиси он мегарданд, ки ҷавононамон ба донишгоҳи замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ азм намоянд. Аз ин боис, бояд ба мактабҳо омӯзгорони баландмалакаи хориҷиро даъват кунем», – гуфт Юсуф Неъматович. – Бинобар ин дар донишгоҳи мо омӯзгорони хориҷӣ танҳо ба забони англисӣ таълим медиҳанд. Бешубҳа, дар соли 2023, ки Соли эътибор ба инсон ва  таълими босифат эълон шуд, ба комёбиҳои назаррас хоҳем расид. 
– Юсуф Неъматович, муштариёни рӯзнома мепурсанд, ки мақсад аз ташкил кардани донишгоҳ чист?
– Дар Ӯзбекистони Нав ҷорӣ намудани интегратсия ва технологияи ҷаҳонӣ хеле муҳим аст. Ба ин хотир аз моҳи сентябри соли равон дар мактаби олии мо марказҳои омӯзиши забонҳои Ғарб ва Шарқ, мактаби тайёркунии довталабон, информатика ва робототехника, Маркази Самарқанд – Калифорния оид ва ғояҳои тадбиркорӣ ва инноватсия фаъолияти худро оғоз мекунанд. 
Инчунин, нақша дорем, ки соли равон бо кумаки мутахассисони Куриёи Ҷанубӣ факултаи муҳандисони энергетикаро ташкил кунем.
Дар оянда факултаҳои муҳандисони нафту газ, кимиё, геология, эҳёи муҳити зист низ ташкил карда мешаванд. 
– Ҳоло донишгоҳи нав дар бинои коллеҷи нақлиёти шаҳри Самарқанд иҷоранишин аст? 
– Бале, бинобар ҳамин муассиси мо аз лаби дарёи Зарафшон 45 гектар замин гирифт, ки 6 гектари он барои биноҳои хушсохти замонавии донишгоҳи мо пешбинӣ шудааст. Аллакай корҳои сохтмон оғоз ёфтанд. То охири сол барои 1000 нафар донишҷӯ бинои панҷқабатаи таълимӣ, ташхисхонаи сеқабата, китобхона, толори варзиш, ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ҳавзи оббозӣ, боғи истироҳат ба истифодабарӣ супурда мешаванд. Ду автобус аз пагоҳии барвақт то нисфи шаб байни донишгоҳу маркази шаҳри Самарқанд равуо мекунад, ки то донишҷӯён аз азоби роҳ халос хуранд. 
– Рамз – эмблемаи донишгоҳ, ки утоқи кории шуморо зеб медиҳад, диққати касро ҷалб мекунад...
– Оре, – мусоҳибам хушҳолона аз ҷояш хест ва ишоратчӯбро ба даст гирифта шарҳ дод, – диққат кунед, ана, болои китоби кушод чароғи шуълавар ҳаст. Гузаштагони мо Ҳаким Фирдавсӣ, аллома Ибни Сино, муҳаддисони маъруф Имом Бухорӣ, Хоразмӣ, шоирони бузург Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Улуғбек ва дигарон дар паси чунин чароғ нишаста, асарҳои безаволу оламшумули хешро офаридаанд.
Мо бо чанд бостоншинос, олим, меъмор ва мусаввир нишаста, хеле фикр кардем, ки рамзи донишгоҳро офарем. Ва гумон мекунам ба мақсад расидем. Рамз воқеан пурмаъно ва ҷаззоб аст. Бинобар ҳамин ҳар пагоҳӣ ба утоқи корӣ ворид шуда мегӯям: – Шуълавартар бош, чароғи дониш!
– Юсуф Неъматович, имрӯз барои шумо ид болои ид – ҳам зодрӯз дореду ҳам яксолагии донишгоҳ. Мо аз фурсат истифода бурда, шуморо аз номи муштариёни рӯзнома табрик мегӯем ва  бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунем. 
– Як ҷаҳон ташаккур!

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.
Аксбардор: 
Баҳодури ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: