Президентҳои Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 март бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлатамон Президенти Аморати Муттаҳидаи Арабро ба муносибати рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат, дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои зиёд, инчунин ба мардуми дӯсти ин кишвар сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

Зимни суҳбат дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия ва технологияҳои олӣ, энергетикаи сабз, кишоварзӣ, логистика ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки солҳои охир равобити Ӯзбекистону Аморот босуръат инкишоф ёфта истодааст. Дар давоми як соли охир ҳаҷми муомилоти мол ду баробар афзуд. Дар Ўзбекистон  240 корхонаи муштарак фаъолият нишон медиҳад, портфели лоиҳаҳо аз 3 миллиард доллар гузашт.

Ба татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи нефту кимиё, саноати хӯрокворӣ, рушди инфрасохтор, саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, инчунин таҳияи барномаҳои ҳамкории молиявию техникӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи тарафайн зикр гардид.

Суҳбати телефонии раҳбарони Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар фазои анъанавии кушод, гарм ва дӯстона сурат гирифт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: