ИНСТИТУТИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ БУХОРО ДАР БИНОИ НАВ

Маълум аст, ки Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти худро то имрӯз дар бинои куҳна идома медод.

10-11 марти соли 2017 ҳангоми ташрифи сарвари давлат ба вилояти Бухоро дар қатори бисёр лоиҳаҳо масъалаи бунёд кардани бинои нави Институти давлатии тиббии Бухоро низ ба майдон омада, лоиҳаи мукаммали он таҳия гардид.
Ниҳоят, барои бунёд кардани кампуси (маҷмаъ) нави донишкада дар кӯчаи Ғиҷдувони шаҳри Бухоро аз ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Моҳи Хосса 10,5  гектар майдон ҷудо гардида, дар 4,3 гектари он мувофиқи лоиҳа иншооти нав  ба вуҷуд омад ва он пурра ҷиҳозонида шуд. Ба ибораи дигар, дархости Вазорати ҳифзи тандурустӣ пурра ҷомаи амал пӯшид. Ин кампус аз бинои шашошёнаи таълимӣ, хобгоҳи чорошёна, маркази симулятсия, поликлиника, толори варзиш, ошхона ва иншооти дигар иборат аст. Танҳо барои сохтмони маркази симулятсия ва муҷаҳҳазсозии он 11 миллиард сӯм маблағ харҷ гардидааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин биноҳои пуршукӯҳро бинокорони «Колоннаи сайёри механиконидашудаи 47-ум» ҳамчун пудратчӣ сохта, вазифаи худро сарбаландона иҷро карданд. Барои рӯйи об баровардани ин лоиҳаи азим 219 миллиарду 800 миллион сӯм сармоя харҷ гардид.
Бояд таъкид намуд, ки донишкадаи номбурда  ҳоло ба яке аз таълимгоҳҳои олии салоҳиятноки  мамлакат табдил меёбад. Ҳоло дар ин ҷо 8 факултет: муолиҷа, стоматология, педиатрия, педагогикаи тиббӣ  ва ҳамшираи олӣ, профилактикаи тиббӣ, биологияи тиббӣ ва табобати халқӣ, фарматсевтика, тиббиёти Туркия, 42 кафедра, 12 равияи бакалаврӣ ва магистратура оид ба 24-ихтисос фаъолият дорад. Пешбинӣ шудааст, ки соли хониши оянда дар ин ҷо боз 2 факултети нав, 3 кафедра, 1 равияи бакалаврӣ ва 6 магистратура кушода мешавад. Аз ҳисоби берун аз буҷаи таълимгоҳ ҷудо карда шудани 50 миллиард сӯм сармоя имкон медиҳад, ки ҷарроҳии дил, нейрохирургия, трансплантология, маркази ЭКО, шикастбандӣ, неврология, ЛОР ва ҷарроҳии умумӣ барин самтҳо бо ҷиҳозҳои зарурии тиббӣ таъмин карда шавад. Ба ғайр аз ин, аз ҳисоби даромади берун аз буҷаи донишкада 1 миллиарду 100 миллион сӯм маблағ харҷ гардида, ҷойгир кардани панелҳои офтобии замонавӣ  шароити кориро меафзояд. Дар донишкада ба роҳ монда шудани таълими байналмилалӣ, тадриҷан зиёд гардидани квотаҳои қабули донишҷӯёни маҳаллию хориҷӣ ба институт иқтидори нав мебахшад. Ҳоло танҳо дар факултети тиббии Туркия 480 нафар донишҷӯ  таҳсил мегирад  Инчунин аз соли 2021 дар таълимгоҳ  600 нафар шифокорони оянда аз Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия ва ҷойҳои дигар сабақ меомӯзанд ва ин ҷараён сол то сол вусъат меёбад. Дар пойгоҳи Донишгоҳи байналмилалии Ноидаи Ҳиндустон кушода шудани шуъбаи Институти давлатии тиббии Бухоро ба номи Ибни Сино бо ин мақсад хидмат мекунад. Ҳамин тариқ, имрӯз дар донишкада 7 ҳазору 200 нафар донишҷӯ  асрори  касб меомӯзад ва 900 нафари онҳо хориҷиён мебошанд. Солҳои наздик  миқдори умумии  таҳсилгирандагон дар ин ҷо ба 15 ҳазор нафар, аз ҷумла, донишҷӯёни мамолики хориҷӣ ба 5 ҳазор нафар мерасад 
Имрӯз дар донишкада қариб 500 нафар омӯзгорон – мутахассисон кор мекунанд ва сафи онҳо низ сол аз сол зиёд мегардад. 
Дар маросими тантанавии кушодашавии бинои нави таълимгоҳ сардори садорати ҳифзи тандурустии вилоят Аскар Баҳронов номаи табрикии вазири ҳифзи тандурустӣ Амрилло Иноятовро хонда дод.
Сипас, ректори Академияи тиббии Тошканд Алишер Шодмонов, ҷонишини ҳокими вилояти Бухоро Фирӯза Иброҳимова, ректори Институти давлатии тиббии Бухоро Шуҳрат Тешаев ва дигарон дар бораи аҳамияти ғамхории давлат бобати ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ва рушдёбии кадрҳои соҳа изҳори ақида карданд. Ҳозирон вориди бино шуда, бо имкониятҳои он шинос шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: