Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад

  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Сингапур ба Ӯзбекистон омад

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 май ба мамлакатамон Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Ёқуб бо ташрифи давлатӣ омад.

Дар Аэропорти байналхалқии «Тошканд» ба ифтихори меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ду мамлакат бардошта шуда, қаравули фахрӣ саф орост.

Президенти Сингапур ва ҳамсари ӯро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Маҳкамова, вазири корҳои хориҷӣ Б.Саидов ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд Ш.Умурзоқов пешвоз гирифтанд.

Пас аз ин меҳмони олиқадр ва аъзои ҳайати Сингапур аз боғи «Янги Ӯзбекистон» боздид намуда, ба пояи муҷассамаи Истиқлолият гул гузоштанд.

Ба Ҳалима Ёқуб дар бораи ёдгории боҳашамат, ки ба шарафи истиқлолияти Ватанамон, халқи қаҳрамони мард ва шуҷову меҳнатдӯстамон бунёд гаштааст, нақл намуданд. Меҳмони олиқадр корҳои созандагиро, ки дар боғи «Янги Ӯзбекистон» ба вуҷуд омадааст, муносиб арзёбӣ намуд.

Муҷассама соли 2021 ба муносибати 30-солагии истиқлолиятамон қад афрохтааст. Мурғи Ҳумо ба он ҳамел гаштааст. Дар муҷассама рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи мамлакатамон, образҳои олимони бузург, сарлашкарон, ниёгони маъруфамон тасвир гаштааст, ки дар қалбҳо ҳисси ифтихорро бедор менамоянд.

Дар ин ҷо Президенти Сингапур бо намояндагони марказҳои милливу мадание, ки дар Ӯзбекистон фаъолият доранд, мулоқот намуд.

Бинобар барномаи боздиди роҳбари Сингапур баргузор намудани мулоқот дар дараҷаи олӣ пешбинӣ мегардад.

Дар рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои рушди минбаъдаи конструктивии гуфтугӯи сиёсӣ, дастгирии ҳамдигар дар доираҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, ҳамкорӣ дар ҷиҳати лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои маъруф ва институтҳои молиявии ду мамлакат, вусъати табодули маданиву инсонпарварӣ шомиланд.

Президент Ҳалима Ёқуб инчунин бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони конфессияҳои динӣ дар мамлакатамон вомехӯрад, дар маросими ифтитоҳи бизнес-форуми доираҳои корчаллон ва тақдимоти фаъолияти маркази муштараки таълимӣ ширкат хоҳад кард.

Ғайр аз ин роҳбари Сингапур ба шаҳри Самарқанд сафар намуда, дар он ҷо бо мероси ғании маданиву таърихӣ ва тамаддунии маркази қадимаи бурриши хатҳои Роҳи бузурги абрешим шинос мегардад.

Бояд қайд кард, ки ташрифи Ҳалима Ёқуб ба Ӯзбекистон ташрифи ҷавобӣ ба шумор меравад. Моҳи январи соли ҷорӣ роҳбари мамлакатамон аз Сингапур бо ташрифи давлатӣ боздид ба амал оварда буд.

Аз аввали соли ҷорӣ табодули амволи тарафайн 6 маротиба афзуд. Сингапур ба шумори сармоягузорони бузурги Ӯзбекистон дохил гардид. Ҳоло ҳозир ба миқдори 3,8 миллиард доллар дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кимё ва саноати бофандагӣ, шаҳрсозӣ, таълим ва ғайра лоиҳаҳо ба амал татбиқ мегарданд. Табодули байнипорлумонӣ ва алоқаҳои маданиву гуманитарӣ фаъол мегарданд.

Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Ёқуб ба мамлакатамон идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: