24 октябри соли равон дар мамлакатамон интихоботи президентӣ баргузор мегардад.
24 октябри соли равон дар мамлакатамон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат дар саросари кишвар тайёрӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз пеш вусъат пайдо кардааст.
Барои гузарондани ин маъракаи сиёсӣ дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ҳавзаҳои интихоботӣ пурра омода карда шудаанд. Дар ноҳия 30 ҳавзаи интихоботӣ мавҷуд буда, ҳар кадом бо асбобу анҷомҳои зарурӣ таъмин мебошад.
– Мо дар ин рӯзҳо хеле серкору сертараддуд ҳастем, зеро дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорем. Дар айни ҳол мо бо аъзои ҳавзаҳо даст ба дасти ҳам дода, барои дар ин маъракаи муҳими таърихӣ фаъолона иштирок кардани интихобкунандагон корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ мебарем. Албатта, ҳар як интихобкунанда ба тарафдории номзаде овоз хоҳад дод, ки худаш интихоб кардааст,– мегӯяд нозири корҳои роҳнамои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Сӯх Иброҳим Аҳмедов. – Ҳоло аз 28 ҷамоати шаҳрвандон дар ҳафттои он корҳои рӯйхатгирӣ ба поён расид.
Ҳавзаи интихоботии рақами 874 дар мактаби рақами 14 воқеъ гаштааст. Дар ин ҳавзаи интихоботӣ низ ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ҳамаҷониба тайёрӣ мебинанд.
– Интихоботи президентӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар аст. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад ба тарзи ихтиёрӣ номзади интихобкардаи худро муайян намояд. Дар айни ҳол барои гузаронидани ин маърака ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар ҳавзаи интихоботии мо ба рӯйхатгирии шаҳрвандон анҷом ёфтааст,– мегӯяд раиси ин ҳавзаи интихоботӣ Садриддин Абдураҳмонов.
Дар ин рӯзҳо ҳизбҳои сиёсӣ дар тамоми гузаргоҳҳои марказию канори роҳҳои ноҳия аксу барномаҳои номзадҳои худро дар баннерҳо овезон кардаанд. Интизор меравад, ки дар саросари ноҳия ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муштаракан хеле хуб тайёрӣ мебинанд.
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.