ЗИЁРАТГОҲИ МУБОРАК

Сарзамини Сурхон аз қадимулайём ҳамчун диёри инсонҳои бузургу табаррук машҳур аст.

Он ҳамчунин мавзеи зиёратгоҳҳои қадимиву муборак ба шумор меояд.
Яке аз чунин зиёратгоҳҳо, ки таърихи ҳазорсола дорад, маҷмааи ёдгории «Оқ остонабобо» мебошад. Вай дар деҳаи ҳамноми ноҳияи Узун воқеъ буда, дар асрҳои X-XII сохта шудааст. Дар ин мақбара қабри қадимае ҳаст, ки оромгоҳи охирини яке аз саҳобагони садоқатманди пайғамбар алайҳиссалом Муҳаммад Абдурраҳмон ибни Саҳр ад-Давсӣ Абу Ҳурайра (розияллоҳу анҳу) мебошад. 
Ривоят мекунанд, ки дар он ҷое, ки дарёҳои Тӯпаланг ва Қаротоғ бо ҳам мепайванданду сарзамини Сурхонро шодоб менамоянд, Абу  Ҳурайра (р.а.)  зиндагӣ мекунад ва пас аз вафоташ мардум ӯро дар оромгоҳи «Оқ остонабобо» дафн намуда, мақбара барпо мекунанд.
Мегӯянд, ки лақаби Абу  Ҳурайраро барои эшон пайғамбар интихоб кардаанд. Овардаанд, ки Абу Ҳурайра (р.а.) ҳофизаи хуб дошта, шашсад ҳазор ҳадиси пайғамбарро аз ёд медонистааст. 
Абу Ҳурайра (р.а.) аз қабилаи давсии арабӣ будааст, ки то соли шашуми ҳиҷрат қабилаи калонтарини араб ба шумор мерафт.
Ӯ инсонҳоро ба некӣ даъват мекард. 
Рӯзе падару писарро дида пурсид:
– Ин мард кист?
Ҷавон ҷавоб дод:
– Падарам.
Абу Ҳурайра (р.а.) гуфт:
– Ҳаргиз падаратро бо номаш ҷеғ мазан, аз ӯ пеш магард ва аз вай боло машин.
Таърихшиносон қайд кардаанд, ки асрҳои X-XII дар Осиёи Миёна санъати меъморӣ хеле тараққӣ кардааст ва айнан дар ҳамин давра ба шарафи Абу Ҳурайра (р.а.) мақбара бардоштаанд.
Ҷиҳати фарқкунандаи зиёратгоҳи «Оқ остонабобо» он аст, ки дар тарафи ғарбии девори мақбара, дар баландии 3-3,5 метр аз сатҳи замин 2 ороиши тамғамонанд дар шакли тӯмор вуҷуд дорад.
Ин дар санъати наққошии Осиёи Миёна як композитсияи нодир ба шумор меравад. Ситораи ҳафтгӯшае, ки дар маркази он растанӣ тасвир ёфтааст, гӯё аломатест, ки ба инсонҳо некӣ меоварад, бахту омад ҳадя мекунад. Дар тарафи рости ороиш сурати офтоб ҷой дорад. Он рамзи оташ ва гармӣ аст.
Дар тарафи чапаш рамзи офаринанда ва ҳаётбахш – зан ниҳон аст. Аломатҳо дирӯз ва имрӯз, марг ва зиндагиро ифода мекунанд. Ҳар кӣ ба ин зиёратгоҳ бо эътиқоди комил ва аз сидқи дил ворид шавад, ба ӯ баракату омад ёр хоҳад шуд. Дар хусуси ин аломатҳо, ки омили барака ва омад ҳастанд, Фарғонӣ, Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино барин бузургон фикру ақидаҳои худро навиштаанд.
Санги қабри Абу Ҳурайра (р.а.) аз мармар аст. Санги мармари чоркунҷа пас аз сад сол ё аз он бештар иваз карда шудааст. Дар қисми болоии санги мармари кунунӣ, ки аз тарафи устоҳои маҳаллӣ соли 1425 гузошта шудааст, оятҳо аз сураҳои «Ихлос», «Бақара», «Кавсар» ва дуои «Оят-ул-курсӣ» ҳаккокӣ шудаанд. 
Сад қадам дуртар аз мақбараи Абу Ҳурайра (р.а.) дар тарафи офтоббаро чиллахона низ вуҷуд дорад. Дар рисолаи археологҳои номӣ Галина Пугаченкова ва Эдвард Ртвеладзе бо номи «Ҳафриёти (археологияи) қадимтарини Ӯзбекистони Ҷанубӣ» маҷмӯаи ёдгории «Оқ остонабобо» низ ба забон оварда ва таърихи 3000-сола доштани экспонатҳои он қайд шудааст. Махсусан, паррандаи сангин ва навиштаҷоти рӯйи он хеле қадима ба шумор меравад.
Хулоса, маҷмааи ёдгории «Оқ остонабобо» аз зиёратгоҳҳои мардумӣ аст ва агар он ба як манзили ободи сайёҳӣ табдил дода шавад, нуран ало нур мегардид.

Сафаралӣ ЭШМИРЗОЕВ, 
ноҳияи Узуни 
вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: