ҚАВМЕ, КИ ДАР ҲАР КУҶО ВАТАН ДОРАД

Мир Алишери Навоӣ дар «Муҳокамат-ул-луғатайн» овардааст, ки ҳазрати Нӯҳ пайғамбар пас аз тӯфон ба фарзандонаш рӯйи заминро тақсим намуда, ба Сом (Абулфорс) тамоми мулки Хуросону Мовароуннаҳр, ба Хом (Абулҳинд) Ҳиндустон ва ба Йофас (Абултурк) мулки қаламрави Муғулистон ва Чинро бахшидааст...

Шоҳ Баҳром дар вақти подшоҳиаш Ҳиндустонро зери даст карда, нағмаю санъати мардуми ҳиндро дида, мафтун гашт ва қисме аз онҳоро ба мамлакати худ кӯчонида овард.
Саъдиё, аз рӯзи азал ҳусн ба туркон додаянд,
Сипару найзаву шамшер ба афғон додаянд.
Ишваву нозу карашма ҳама бар мардуми Ҳинд,
Ишқ бар тоҷики бечораву сарсон додаянд. 
Бино ба гуфтаи шайх Саъдӣ ҳамин «ишваву нозу карашма»-и мардуми ҳинд шоҳ Баҳромро мафтун кард ва онҳоро то Хуросону Мовароуннаҳр овард, ки имрӯз ин қавм дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда рафтаанд. 
Бархе аз ин қавм, ки ба сарзамини мо низ омада буданд, ҳоло дар чандин мавзеъҳои кишвари мо умр ба сар мебаранд ва онҳоро дар ҳар маҳал ҳар гуна – ҷугӣ, лулӣ, мултонӣ ном мебаранд. Дар меҳру оқибат, ҳамҷиҳативу ҳамдардӣ, айшу тарабу давраороӣ ин мардум мислу  монанд надорад. Қариб, ки бисёрии онҳо ягон асбоби мусиқиро навохта метавонанд. Агар касе аз қавмашон бемор шавад, гурӯҳ-гурӯҳ ба аёдаташ мераванд. Ба ғайр аз дастовез, аз рӯйи доштааш ба миқдоре нақдина низ ба дасташ медиҳанд.
Онҳо давлат, ҳудуд ё сарҳад надоштанд. Қавм дар куҷое умргузаронӣ карда тавонад, ҳамон ҷо барои онҳо ватан буд. Аммо имрӯз онҳо ҷойи муқими истиқомативу касбу кор доранд, фарзандони баъзеашон дар муассисаҳои таълими миёнаву  олӣ аз пайи таҳсили илманд.
Солҳои донишҷӯӣ дар Донишкадаи муаллимии Бухоро дар зинаи поёнӣ Ӯктамҷон ном ҳамшаҳрам низ таҳсил дошт. Баъди шиносоӣ мо ба якдигар унс гирифта будем. Дар миёнаҳои  таътили курси сеюм дилам зуд боз тамошои Бухорошаҳрро хосту ба дидораш шитофтам. Азбаски таъин карда будам, дар истгоҳи марказии шаҳр Ӯктамҷон маро истиқбол карду гуфт:
— Рафтем.
— Ба куҷо? – ҳайрон шудам ман.
— Ба ҳавлии мо. Имрӯз тӯйи ман!
Қарибиҳои пешин пойи пиёда ба ҳавлии вай – ба шимоли бозори Сомониёни маркази шаҳр расидем. Ин мавзеъро мардуми таҳҷоии Бухоро «Ҷӯгихона» мегуфтанд. Дар ҳавлӣ  30-40 нафар машғули  тараддуди тӯй буданд. Пас аз чанде ҳамаро ба хона даъват карданд. Дар байни хона Ӯктамро ба даруни ҷувол андохта, даҳони онро бастанд. Садои «омад-омад» баромада, духтари нозанине ба инҷо омада, даҳони ҷуволро кушод ва Ӯктамҷонро аз банди он озод намуд. Ӯктамҷон рӯ ба замин ниҳода, дароз кашид. Арӯс ҳарчанд онро хезонданӣ мешуд, Ӯктамҷон ба муқобили ҳаракати ӯ рафторе зоҳир менамуд. Охирон арӯс ба тарафи пойи Ӯктамҷон сару дузону нишасту таъзим кард. Мӯйсафеде, ки дар пешгаҳ менишаст, садо баровард.
— То ҳастӣ мӯят ҷуроб, дастат оташков, хизматашро мекунӣ?
— Оре! — садо дод духтар.
— Мабодо пир шавӣ, ба хидматаш кор наоӣ, дигар зан гирифта дода, худаш ва фарзандонашро парвариш мекунӣ? — боз савол кард мӯйсафед.
— Албатта! — ҷавоб дод арӯс.
— Дар вақти зарурӣ мувофиқи анъанаи мардумамон ризқашро пайдо карда, миннат намекунӣ?
— Ҳаргиз!
— Гуфтаҳоятро бо қасам тасдиқ мекунӣ?
— Албатта. 
— Бародарон, бо ҳа-мин маросимамон ба охир расид, — гуфт мӯй-сафед.
Вақте арӯсу домод ба дар рафтанд, дасторхон паҳн шуду таомҳои лазиз рӯйи хонро оро дод.
Аз байн як сол гузашту қарибиҳои охири соли хониш Ӯктамҷон маро боз ба ҳавлиашон  даъват кард. Рафтам. Ин дафъа арӯсро, ки савори ароба омада буд, Ӯктамҷон бардошту чун одати баъзе мавзеъҳои бухороиён дар гирди оташ чарх занонда, то ба пешгоҳи тӯйхона, ки  мизи махсус барои ду кас оро дода шуда буд, бурда ба замин гузошт. Мо тӯю хурсандиро хуб тамошо кардем.
– Ин маросими гаҳворабандон буд? – пурсидам аз Ӯктамҷон.
– Аз рӯйи одати мо зан пас аз кӯдакдор шудан, бонуи хонадон мешавад. Маросими имрӯза тӯйи ҳақиқии мо буд, ки ба ин муносибат баргузор шуд, — гуфт ӯ дар ҷавоб.
Афсӯс, ки баъди чор сол Ӯктамҷон дар садамаи автомобил фавтид...
Аммо меҳмоннавозию муносибати гарму ҷӯ-шони байниҳамдигарии ин қавм, ки ман бо воситаи ин дӯсти худораҳматиам гувоҳаш шудам, тасаввуротамро оиди онҳо тамоман тағйир дода буд.

Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи Шофиркони 
вилояти Бухоро.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: