Сарвари давлатамон ба “Боғи се авлод”, ки дарн ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд бунёд карда шудааст, ташриф овард.
Дар беҳбудии вазъи маънавии маҳаллаҳо, ба корҳои нек раҳнамун намудани ҷавонон таҷрибаи бузурги ҳаётии насли калонсол аҳамияти калон дорад. Бо ин мақсад дар маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимӣ вохӯрии намояндагони се насл – калонсол, миёна ва ҷавон баргузор мешавад.
Боғи нав низ ба ин мақсадҳо хизмат мекунад. Пеш ин макон ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Ҳоло кӯчаи Алимкент таъмиру кабудизор карда шудааст. Дарахту гул шинонда, гармхонаҳо сохта, галереяи ток насб карда шудааст. нишасгоҳҳо, роҳҳои пиёдагардон ва велосипедронҳо барои истироҳати аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меоваранд.
Дар ин ҷо бо пирон, фаъолони маҳалла вохӯрӣ барпо гардид. Онҳо эҳтиром ва таваҷҷуҳеро, ки дар мамлакати мо нисбат ба собиқадорони ҷанг ва меҳнат зоҳир карда мешавад, ғамхории махсус ба пиронсолонро қайд намуданд.
Ҳоло дар мамлакати мо зиёда аз 3 миллион нафар пиронсолон зиндагӣ мекунанд. Ба онҳо дастгирии ҳаматарафа расонда, ба саломатии онҳо диққати доимӣ дода мешавад. Қариб 28 ҳазор нафар пиронсолон дар санаторияҳо табобат гирифтанд, 450 ҳазор нафар куҳансолон аз муоинаи амиқи тиббӣ гузаштанд.
Дар ҳама минтақаҳо шӯрои пирон таъсис ёфта, дар маҳаллаҳо вазифаи машваратчӣ оид ба корҳои пиронсолон ҷорӣ карда шудааст. Ордени «Фахрий Мураббий» (“Мураббии фахрӣ”) таъсис дода шуд. Зиёда аз 3,5 ҳазор ҳамватанони мо бо нишони сарисинагии «Собиқадори меҳнат» сарфароз гардонда шуданд.
– Замоне мерасад, ки маҳалла қувваи ҳақиқӣ мешавад. Халқи мо ҳис мекунад, ки масъалаҳо ҳал шуда истодаанд. Дар ҳама ҷо намояндагони пиронсолон, занону ҷавононро гузоштем. Ҳоло раиси маҳалла се такягоҳ дорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Мувофиқи фармони Президент дар арафаи ид ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳон ба миқдори 15 миллион сӯм мукофоти якдафъаинаи пулӣ ва туҳфаҳо дода шуд. Ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳо шахсан 10 000 нафар собиқадоронеро, ки дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, аёдат карда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бояд ба қадри сулҳу оромии кишварамон расида ва онро ҳифз кард, намояндагони насли калонсол метавонанд бо ибрату сухани шахсӣ ба ин кор мусоидат намоянд.
Сарвари давлат инчунин бо фаъолияти ширкати идоракунии хидматрасонии «Юксалиш» шинос шуд. Он ба 106 бинои истиқоматии бисёрутоқа дар ҳафт маҳалла хидмат мерасонад. Он системаи биллингро ҷорӣ кардааст. Дар бинои ширкат ва дар таҳхонаҳои биноҳои серошёна хидмати маишӣ ташкил карда шудааст.