САНГАРДАК МАҚОМИ «ДЕҲАИ САЙЁҲӢ» ГИРИФТ

Ӯзбекистони мо бо иқлими мусоиду табиати нотакрораш беназир аст.

Сайёҳони хориҷиро низ сеҳри ин диёри хушманзару биҳиштосо мафтун сохта, сол то сол ташрифи онон меафзояд. Аз ин ҷиҳат тайи солҳои охир дар кишварамон ба соҳаи сайёҳӣ низ эътибор зиёд гардида, он ба дараҷаи сиёсати давлат бардошта шуд. Вилояти Сурхондарё аз гӯшаҳои хушманзару хушбоду ҳавои кишвар маҳсуб ёфта, сайёҳони маҳаллаву хориҷиро чун оҳанрабо сӯйи худ мекашад. Тамошои дараи Сангардак ва шаршараи муъҷизавиаш ягон бинандаро бефарқ намегузорад.
Дар тадбире, ки ба муносибати мақоми сайёҳӣ гирифтани деҳаи Сангардак баргузор шуд, раиси Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ У. Шодиев, намояндагони ҳокимияти вилоят ва шаҳру навоҳӣ, мутасаддиёни Саридораи сайёҳии вилоят, намояндагони ташкилотҳои ҷамоатӣ ва вакилони ВАО ширкат варзиданд. Шаршараи Сангардак бо ҷозибаи худ ном баровардааст. Аз ин хотир дар инҷо барои ҷалб намудани сайёҳони маҳалливу хориҷӣ солҳои охир як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида, барои истироҳати бофароғати онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Сараввал роҳи замоне нообод тахту ҳамвор ва мумфарш гардид. Бунёди амфитеатри замонавӣ, шифохона, мактаби нав, санаторияи замонавии дорои 200 кат, корхонаи «Чеварони Сангардак», меҳмонхонаи дорои 50 ҷой ба ҳусни деҳа афзуданд. Илова бар ин барои ба меҳмонон шароити мусоид фароҳам овардан аз тарафи шаҳрвандон 23 хонаи меҳмонқабулкунӣ кушода шуданд.
Кори дигаре, ки ба сомон расонида шуд, кушодани хати роҳест, ки деҳаҳои Шоҳтут, Назарӣ, Қӯрғонча, Деҳиболо, Аллачапон, Яккатол-и Бойсунро бо деҳаҳои дараи Сангардак (Хубон, Сангардак, Боғча ва ғайра) мепайвандад.
Кори арзишманди дигар ва ҳаҷман бузурге, ки ҳоло дар дараи Сангардак бо суръат давом дорад, бунёди роҳест, ки вилояти Сурхондарёро бо вилояти Қашқадарё пайваст мекунад. Баъди сохта ба истифода дода шудани ин роҳ масофаи роҳи сайёҳоне, ки аз пойтахт ба Сангардак ёхуд Сурхондарё меоянд, хеле ихтисор мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки дар ҷараёни тадбир меҳмонон аз ҷойҳои таърихӣ, бунгоҳҳои маишӣ-хидматрасонии Сангардак дидан намуданд. Инчунин, намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, хоҷагии қишлоқ, боғдорӣ ташкил гардида, баҳри хушҳолии онон барномаи мусиқӣ намоиш дода шуд. Раиси Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ У. Шодиев ба аҳли Сангардак сертификати мақоми «Деҳаи сайёҳӣ»-ро супурд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: