Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 октябр дар доираи барномаи чорабиниҳои сафари корӣ дар Чин бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Во Ван Тхионг мулоқот анҷом дод.
Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки Ветнам шарики муҳими анъанавии Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ба ҳисоб меравад. Солҳои охир робитаҳо дар сатҳҳои гуногун вусъат ёфта, ҳаҷми муомилоти моли мутақобила ва шумораи корхонаҳои муштарак меафзояд. Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва моҳипарварӣ татбиқ мегарданд.
Имкониятҳои кооператсияи ширкатҳои пешқадам дар маҷмӯи нафту газ, мошинсозӣ, электротехника, кимё, бофандагӣ, пойафзор, мебел, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо, аз ҷумла дар доираи минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва паркҳои саноатӣ қайд карда шуд.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Ветнам ҳамчунин аҳамияти инкишоф додани табодулро дар бахшҳои фарҳанг, таълим ва сайёҳӣ қайд намуданд.