МАРҲИЛАИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «ҲАМШИРА – 2024»

Дар Бухоро марҳилаи вилоятии озмуни «Ҳамшира – 2024» ба амал омад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ин чорабинӣ мувофиқи қарори якҷояи Вазорати ҳифзи тандурустии ҷумҳурӣ, шӯрои ҷумҳуриявии раёсати иттифоқи касабаи кормандони ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон, инчунин Ассотсиатсияи ҳамшираҳои Ӯзбекистон аз 20 марти соли 2024 баргузор гардид. 
Мувофиқи низом дар ҷараёни озмун донишу маҳорати касбӣ, савияи сиёсию иҷтимоии ислоҳоти соҳа, мавқею вазифаҳои ҳамшираи тиббӣ бобати амалӣ гаштани он ва ғайра аз ҷониби ҳайати доварон ба инобат гирифта шуд.
Дар марҳалаи аввалини озмун, ки дар иттиҳодҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои марказҳои ихтисосонидашудаи ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои муолиҷа ба амал омад, 378 нафар ҳамширагон – кормандони миёнаи тиббӣ иштирок карданд.
Ниҳоят дар марҳилаи вилоятӣ ғолибон муайян гардиданд. Ҳамшираи диспансери бемориҳои рӯҳию асаб Шаҳло Ғайбуллоева 184 хол ҷамъ оварда ғолиби мутлақи озмуни марҳилаи вилоятӣ гардид. Вай 12 май – Рӯзи байналмилалии ҳамшира дар марҳилаи ниҳоии озмуни «Ҳамшира – 2024» иштирок мекунад.
Ҳамин тариқа, ҷойи дуюм ба ҳамшираи поликлиникаи оилавии рақами 6-уми шаҳри Бухоро Гулмира Абдуллоева ва ҷои сеюм ба ҳамшираи шуъбаи қабули таъҷилии иттиҳоди тиббии ноҳияи Ҷондор Диёра Одинаева насиб кард.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: