ДАРСИ ТАҲРИР

Соли 2013.

Дар рӯзномаи бачагонаи «Булбулча-доно» кор мекардам. Таҳририяти рӯзнома дар шаҳраки Гулобод, дар наздикии идораи рӯзномаи «Гулобод тонги»-и ноҳияи Самарқанд ҷойгир буд. Устод Бахтиёри Ҷумъа масъули саҳифаи тоҷикии «Субҳи Гулобод»-и рӯзнома буданд ва ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар ҷойи кор мешуданд. Ҳар ҳафта пешашон рафта, суҳбат мекардем ва супоришҳо гирифта, то ҳафтаи дигар аз пайи иҷро мешудам. 
Дар яке аз чунин суҳбатҳо муаллим ба ман бастаи коғазҳоро доданд. Ба маънои «ин чӣ бошад?» ба муаллим рӯ овардам. 
– Ин ҷо ҳикояҳои кӯтоҳи худро гирдоварӣ кардам. Ният дорам, дар шакли китоб чоп кунам. Мехоҳам ҳикояҳоро хонда, таҳрир кунед. 
– Муаллим, мехонам, аммо таҳрир карда наметавонам. 
– Не, – қатъӣ гуфтанд муаллим, – ҳам хатоҳои имлоиро ёбед ва ҳам таҳрир кунед. 
Маҷмӯаи ҳикоётро хондам. Ҳикояҳо хонданӣ, омӯзанда ва ибратбахш буданд. Афсонаву бофтаҳои хаёлӣ не, саросар воқеӣ ба назар мерасиданд ва ҳар яке дар худ паҳлӯҳои гуногуни ҳаётро таҷассум мекард. Ҳафтаи дигар ҳикояҳоро баргардондам. Муаллим як аз назар гузаронида, ҷиддӣ нигоҳ карданд. Аз нигоҳи тези муаллим, ки ҳамеша бо меҳр нигариста, нарм мегуфтанд, хиҷил ва шалғамвор сурх шудам. 
– Ба шумо ҳикояҳоро хонда, таҳрир кунед гуфта будам. Шумо чӣ кор кардед? Чанд хатои имлоиро ишора кардаеду халос. 
– Муаллим, ман чӣ хел навиштаҳои шуморо таҳрир кунам? Охир... 
– Одам дар таҳрир бояд сахтгир бошад. Ҳатто дар таҳрири навиштаҳои худ. Шумо ин ҳикояҳоро чун навиштаҳои душмани худ хонеду ҳикоётеро, ки мазмуну муҳтавои ҷолиб надоранд, бераҳмона хат занед. 
Дубора маҷмӯаи ҳикояҳоро бо худ бурдам ва дар доираи имкону тавон таҳрир кардам. Ин бароям аввалин дарси таҳрир буд, ки то ҳол ба кор меояд. 
Дертар ин ҳикоёти пандомӯз таҳти унвони «Гиреҳи армон» дар шакли китоби алоҳида чоп шудаанд. 

БӮЙИ УМЕДИ ХУШ 

Тобистони соли 2014. Рӯзи ҷумъа буд. Саҳифаҳои «Булбулча-доно»-ро ба саҳифабанд супорида, ба муаллим Бахтиёри Ҷумъа занг задам. Гуфтанд, ки дар кор ҳастанд. Чанд тозанавишти худро гирифта, ҷониби таҳририяти рӯзномаи «Гулобод тонги» шитофтам. 
– Имрӯз Шуморо бо як финҷон қаҳва ва шоколад меҳмон мекунам, – хушҳол гуфтанд муаллим. 
– Аз чӣ сабаб? – ҳайрон пурсидам. 
– Ҳикояи «Қимати модар»-ро хондам. Хеле хуб баромадааст, – финҷони қаҳваро дароз карда, чанд дона шоколадро рӯйи миз гузоштанд. – Маро ҷанг намекунед. Номи ҳикояатонро тағйир дода, «Қадр» мондам, – гуфтанд ва илова карданд: 
– Онро таҳрир карда, бо сарсухане, ки навиштам, ба рӯзномаи «Овози тоҷик» фиристед. 
Вақте ба ҷойи кор баргаштам, аввал сарсухани устодро, ки «Бӯи умеди хуш» унвон дошт, хондам. Эҳсосотеро, ки дар он лаҳза, ҳини мутолиаи сарсухан ҳастии маро фаро гирифт, бо ягон сухан наметавонам рӯйи коғаз оварам. Маҳз ҳамин суханони илҳомбахш, барангезанда, такондиҳандаву рӯҳбаландкунандаи устод Бахтиёри Ҷумъа буданд, ки дили маро ба эҷод гарм кард. Ба қавле мурғи илҳомро ба парвоз овард. Ин суханони муаллим ва дертар дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шудани аввалин ҳикояам – «Қадр» масъулиятеро ба ӯҳда вогузошт, то аз пайи омӯзиш бошам, болои забони навиштаҳоям кор кунам, ҳикояҳои беҳтар менависам.

БО ШУБҲА НАЗАР КУН

Солҳои аввали фаъолият дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» буд. Рӯзе муҳаррири навбатдор будам. Саҳифаеро мехондам, ки котиба омада гуфт: 
– Раҳмонов муҳаррири навбатдор ва навбатдорро ҷеғ зан гуфтанд. 
– Ҳозир, – гуфтам ва пай бурдам, ки хатое гузаштааст. Чунки муҳаррир беҳуда навбатдоронро намепурсиданд. Вақте вориди утоқи муҳаррир шудем, сар аз саҳифа бардошта: 
– Имрӯз кӣ муҳаррири навбатдор? – пурсиданд. 
– Ман, – гуфтам. 
– Як савол: Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?
– Соли 1875 дар Самарқанд.
– Ҷалол Икромӣ кай, дар куҷо таваллуд шудааст?
– Агар хато накунам, соли 1909 дар Бухоро. 
– Хуб фаҳмо. Дар ин мақолае, ки дар саҳифаи сеюм меравад, навишта шудааст, ки «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, бо як қатор адибони маорифпарвар ва бедорфикр аз қабили Сиддиқии Аҷзӣ, Ҳоҷӣ Муин, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва ғайра мулоқотҳои адабӣ ташкил мекард». Вақте ки Беҳбудӣ вафот кард, Ҷалол Икромӣ ҳамагӣ даҳсола буд. Оё мумкин аст, ки онҳо бо ҳам мулоқоти адабӣ карда бошанд? 
– Не, – бо як овоз гуфтем мо. 
– Агар мақола бо ҳамин хато чоп шавад, хонандагон дар бораи мо чӣ меандешанд? Шумо чӣ хел ин хаторо гузарондед? 
– Беэътиборӣ кардаем, – гуфтем. 
– Дар кори рӯзнома беэътиборӣ намешавад. Рӯзноманигор бояд ба ҳар як навишта, ҳар як маълумот эътибор диҳад. Ба ҳар як сол, шахсият, факт бо назари шубҳа нигоҳ кунад. Агар дар мавриди ягон чиз дудилагие пайдо шавад, ҳатман манбаъҳоро аз назар гузаронад. Яке аз василаҳое, ки бартарии рӯзномаро аз дигар намуди воситаҳои ахбори оммавӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ин боваринокии маълумотҳо мебошад.
Мо хатои худро фаҳмидем ва ин таҷриба то ҳол ба кор меояд.

ИМЗО

Муқимҷон Орифӣ яке аз мухбирони фаъоли ҷамоатии рӯзнома мебошанд, ки мунтазам ба таҳририят мақолаву матолиб меоранд. Дар баргузории чорабиниҳои гуногун ҳамкорӣ мекунанд. Соли 2022 тавассути нашриёти «Қалам»-и назди таҳририят китоби «Ҳикмати зиндагӣ»-ро дар ҳамкорӣ ба чоп омода кардем. 
Рӯзе дар даст хати расмие дар бораи нашри китоб омаданд, ки ҳамчун муаллиф номи ман ҳам он ҷо буд. Гуфтанд, ки китоб пурра омода шуд ва рӯзҳои наздик чоп мегардад. Сипас, хоҳиш карданд, ки дар хат имзо гузорам.
Хатро гирифта, мехостам нахонда имзо гузорам. 
– Имзо мегузоред? – бо тааҷҷуб пурсиданд. 
– Бале,– аз саволи муаллим ҳайрон шудам. 
– Магар, нахонда имзо мегузоред? – дубора пурсиданд ва қатъӣ илова карданд: 
– Ҳеч гоҳ чизеро нахонда имзо нагузоред. Чунки шумо ин ҷо на танҳо имзо, балки ба дониш, таҷриба ва салоҳияти худ баҳо мегузоред. Ҳар куҷое имзо мондед, албатта, аввал хонеду шинос шавед. Агар он ҷо маълумоти нодуруст равад, шумо бо имзои худ онро тасдиқ мекунед ва мумкин аст, он ба зарари дигарон бошад. Барои ҳамин аввал шинос шуда, баъд имзо гузоред. Вақти ман бемалол.
Аз кори худ хиҷил шудам ва хатро пурра хонда, имзо гузоштам.

«АЗ ЁДАМ МЕБАРОЯД»

Ҳамроҳи кормандон аз ошхона бармегаштем. 
– Оё медонед, ки маҳсулоти бозор кай қимату кай арзон мешавад? – аз мо пурсиданд Тошқул Азимзода.
Кормандон як-як андешаҳояшонро гуфтанд. Дар анҷом муаллим:
– Наёфтед. Нархи маҳсулот гашти рӯз арзон шуда, баъд аз борон ҳамеша қимат мешавад. 
– Инро аз куҷо медонед? – пурсид корманде.
– Вақти бачагиям як рӯз борон борид. Модарам гуфтанд, ки гелос пухтааст. Начиндем. Акнун кафида исроф мешавад. Ман зуд сатилро гирифта, болои дарахт баромадам...
– Ман ҳам як маротиба дар борон гелосчинӣ карда будам, – дар байни сухани Тошқул Азимзода луқма партофтанд Ҷамшеди Асрор.
Корманде шӯхиомез гуфт:
– Муаллим, Азимзода нақли худро ба охир нарасонда, чаро ҳамроҳ мешавед? Оё ҳамин коратон дуруст аст?
– Медонам нодуруст. Аммо ҳозир ҳаминро нагӯям, то охири нақли муаллим аниқ аз хотирам мебарояд, – гуфтанд.
Ҳама қоҳ-қоҳ зада хандидем.

«ТАНЛОВ» 

– Дирӯз ман дар танлов иштирок кардам, - гуфт мухбири ҷамоатии рӯзнома Асалой.
– Дар чӣ иштирок кардед? – пурсиданд Тошқул Азимзода.
– Дар танлов. Дирӯз худатон муҳаррири навбатдор будед. Наход хабари маро нахондед? – бо тааҷҷуб пурсид Асалой. 
– Ман хабарро хондам. Аммо «танлов»-ро нафаҳмидам.
– Танлов, озмун аст, – хандид Асалой.
– Шумо донишҷӯи факултети забон ва адабиёти тоҷик ҳастед. Бояд бо забони адабӣ ҳарф занед. 
– Ман ҳаракат мекунам, лекин барбир калимаҳои иқтибосӣ «қӯши» шуда мемонад-дия.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: