ЛАҲЗАҲОИ АҶИБ ДАР РӮЗГОРИ ОДАМОНИ МАШҲУР

Воқеаҳои аҷиб дар ҳаёти шахсиятҳои маъруф низ рӯй медодаанд.

 Мегӯянд, Алберт Эйнштейн, ки яке аз симоҳои барҷастаи илми дунёвист, киштисавор сафар мекард. 
Гурусна монд, роҳ сӯи таомхона пеш гирифт. Хост ба меню назар афканад ва даст ба киса бурду айнаки чашм наёфт. Гӯр сари фаромӯшхотирӣ! Аз фаррош, ки он ҷо ҷунбуҷул дошт, пурсид, ки дар меню кадом таомҳо сабт шудаанд. Хонда наметавонам, гуфт фаррош, ман ҳам ту барин бесавод.
Олими тавоно одӣ мепӯшид, ба намуди зоҳирӣ эътибор намедод, бинобар ҳамин онҳое, ки намешинохтанд, ба вай нописандона менигаристанд. 
Эйнштейнро ба Амрико хонданд, то дар донишгоҳҳои нуфузнок маърӯза хонад. Донишҷӯён ӯро интизор. Донишмандро ҳар кас ба таври хеш тасаввур мекард. Ана, ворид мешавад вай ба дарсхона бо як карру фарри ба аслзодаҳо хос.
Вале чун шахси бечоранамое ворид мешуд ва мегуфтанд Алберт Эйнштейн, ҳавсалаи донишҷӯён якбора пир мешуд: наход ин пахмоқмӯи аҷинасурат...
Эйнштейн?
Ронандае, ки ӯро гирифта мегашт, ҳамроҳ ба аудитория медаромад, қатори донишҷӯён менишаст, маърӯзаҳояшро мешунид. Бинобар такрор шунидани маърӯзаҳо онҳоро ҳатто азёд кард.
Ронанда рӯзе дид, ки аз хондани маърӯзаҳо Эйнштейн хеле монда шудааст, гуфт: «Аз бисёр шунидан гапҳоятонро азёд кардаам. Агар рухсат диҳед, ба ҷоятон ман ба минбар бароям ва маърӯза хонам».
Дар маскани навбатии маърифат, ки бояд вохӯрӣ бо Эйнштейн баргузор гардад, касе ӯро намешиносад. Либоси ронанда аз вай хубтар...
Ронанда худро «Ман – Эйнштейн» гӯён ба пешвозгирандагон шинос намуд. Аз номи олим ба хондани маърӯза шурӯъ кард. Ба назари Эйнштейн чунин намуд, ронанда маърӯзаҳояшро аз вай беҳтар – бурротар мехонад.
Вале ба саволҳое, ки баъди маърӯза меафтанд, чӣ ҷавоб медиҳад? Коре карда, оқибати кор бахайр шавад...
Аммо ронанда аз саволҳои паиҳам худро гум накард. Ҷавобҳои дуруст ва пухта гардонд. Дили Эйнштейн, ки дар қафо бечораҳолона менишаст, ба ҷояш афтид. 
Вале якбора яке аз донишҷӯёни кунҷков саволе дод хеле душвор. Ронанда чӣ ҷавоб доданро надониста рост истодааст. Дили Эйнштейнро изтироб пахш кард: «Акнун чӣ мешавад?»
Баъди андак саргумӣ ронанда зуд худро ба даст гирифт, аввал ба донишҷӯёне, ки қатор нишастаанд, як назар давонд, сонӣ ба саволдода рӯй овард:
– Чӣ хел донишҷӯи ношуд астӣ? Ҷавоби ин саволи одиро ҳам наход аз ман пурсӣ? Ҷавоби ин саволро ҳатто ронандаи бесаводи ман бемалол гуфтанаш мумкин.
– Наход.., – гуфтанд ҳайратзада ду-се нафар ва ҳама ҷониби Эйнштейн нигаристанд. Эйнштейн оҳи сабук кашид ва ба маънои «қоил!» ҷониби ронандааш нигаристу аз ҷо хест, ба минбар баромад, ба саволи душвор ҷавоб гардонд.
Ба ин монанд воқеаҳо дар ҳаёти мардуми мо, дар рӯзгори шахсиятҳои номдорамон низ ба вуқӯъ омадаанд.
Якчанд сол муқаддам ҳунарпешагони театри мусиқии ба номи Муқимӣ бо  сафари ҳунарӣ ба шаҳри Намангон рафтанд. Спектакли «Тошболтаи ошиқ» бояд гузошта шавад. Иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ Равшан Солеҳов баногоҳ нотоб шуд. Аз ин ҳунарпешагон саросема шуданд. Хусусан, роҳбари бадеии театр, профессор Раззоқ Ҳамроев сахт безобита. Чӣ бояд кард?
Аз чанд актёр хоҳиш карданд, нақши Суннатро бозида, набудани Р. Солеҳовро номаълум созад. Вале касе инро ба ӯҳда намегирифт. Ҳамроев бадтар ба танг омад. Маҷбур шуд ба Турсунбой Пирҷонов, ки ҳанӯз донишҷӯ ва ба сифати хидматгузори саҳна ба гастрол ҳамроҳ шуда буд, рӯй овард:
– Турсун, «Тошболтаи ошиқ»-ро чанд бор тамошо кардаӣ?
– Се-чор бор дидаам, – гуфт хаёломез Турсунбой.
– Бисёр хуб. Набошад нақши Суннатро худат мебозӣ.
– Ман...  нақши Суннатро? – коргари саҳна бесаранҷом гашт. – Чӣ хел?
Соиб Хӯҷаев: «Писарам, натарс, худам ёрдам медиҳам. Ҳарду як шуда, як илоҷ мекунем», гуфт.
– Ҳой, ман шӯхӣ кардам, – даҳон кушод Р. Ҳамроев, – ин бача куҷову роли Суннат куҷо? 
– Аммо ин бача аз бисёр йигитҳои мо баҳунар ва баҷуръаттар, – гуфт Ҳӯҷаев, – Суннатро диҳед, гуфтам-ку, худам ёрӣ медиҳам.
Роҳбари бадеӣ ба ғазаб омад:
– Ба шумо масхарабозӣ бошад, бас. Нақши калонро... чӣ тавр месупорем? 
– Ин бача ҳам артисти калон. Гуфтам-ку, агар гапро гум кунад, кӯмак мекунам. Ягон чиз мебофам. Ӯ зуд аз вазъият мебарояд.
– Касе як сухан ҳамроҳ кунад, «танбеҳ» эълон мекунам.
– Ду сухан ҳамроҳ кунад-чӣ?
Роҳбари бадеӣ хуни дил мехӯрду Хӯҷаев шӯхиро давом медод. Вай ба Пирҷонов, ки сархам менишаст, тасаллиомез рӯй овард: «Мон, бачем, хафа нашав. Роҳбари бадеӣ сахтгир, лекин баъде ролҳоро қоилмақом бозидему ҳама аз ҷо хеста қарсак зад, ба дуи мо «танбеҳ» не, ташаккурнома эълон мекунад. Агар актёр аз худаш илова карда наистад, актёр аст? Роҳбари бадеӣ агар гуфтаашро мекард, то ҳол ман ҳазор бор аз кор ронда мешудам». 
Вақт кам. Иҷрокунандаи яке аз нақшаҳои асосӣ нест. Тамошобинон сар шудани спектаклро интизоранд. 
Раззоқ Ҳамроев ба хидматгузори саҳна ноилоҷ нақши Суннатро супурд. Вале дилаш сахт ноором. Шарманда намекунад? 
Аммо Пирҷонов, ки чанд бор спектаклро дида ва суханону ҳаракатҳои Р. Солеҳовро «азёд» карда буд, аз ӯҳдаи иҷрои нақши Суннат ба хубӣ баромад. 
Соҳибака ба ҳеҷ кас гап намедод: 
– Нагуфта будам, ки ин пянистанусха Суннати таппа-тайёр. Ба даҳони ин алкаш ман туф кардаам! 

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: