ҶАШНИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР

Дар Кумитаи муносибатҳои бийнимиллӣ ва равобит бо кишварҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанг аз ҷониби Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон таҳти мавзӯи “Забон – оинаи миллат” чорабинии маданӣ-фарҳангӣ рӯйи кор омад.

Дар Кумитаи муносибатҳои бийнимиллӣ ва равобит бо кишварҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанг аз ҷониби Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон таҳти мавзӯи “Забон – оинаи миллат” чорабинии маданӣ-фарҳангӣ рӯйи кор омад. Ҷамъомади тантанавӣ ба санае (5 октябр) мувофиқ омад, ки дар ҳаёти мардуми тоҷик яке аз рӯзҳои муҳим аст: Рӯзи забони тоҷикӣ. Дар доираи чорабинӣ рӯнамоии китобҳои тозанашр аз силсилаи “Накҳати сухан” низ ба вуқӯъ пайваст.
Раиси Марказ Гуландом Субҳонова дар навбати аввал иштирокдорони гиромиқадр, аз ҷумла, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раисон ва масъулони як қатор марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва дигаронро хайрамақдам гуфт, ҳозирон ва кулли ҳамзабононро бо Рӯзи забон муборакбод сохт.  
Вай, аз ҷумла, қайд намуд, мо аз он ифтихор дорем, ки забони модариамон яке аз забонҳои қадимтарин ва бойтарини рӯйи дунёст. Бо ин забон бузургмардони олами маънавии мо Рӯдакию Фирдавсӣ, Хайёму Сино, Саъдиву Ҳофиз, Румию Ҷомӣ ва дигарон шеъру ҳамоса, маснавию қасида, ғазалҳои равону ҷовидонаи худ навишта, ба рушди адабиёт ва фарҳанги дунё саҳми муносиб ҳамроҳ кардаанд. 
Бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар Ӯзбекистони мо низ мақому эътибори ба худ хос дорад. Аз қадим тоҷикони ин сарзамин дар баробари ӯзбекон ва дигар халқҳои диёр аҳлона зиндагӣ карда, аввало забон, урфу одат ва фарҳанги худро чун шаъну ори миллӣ нигоҳ медоранд. Бо ифтихор бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон барои рушди забон, адабиёт, урфу одат, маорифу фарҳанги тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо дастгирии ҳукумати Ӯзбекистон, бахусус Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев солҳои охир сафи мактабҳо, гурӯҳу факултаҳои тоҷикӣ дар муассисаҳои таълими олӣ зиёд гашт, рӯзномаву маҷаллаҳои нав бо тоҷикӣ таъсис ёфтанд, китобҳои бадеиву дарсӣ рӯйи чоп мебинанд. Танҳо бо ташаббуси Маркази фарҳангии тоҷикон чоп гардидани китобҳои Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Ҷонибек Қувноқ, Паймон, Абдулло Субҳон ва дигарон исботи ин суханон аст. Боиси хурсандист, ки тоҷикони Ӯзбекистон забони модарии худро дӯст медоранд, онро эҳтиром месозанд. Баробари ҳамин ҷиҳати муҳим боз он, ки ҳукуматамон барои рушди забони тоҷикӣ дари кулли имкониятҳоро кушодааст. Аз ин рӯ, бе ягон дудилагӣ гуфтан мумкин аст, ки забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мустаҳкам ва амиқ реша давондааст. То реша дар об аст умеди самар ҳаст, мегӯяд халқ, гуфт раиси марказ Гуландом Субҳонова дар фуроварди сухан.
Баромади сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода низ қобили таваҷҷуҳ буд. Вай гуфт: қабл аз ҳама бо дуруду эҳтиромоти зиёд ба ҳамаи шумо изҳори сипос менамоям, ки ба қадри забони ноби тоҷикӣ мерасед ва ба хотири дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек ва таҳкими ҳамдиливу бародарӣ чун рамзи эътиқоду эътибор дар баробари дигар ҷашнҳо Рӯзи забони тоҷикиро низ бо меҳр, муҳаббат, самимият ва эҳтироми хоса таҷлил менамоед. Ба муносибати ин Рӯзи фархунда ҳар кадоми шуморо сидқан муборакбод менамоям. Мо шод аз онем баъди ба сари қудрат омадани муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои ҳамаи миллат ва халқиятҳое, ки дар Ӯзбекистон кору зиндагӣ мекунанд шароите фароҳам омад, ки орзуву ормонҳои милливу суннатии худро ба амал бароранд. Дар ин миён тоҷикон ҳам метавонанд аз имкониятҳое, ки фароҳаманд, самаранок истифода кунанд, забон, адабиёт, фарҳанги қадимии хешро дар шароити нави таърихӣ равнақи тоза бахшанд. Роҳбари давлати Ӯзбекистон ба хотири пешрафт дар соҳоти гуногун ва таъмини осудагиву фаровонии халқҳо ислоҳот оғоз кард, ба Конститутсияи кишвар низ дигаргуниву иловаҳо ворид гашт, хусусан эътибор ба ду масъалаи муҳим – фароҳамоварии шароити мусоид ба аҳолӣ ва дар фазои дӯстиву кушодадилӣ бо бародарҳои бурунмарзӣ ҳаёт ба сар бурдани сокинон, ки ҳолия амалӣ мегардад, ба муроди дили ҳамаи мост.
Маърӯзаҳои шоир ва муҳаққиқ Хусрави Саъдулло ва адабиётшиноси маъруф Султонмурод Олимов дар ҷараёни рӯнамоии китобҳои тозанашри навбатӣ аз силсилаи “Накҳати сухан” бо унвонҳои “Марги судхӯр” ва “Фарёди сукут” (Садриддин Айнӣ ва Абдулло Субҳон), айни замон, шавқангез сурат гирифт. Шоир Абдулло Субҳон қайд кард вақтҳои охир Маркази фарҳангии тоҷикон дар гузаронидани чорабиниҳои маънавию адабӣ фаъолтар шудааст. Вай шеърҳое қироат кард, ки ба гиромидошту манзалати забони ноби форсӣ-тоҷикӣ нигаронида шудаанд.  
Лаҳзаҳои шеъриятро баромади ғунчаҳои боғи ирфони дабистонҳои таълими умумии рақамҳои 9, 25 ва 34-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё, рақамҳои 9 ва 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд, як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ таровати дигар бахшид. Дар қисми бадеии чорабинӣ ансамблҳои бухороиву тошкандии марказ “Офтоби Суғдиён” ва “Ситора” ҳунарнамоӣ карданд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: