ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛ МУБОРИЗА МЕБАРАД

Чанде муқаддам дар шаҳри Тошканд ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи стратегии «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс» баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо бархе аз ҳамтоёни худ дидору музокираҳо анҷом дод. Аз ҷумла, вай бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфтугӯ кард.  
– Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои халиҷи Форс аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва бо шарикон ҷиҳати иҷрои Нақшаи амалиёти муштарак фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Омода аст, фазои зарурии сармоягузориро барои иштироки васеътари соҳибкорони кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс дар Тоҷикистон таъмин кунад. Дар робита ба ин, мо аз Форуми нахустини тиҷорӣ миёни кишварҳои халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки дар охири моҳи майи соли ҷорӣ дар Риёз баргузор мешавад, истиқбол мекунем, – гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин. 
Дар пайи суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, гармшавии глобалӣ, тағирёбии иқлим ва антропологии рӯи заминро аз муҳимтарин рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ арзёбӣ намуд. 
– Таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳаргиз кам намешаванд. Терроризм як падидаи беасос аст ва террорист миллат, дин ва ватан надорад. Тоҷикистон аз рӯзи аввали истиқлолият бо паёмадҳои ин падидаи номатлуб рӯбарӯ шуда, бо ин таҳдид пайваста мубориза мебарад, – иброз дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ӯ аз вазъияти кишвари ҳамсоя – Афғонистон ҷиддан ибрози нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ бӯҳрони башарӣ дар ин кишвари ҳамсоя рӯз аз рӯз авҷ мегирад ва қариб соли сеюм аст, ки интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бароварда намешаванд. Барои ҳамин Тоҷикистон чунин мешуморад, ки таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар дохили ин кишвар шарти асосии ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон мебошад. Дар чунин шароит давлатҳои узви Шӯро ва кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки якҷоя кор кунанд, зеро омили амният муҳимтарин шарти татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои муштараки мост, – гуфт С. Муҳриддин.

Мирасрор АҲРОРОВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: