ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ҚАТАРРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 декабр ҳайати Давлати Қатарро зери роҳбарии раиси Шӯрои шафоатии Марказ оид ба таъмини волоияти қонун ва муқовимат бар зидди коррупсияи ин мамлакат Алӣ Муҳсин Ал-Маррӣ қабул кард.

Дар аввали мулоқот раис Алӣ Муҳсин Ал-Маррӣ ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Таниро расонд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибати бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Қатар муттасил рушд мекунад. Ҳаҷми савдо ва сармояи ҳамдигар афзуда, омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак ба амал татбиқ мегардад.
Ҷараёни омодагӣ ба баргузор намудани чорабинии муҳими байналхалқӣ дар Ӯзбекистон – маросими супурдани ҷоизаи ҷаҳонии «Барои дастоварди бузург дар мубориза бар зидди коррупсия», ки бо ташаббуси Амири Қатар таъсис ёфтааст, баррасӣ гардид.
Манфиатдории тарафайн аз минбаъд вусъат ёфтани ҳамкории амалӣ, табодули таҷриба ва ба амал татбиқ намудани барномаҳои муштараки таълимӣ дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия таъид гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: