Лоиҳаҳои сохтмон муҳокима гардиданд

  • Лоиҳаҳои сохтмон муҳокима гардиданд
  • Лоиҳаҳои сохтмон муҳокима гардиданд
  • Лоиҳаҳои сохтмон муҳокима гардиданд
  • Лоиҳаҳои сохтмон муҳокима гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 10 март бо тақдимоти лоиҳаҳои сохтмон шинос гардид.

Бо мурури рушди мамлакатамон ва бинобар талаби давр домани корҳои созандагӣ вусъат пайдо мекунад. Аз он ҷумла, дар шаҳри Тошканд бисёр объектҳои таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ қад рост намудаанд. Роҳбари давлат, ки ба ин масъала эътибори алоҳида медиҳад, вазифа гузошт, ки намуди меъмории пойтахт нигоҳ дошта шуда, сохтмонҳои оянда аз шаҳр берун бароварда шаванд.

Бинобар ин лоиҳаи шаҳри Тошканди Нав таҳия мегардад. Зимни тақдимот ба Президент дар бораи он маълумот пешниҳод гардид.

Бинобар лоиҳа, дар марҳалаи аввал сохтмон дар ҳудуди майдони шаш ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст. Минтақаҳои истиқболноки сохтмон, нақши роҳҳои асосие, ки пойтахтро бо шаҳри нав мепайвандад, бояд маркази нави маъмурӣ ва иқтисодӣ гардад. Он дар қисмати шарқии пойтахт, дар ҳудуди ноҳияҳои Юқоричирчиқ ва Ӯртачирчиқ ҷойгир гардида, барои 800 ҳазор аҳолӣ муқаррар хоҳад гардид.

Дар он вазорат ва идораҳо, муассисаҳои таълими олӣ, ташкилотҳои тиб-бӣ, театр, китобхона, меҳмонхона, иморатҳои иқо-матӣ ва боғҳо ҷойгир хоҳанд гардид.

Пешбинӣ мегардад, ки ҳудуди минтақаҳои сабз 363 гектарро ташкил менамояд.

Тавре ки маълум аст, тармими маҷмӯи Имом Бухорӣ дар вилояти Самарқанд идома дорад. Ҳоло ҳозир сохтмони иншоот анҷом ёфта, корҳои ҷузъӣ бурда мешавад. Маҷмӯа бо нақшҳои миллӣ, унсурҳои наққошӣ ва хаттотӣ оро хоҳад ёфт. Дар деворҳо матнҳои Қуръон ва ҳадис сабт меёбанд.

Бинобар ташаббуси Президент ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҷмӯа музейи Имом Бухорӣ ташкил карда шавад. Ҳангоми тақдимот лоиҳаи консептуалии  ин музей пешниҳод карда шуд.

Музей дар худ ороиши замонавӣ ва арзишҳои ғании мадании халқамонро таҷассум менамояд. Экспозитсия ба 8 ғурфа тақсим гардида, онҳо ба чунин мавзӯъҳо мисли таърихи ҳаёти пайғомбар Муҳаммад ва пайғомбарӣ, зуҳур ва рушди илми ҳадис, ҳаёт ва фаъолияти илмии Имом Бухорӣ, ҳикматҳои Имом Бухорӣ, қисми бачагона, «Ал-Ҷомеъ ас-Саҳеҳ» чун манбаи дуюм дар ислом, аҳамияти имрӯзаи мероси Имом Бухорӣ, ислоҳоти диниву маърифатӣ ва эътибор ба мероси Имом Бухорӣ дар Ӯзбекистони Нав бахшида мешаванд.

Роҳбари давлат алоҳида  таъкид кард, ки ҳар як ашё ва маълумоти маҷозӣ дар музей ба маърифати боздидкунандагон бояд хидмат намояд.

Дар қатори беҳсозии муҳити тиҷоратӣ дар мамлакатамон алоқаҳои савдои беруна вусъат пайдо мекунад. Бинобар ин рушди инфрасохтори гумрук ногузир мебошад. Аз он ҷумла, посгоҳи гумруки «Хишткуприк» дар сарҳади Ӯзбекистону Қазоқистон, ки аз тариқи он ҳар рӯз бисёр одамон равуо мекунанд, ба такмил эҳтиёҷ доранд. Барои посгоҳи гумрук сохтани маҷмӯи замонавӣ бо терминали нав, роҳҳои гузаргоҳ, мошингузорӣ, ошхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, объектҳои савдо ва хидмати маишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президент супориш дод, ки дар маҷмӯа тамоми қулаиҳо барои ронандагон ва мусофирон ба вуҷуд оварда шуда, ҷараёнҳои назорати гумрук ва гузарондани бор рақамӣ гардонда шавад.

Дар тақдимот инчунин маълумот дар бораи лоиҳаҳои биноҳои нави сафоратҳои мамлакатамон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳод гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: