Вазорати меҳнати ИМА: ӮЗБЕКИСТОН ДАР БАРҲАМ ДОДАНИ МЕҲНАТИ МАҶБУРӢ ПЕШРАФТҲОИ БЕСОБИҚА БА ДАСТ ОВАРД

Дар Вашингтон раиси Комиссияи миллии мубориза бо савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ Танзила Норбоева ва вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Нозим Ҳусанов бо муовини вазири меҳнати ИМА Тэа Ли мулоқот анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот ҷониби Амрико дар бораи тағйиротҳои охирини қонунгузории Ӯзбекистон ва пурзӯр гардондани чораҳои истифодаи ҳуқуқ, ки ба пешгирӣ ва пурра решакан намудани меҳнати маҷбурӣ нигаронда шудааст, муфассал хабардор карда шуд. Самарабахш ҷорӣ карда шудани механизмҳои мониторинги меҳнати маҷбурӣ ҳангоми маъракаи пахта бо ҷалби институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ алоҳида қайд карда шуда, татбиқи барномаҳо оид ба таъмини шароити муносиби меҳнат, инчунин татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Созмони байналмилалии меҳнат тавзеҳ дода шуданд.
Т. Ли қайд кард, ки дар солҳои охир Ӯзбекистон дар соҳаи барҳам додани меҳнати маҷбурӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, нақшаҳои ҷумҳуриро оид ба идомаи татбиқи барномаи меҳнати шоиста ва механизмҳои ба истилоҳ сеҷонибаи ҳамкорӣ бо СБМ истиқбол кард. Ҷониби Амрико ҳамчунин ба густариши ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди мониторинг, инчунин ҷорӣ намудани таҷрибаи санҷиши ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати мутобиқат ба конвенсияҳои СБМ баҳои баланд дод. 
Ба ғайр аз ин, ҷонибҳо чораҳоро оид ба дастгирии иттифоқҳои касабаи мустақил барои таҳкими боварӣ аз ҷониби брендҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии кишварҳо ҳангоми хоста гирифтани таъминкунандагони масъул баррасӣ карданд.
Дар рафти мулоқот рафти татбиқи лоиҳаи Департаменти меҳнати ИМА «Баланд бардоштани шаффофият ва масъулият дар саноати пахтаи Ӯзбекистон» ба маблағи умумии 2 миллион доллар баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур аҳамияти хосса дорад. Зеро он имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои дастҷамъии коргарон (ташкилотҳои иттифоқҳои касаба) мустаҳкам карда шуда, риояи муносибатҳои соҳибкорӣ ва меҳнатӣ дар корхонаҳои пахтакори маҳаллӣ тибқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат ва идоракунии хуби кооперативӣ таъмин карда шаванд.
Бинобари ҷамъбасти мулоқот оид ба таҳкими минбаъдаи алоқаҳои доимӣ бобати татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи такмил додани низоми муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми риояи ҳуқуқи инсон, таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити муносиби меҳнат мувофиқа ҳосил шуд.

Хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: