«ИМОНДУЗД НЕСТАМ»

Рӯзе дузде дар маҷлиси пурталотум халтаи тангаҳои марди ғофилеро дуздид.

Рӯзе дузде дар маҷлиси пурталотум халтаи тангаҳои марди ғофилеро дуздид. Вақте ки ба хона расид, халтаро боз кард ва дид, ки дар болои тангаҳо коғазе ҳаст. Коғазро кушод  ва бар он навишта шуда буд:
Худоё, бо баракати ин дуо тангаҳои маро ҳифз намо!
Дузд андаке андеша кард. Сипас халтаи тангаҳои дуздидаро ба соҳибаш баргардонд.
Ҳамроҳони дузд ӯро маломат ва сарзаниш карданд, ки чаро ин ҳама пулро аз даст дод.
Дузд гуфт:
Соҳиби он пулҳо бовар дошт, ки он дуо сарвати ӯро нигаҳбон аст ва аз тариқи он дуо бар Худо эътиқод намудааст. Ман дузди бойигарии ӯ будам, на дузди имони ӯ. Агар халтаи ӯро пас намедодам, бовараш ба Худо ва дуо мекост. Он гоҳ ман дузди имони ӯ ҳам будам ва ин амал дур аз инсоф аст.

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: